Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 44

Оё ҳама ҷашну маросим ба Худо писанд аст?

Оё ҳама ҷашну маросим ба Худо писанд аст?

Яҳува мехоҳад, ки мо аз ҳаёт лаззат барем ва баъзе маросимҳоро ҷашн гирифта, хурсандӣ кунем. Лекин оё ҳамаи ҷашну маросимҳо ба Худо писанданд? Чӣ тавр мо дар ин масъала нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем?

1. Чаро бисёр иду маросимҳо ба Яҳува маъқул нестанд?

Шояд, шумо аз фаҳмидани он ки бисёр ҷашну маросимҳо бар Китоби Муқаддас асос намеёбанд, ҳайрон шавед. Бояд гуфт, ки онҳо аз таълимоти дурӯғ, бутпарастӣ, сеҳру ҷоду ва боварӣ ба рӯҳу арвоҳ реша мегиранд. Инчунин онҳо бо хурофотпарастиву ириму ҷирим ё боварӣ ба тақдиру толеъ алоқаманданд (Ишаъё 65:11). Яҳува хизматгоронашро огоҳ мекунад: «Аз онҳо ҷудо шавед... ва ба чизи нопок дигар нарасед» (2 Қӯринтиён 6:17) a.

2. Яҳува ба ҷашнҳое, ки одамонро болобардор мекунанд, чӣ гуна назар мекунад?

Яҳува намехоҳад, ки мо «ба одамизод умед» бандем. (Ирмиё 17:5-ро хонед.) Чи хеле маълум аст, баъзе иду ҷашнвораҳо ба ҳокимону афсарон бахшида шудаанд. Инчунин одамон рӯзи рамзҳои давлатӣ ва истиқлолиятро ҷашн мегиранд (1 Юҳанно 5:21). Баъзе идҳо бошанд, ба ягон ташкилоти сиёсӣ ё иҷтимоӣ бахшида шудаанд. Агар мо одамон ё ташкилотеро, махсусан, ҳамонеро, ки ақидаҳояш зидди нияти Худост, болобардор кунем, Худо чӣ ҳис мекунад?

3. Аз пушти кадом корҳо баъзе идҳо дар назари Яҳува норавоянд?

Мувофиқи Китоби Муқаддас «бадмастӣ, айшу нӯш, майзадагӣ» ба Яҳува маъқул нест (1 Петрус 4:3). Дар баъзе идҳо бошанд, одамон маҳз ба ин корҳо даст зада, бадахлоқӣ мекунанд. Лекин дӯстони Яҳува бояд аз чунин корҳои нопок дурӣ ҷӯянд.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр ҳангоми иду ҷашнвораҳо бо қарорҳои хирадмандонаи худ дили Яҳуваро шод гардонда метавонед.

4. Ҷашнҳоеро, ки ба Яҳува писанд нестанд, рад кунед

Эфсӯсиён 5:10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Пеш аз қайд кардани ҷашну маросим аз чӣ бояд дилпур бошем?

  • Дар минтақаи шумо одатан кадом идҳоро ҷашн мегиранд?

  • Ба фикратон, ин идҳо ба Яҳува писанданд?

Оё шумо ягон бор фикр кардед, ки Яҳува ба ҷашн гирифтани зодрӯз чӣ назар дорад? Дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки ягон хизматгори Худо рӯзи таваллудашро ҷашн гирифта бошад. Дар он танҳо дар бораи ду зодрӯз гуфта шудааст, ки онро шахсоне қайд карда буданд, ки хизматгори Худо набуданд. 1 Мӯсо 40:20–22 ва Матто 14:6–10-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Ин ду ҷашни зодрӯз бо чӣ анҷомид?

  • Агар ин воқеаҳоро ба назар гирем, ба фикри шумо, Яҳува ба ҷашн гирифтани рӯзи таваллуд чӣ гуна назар мекунад?

Шояд, шумо фикр кунед: «Оё барои Яҳува дар ҳақиқат муҳим аст, ки ман дар зодрӯз ё дигар ҷашнҳои нораво иштирок мекунам ё не?» 2 Мӯсо 32:1–8-ро хонед, сипас ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро бояд бовар ҳосил кунем, ки чӣ ба Яҳува маъқул аст?

  • Чӣ тавр фикри Яҳуваро дар бораи ягон ҷашн фаҳмида метавонем?

Чӣ тавр фаҳмем, ки ин ё он ид ба Яҳува писанд аст ё не?

  • Оё ин ид ба таълимоти Китоби Муқаддас зид аст? Ҷустуҷӯ карда, решаашро фаҳмед.

