Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 10

Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ба шумо чӣ манфиат меоранд?

Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ба шумо чӣ манфиат меоранд?

Оё шуморо ба вохӯрии Шоҳидони Яҳува даъват карданд? Агар бори аввал мерафта бошед, шояд, бароятон андаке душвор бошад. Эҳтимол, ба саратон сад фикру хаёл ояд: «Ин вохӯриҳо чӣ хел мегузаранд? Оё он ҷо рафтан шарт аст?» Аз ин дарс шумо мефаҳмед, ки ин вохӯриҳо чӣ фоида доранд ва чӣ тавр шуморо ба Яҳува наздик мекунанд.

1. Чаро Шоҳидони Яҳува ҷамъ мешаванд?

Аҳамият диҳед, ки як нависандаи Китоби Муқаддас дар бораи муҳим будани вохӯриҳо чӣ мегӯяд: «Дар ҷамоати бузург Яҳуваро ситоиш хоҳам намуд» (Забур 26:12). Ба Шоҳидони Яҳува барои парастиши ӯ бо ҳам ҷамъ омадан маъқул аст. Дар саросари ҷаҳон онҳо ҳар ҳафта вохӯрда, Яҳуваро ситоиш мекунанд, ба ӯ дуо мегӯянд ва дар васфаш суруд мехонанд. Илова бар ин, онҳо дар давоми сол якчанд маротиба вохӯриҳои калон — анҷуманҳо, мегузаронанд.

2. Шумо дар ин вохӯриҳо дар бораи чӣ мефаҳмед?

Дар вохӯриҳоямон мо Каломи Худоро хубтар мефаҳмем ва дар асоси он таълим мегирем. (Наҳемё 8:8-ро хонед.) Ба ин вохӯриҳо рафта, шумо дар бораи Яҳува ва хислатҳои беҳамтояш мефаҳмед. Вақте дарк мекунед, ки то чӣ андоза Худо шуморо дӯст медорад, ба ӯ наздиктар мешавед. Инчунин мефаҳмед, ки чӣ тавр бо кумаки Яҳува ҳаёти пурмаъно дошта метавонед (Ишаъё 48:17, 18).

3. Чӣ тавр дар вохӯриҳоямон аз суҳбат фоида гирифта метавонед?

Яҳува моро таълим медиҳад, ки «якдигарро сӯйи муҳаббату некукорӣ раҳнамоӣ кунем» ва «аз ҷамъомадҳоямон намонем» (Ибриён 10:24, 25). Шумо дар вохӯриҳои мо бо шахсоне шинос мешавед, ки нисбати якдигар ғамхоранд ва мисли шумо мехоҳанд дар бораи Худо бештар дониш гиранд. Аз даҳони онҳо фикрҳои қувватбахши Каломро шунида, шумо низ қуввату тароват меёбед. (Румиён 1:11, 12-ро хонед.) Инчунин ҳам бо оиладорону ҳам муҷаррадон ҳамсуҳбат шуда мефаҳмед, ки чӣ тавр новобаста ба мушкилиҳои зиндагӣ хушбахт будан мумкин аст. Дар ин ҷо танҳо баъзе сабабҳо номбар шудаанд, ки чаро Яҳува мехоҳад мо ҳар дафъа ба вохӯриҳо оем.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд ва чаро ба ин вохӯриҳо рафтан манфиатовар аст.

4. Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува

Дар асри як хизматгорони Худо барои парастиши ӯ пайваста вомехӯрданд (Румиён 16:3–5). Қӯлассиён 3:16-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр хизматгорони Яҳува дар асри як ӯро парастиш мекарданд?

Имрӯз низ Шоҳидони Яҳува дар ибодатгоҳҳои худ мунтазам вомехӯранд. Барои фаҳмидани он ки ин вохӯриҳо чӣ тавр мегузаранд, ВИДЕОРО тамошо кунед. Сипас расмеро, ки дар он вохӯрии ҷамоат тасвир ёфтааст, аз назар гузаронед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Оё вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува бо гуфтаҳои Қӯлассиён 3:16 монандӣ доранд? Фаҳмонед.

