ДАРСИ 43
Китоби Муқаддас дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ чӣ мегӯяд?
Одамон ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ муносибати гуногун доранд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар тӯю маъракаҳо ва дар иҳотаи дӯстон арақу шароб нӯшидан мумкин аст. Баъзеи дигар ин гуна машруботро ба даҳон намебаранд. Ҳамчунин касоне ҳастанд, ки ба бадмастӣ даст мезананд. Лекин назари Китоби Муқаддас ба нӯшокиҳои спиртӣ чӣ гуна аст?
1. Оё истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ нораво аст?
Китоби Муқаддас истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро манъ намекунад. Дар он гуфта шудааст, ки «шароб, ки касро дилхуш месозад», яке аз атоҳои Худованд аст (Забур 104:14, 15). Дар замонҳои қадим баъзе хизматгорони вафодори Худо шароб менӯшиданд (1 Тимотиюс 5:23).
2. Китоби Муқаддас дар мавриди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз чӣ огоҳ мекунад?
Яҳува нӯшонӯшӣ ва бадмастиро маҳкум мекунад (Ғалотиён 5:21). Дар Каломи ӯ гуфта шудааст, ки «дар миёни бадмастон» набошем (Панднома 23:20). Аз ин рӯ, хоҳ дар байни дигарон машруботи спиртӣ нӯшем, хоҳ дар танҳоӣ, бояд эҳтиёт шавем, ки аз ҳад нагузарем ва маст нашавем. Кор набояд ба ҷое расад, ки мо ақлу ҳуш ва гуфтору рафтори худро идора карда натавонем ё ҳатто ба саломатиамон зарар расонем. Агар мо худдорӣ карда натавонем, беҳтараш тамоман нанӯшем.
3. Чӣ тавр қарори дигаронро ҳурмат карда метавонем?
Ҳар кас худаш қарор мекунад, ки нӯшад ё не. Агар мо бинем, ки касе каме менӯшад, набояд ӯро танқид кунем. Аз дигар тараф, вақте касе нӯшидан намехоҳад, мо бояд ӯро маҷбур накунем (Румиён 14:10). Ҳамзамон, вақте мебинем, ки нӯшидани мо барои касе санги монеа мешавад, нанӯшиданро авло медонем. (Румиён 14:21-ро хонед.) Ҳамин тавр мо «фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё» мешавем. (1 Қӯринтиён 10:23, 24-ро хонед.)
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки бо ёрии кадом оятҳои Китоби Муқаддас қарор карда метавонед, ки машруботи спиртӣ нӯшед ё не ва, агар нӯшед, бояд донед, ки чӣ қадар менӯшед. Ҳамчунин дида бароед, ки чӣ тавр бо одати суиистифода аз нӯшокиҳои мастиовар мубориза бурдан мумкин аст.
4. Қарори оқилона бароред
Муносибати Исо ба нӯшидани шароб чӣ гуна буд? Барои фаҳмидани ин муъҷизаи аввалини ӯро дида бароед. Юҳанно 2:1–11-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
-
Аз ин порча мо дар бораи назари Исо ба арақу шароб ва муносибати ӯ ба касоне, ки онро истеъмол мекарданд, чӣ мефаҳмем?
-
Азбаски Исо нӯшиданро танқид накард, пайравони ӯ ба касоне, ки менӯшанд, бояд чӣ гуна назар дошта бошанд?
Ҳарчанд ба масеҳиён нӯшидани машруботи спиртӣ мумкин аст, на ҳама вақт нӯшидан аз рӯйи хирад аст. Панднома 22:3-ро хонед ва пеш аз нӯшидан фикр кунед, ки оё...
-
шумо мошин меронед ё бо ягон асбоби техникӣ кор мекунед;
-
шумо ҳомиладоред;
-
духтур ба шумо тавсия додааст, ки нанӯшед;
-
дар вақти нӯшидан худдорӣ карда метавонед;
-
қонуни давлат ба шумо иҷозат медиҳад, ки нӯшед;
-
ҳамроҳи шумо касе ҳаст, ки дар гузашта аз ҳад зиёд менӯшиду ҳоло қарор кардааст, ки нӯшокии спиртиро тамоман ба даҳон намебарад.
Оё дар тӯю маъракаҳо дар сари дастархон арақу шароб гузоштан шарт аст? Барои инро фаҳмидан ВИДЕОРО тамошо кунед.
Румиён 13:13 ва 1 Қӯринтиён 10:31, 32-ро хонед. Баъд аз хондани ҳар як оят саволи зеринро дида бароед:
-
Чӣ тавр ин гуфтаҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки қароре қабул кунем, ки дили Яҳуваро шод мегардонад?
5. Меъёри худро донед
Агар шумо қарор кунед, ки менӯшед, дар хотир доред, ки, ҳарчанд Яҳува нӯшидани машруботи спиртиро манъ накардааст, мастигариро маҳкум мекунад. Чаро? Ҳушаъ 4:11, 18-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
-
Истеъмоли зиёди машруботи спиртӣ ба чӣ оварда метавонад?
Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки аз ҳад зиёд нанӯшем? Барои ин мо бояд ҳадшинос бошем. Панднома 11:2-ро хонед ва ба савол ҷавоб диҳед.
-
Чаро хуб мебуд, ки пешакӣ муайян кунем, ки чӣ қадар менӯшем?
6. Аз бадмастӣ даст кашед
Фаҳмед, ки ба як мард чӣ ёрдам дод, ки арақхӯриро партояд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳоро дида бароед.
-
Арақхӯрӣ ба Дмитрий чӣ тавр таъсир мекард?
-
Оё ӯ дарҳол ин одаташро партофт?
-
Чӣ тавр ӯ ниҳоят аз доми бадмастӣ халос шуд?
1 Қӯринтиён 6:10, 11-ро хонда, ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
-
Бадмастӣ ба чӣ оварда мерасонад?
-
Чӣ нишон медиҳад, ки арақхӯриро партофта мешавад?
Матто 5:30-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
-
Бо ин мисол Исо нишон дод, ки барои Яҳуваро хурсанд кардан мо бояд аз баҳри чизе гузарем. Касе, ки арақхӯриро партофтанӣ аст, чӣ кор карда метавонад? a
1 Қӯринтиён 15:33-ро хонда, ба савол ҷавоб диҳед:
-
Чӣ тавр ёру рафиқони шумо ба чӣ қадар нӯшиданатон таъсир карда метавонанд?
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Оё арақу шароб нӯшидан равост?»
-
Шумо ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува нӯшидани машруботи спиртиро барои дилхушӣ иҷозат додааст, лекин ӯ бебаркаш нӯшидан ва бадмастиро манъ мекунад.
Такрор
-
Китоби Муқаддас дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ чӣ мегӯяд?
-
Аз ҳад зиёд нӯшидан чӣ хатар дорад?
-
Чӣ тавр мо дар мавриди истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртӣ қарори дигаронро эҳтиром карда метавонем?
ДИДА БАРОЕД
Чӣ ба ҷавонон ёрӣ медиҳад, ки дар мавриди нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ бомулоҳиза бошанд?
Фаҳмед, ки чӣ ба кас ёрӣ медиҳад, ки арақхӯриро партояд.
Оё пайравони Масеҳ қадаҳ мебардоранд?
Мақолаи «Ман бебаркаш менӯшидам»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр марди арақхӯре ин одаташро партофт.
«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 майи с. 2012)
a Барои аз чанголи бадмастӣ халос шудан баъзан ба кас кумаки мутахассис лозим аст. Баъзе духтурон тавсия медиҳанд, ки чунин касон тамоман арақ нахӯранд.