  • Оё дар ин ид одамон, ташкилотҳо ва рамзҳои миллиро васфу ситоиш мекунанд? Танҳо Яҳува сазовори васфу ситоиши мост ва танҳо ӯ одамизодро аз тамоми мушкилиҳо халос карда метавонад.

  • Оё дар ин ҷашну маросим корҳое карда мешаванд, ки дар назари Яҳува норавоянд? Мо бояд ҳама вақт ахлоқан пок бошем.

5. Эътиқоди худро эҳтиромона ба дигарон фаҳмонед

Вақте дигарон моро маҷбур карданӣ мешаванд, ки дар ҷашну маъракаҳои нораво иштирок кунем, ин бароямон душвор буда метавонад. Ба онҳо қарори худро бо пурсабриву эҳтиром фаҳмонед. ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки инро чӣ тавр карда метавонед.

Матто 7:12-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Мувофиқи ин оят оё мо бояд ба хешу таборамон гӯем, ки ин ё он ҷашнро қайд накунанд?

  • Мо бо хешу табор идҳоро ҷашн нагирем ҳам, чӣ тавр нишон диҳем, ки онҳоро дӯст медорем ва қадр мекунем?

6. Яҳува мехоҳад, ки мо шоду хурсанд бошем

Яҳува мехоҳад, ки мо бо наздикон ва ёру дӯстонамон хушиву хурсандӣ кунем. Пандгӯ 8:15-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.

  • Чӣ тавр ин оят нишон медиҳад, ки Яҳува хушбахтии моро мехоҳад?

Яҳува мехоҳад, ки вақти халқаш хуш бошад ва онҳо аз муоширати якдигар рӯҳбаланд шаванд. Инро дар анҷуманҳои байналхалқии парастандагонаш баръало дидан мумкин аст. Дар ин бора ВИДЕОРО тамошо кунед.

Ғалотиён 6:10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Оё барои некӣ кардан зарур аст, ки қатори ҳама идҳоро ҷашн гирем?

  • Кадом вақт шумо бештар хурсандӣ мегиред: вақте маҷбуред, ки дар рӯзи ид туҳфа диҳед ё вақте ин корро бо амри дил ва дар рӯзи дилхоҳатон мекунед?

  • Бисёр Шоҳидони Яҳува вақт аз вақт барои кӯдаконашон ҷашне барпо мекунанд ва ба онҳо туҳфа медиҳанд. Агар шумо соҳиби фарзанд бошед, чӣ тавр дили онҳоро шод карда метавонед?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Фарқ надорад, ки идҳо аз куҷо пайдо шудаанд. Мо асосан барои бо наздикон ҷамъ омадану хушнудӣ кардан идҳоро ҷашн мегирем».

  • Шумо ба ин чӣ мегуфтед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Яҳува мехоҳад, ки мо бо аҳли оила ва ёру дӯстонамон хушнудӣ кунем, лекин ҳамзамон ӯ мехоҳад, ки мо аз иду маъракаҳое, ки ба ӯ писанд нестанд, дурӣ ҷӯем.

Такрор

  • Барои фаҳмидани он ки ин ё он ид ба Яҳува писанд аст ё не, дар бораи кадом саволҳо мулоҳиза карда метавонем?

  • Чӣ тавр шумо ба аҳли оила ва ёру дӯстонатон назари худро ба ин ё он ид фаҳмонда метавонед?

  • Аз куҷо шумо медонед, ки Яҳува мехоҳад, ки хурсандиву дилхушӣ кунед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки хизматгорони Худо кадом идҳоро ҷашн намегиранд.

«Чаро Шоҳидони Яҳува баъзе идҳоро ҷашн намегиранд?» (Мақола аз сомона)

Фаҳмед, ки чаро мо бовар дорем, ки ҷашни зодрӯз ба Яҳува писанд нест.

«Чаро Шоҳидони Яҳува зодрӯзро ҷашн намегиранд?» (Мақола аз сомона)

Бинед, ки чӣ тавр кӯдакони худодӯст ҳангоми идҳои мактабӣ Яҳуваро бо рафторашон хурсанд карда метавонанд.

«Ту барои Яҳува азизӣ» (11:35)

Дар саросари дунё миллионҳо Шоҳидони Яҳува Соли Навро ҷашн намегиранд. Онҳо дар ин бора чӣ мегӯянд?

«Онҳо чизи беҳтареро ёфтанд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 декабри с. 2012)

a Аз Замимаи 5 фаҳмед, ки дар иду айём чӣ тавр рафтор карда метавонед.