  • Аз видеонавор ва расм ба шумо чӣ маъқул шуд?

2 Қӯринтиён 9:7-ро хонед, сипас якҷоя саволи зеринро дида бароед:

  • Чаро Шоҳидони Яҳува дар вохӯриҳояшон аз ҳозирон пул ҷамъ намекунанд?

Ҳамроҳи омӯзгоратон дида бароед, ки ин ҳафта дар вохӯрӣ кадом мавзуъ муҳокима мешавад.

  • Ба фикратон, кадом қисми вохӯрӣ ба шумо бештар шавқовар ё фоидаовар мешавад?

Оё шумо медонистед?

Аз сомонаи jw.org шумо фаҳмида метавонед, ки вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува дар саросари ҷаҳон кай ва дар куҷо мегузаранд.

  1. А. Дар вохӯриҳои мо суханронӣ, баромаду намоишҳо ва видеоҳо пешкаш мегарданд. Вохӯриҳо бо суруду дуо оғоз ва анҷом меёбанд

  2. Б. Дар баъзе қисмҳои вохӯрӣ ҳозирон метавонанд дар саволу ҷавоб иштирок кунанд

  3. В. Ба вохӯриҳо ҳама омада метавонанд, аз ҷумла оилаҳо, муҷаррадон, пиронсолон ва кӯдакон

  4. Г. Даромад ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува бепул аст. Дар вохӯрӣ аз ҳозирон пул ҷамъ карда намешавад

5. Барои ба вохӯриҳо рафтан кӯшишу ғайрат лозим аст

Барои мисол оилаи ҳазрати Исоро мегирем. Онҳо ҳар сол давоми се рӯз минтақаҳои кӯҳсорро тай карда, аз шаҳри Носира ба Ерусалим мерафтанд, то ин ки дар ибодатгоҳ идро ҷашн гиранд. Луқо 2:39–42-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Ба фикратон, ин сафари онҳо осон буд?

  • Чаро барои ба вохӯриҳо рафтан кӯшишу ғайрат лозим аст?

  • Ба фикратон, ба вохӯриҳо рафтан арзанда аст? Фаҳмонед.

Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки барои ибодати Худо ҷамъ омадан хеле муҳим аст. Ибриён 10:24, 25-ро хонед, сипас якҷоя саволи зеринро дида бароед:

  • Чаро мо бояд мунтазам дар вохӯриҳо иштирок кунем?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Китоби Муқаддасро дар хона хондан кифоя аст, шарт нест, ки ба вохӯриҳо равем».

  • Кадом оят ё воқеаи Китоби Муқаддас назари Яҳуваро ба ин нишон медиҳад?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Дар вохӯриҳо шумо дар бораи Яҳува бештар дониш мегиред, дӯстиатон бо ӯ мустаҳкамтар мешавад ва метавонед ҳамроҳи дигарон ӯро ибодат кунед.

Такрор

  • Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо ҷамъ шавем?

  • Шумо дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ меомӯзед?

  • Вохӯриҳо ба шумо боз чӣ манфиат меоранд?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Оё ба вохӯриҳо рафтан бароятон тарсовар аст? Бинед чӣ тавр ба марде, ки чунин ҳиссиёт дошт, вохӯриҳо маъқул шуданд.

«Мо ин пешвозгириро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем» (4:16)

Бинед, ки чӣ тавр ба як ҷавон вохӯриҳо маъқул шуданд ва ӯ барои мунтазам дар вохӯриҳо иштирок кардан чӣ кор кард.

«Ба ман вохӯриҳо хеле маъқул шуданд» (4:33)

Фаҳмед, ки дигарон дар бораи вохӯриҳо чӣ мегӯянд.

«Чаро ба ҷамъомад рафтан муҳим аст?» (Мақола аз сомона)

Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр вохӯрии Шоҳидони Яҳува ҳаёти як марди ҷинояткорро тағйир дод.

«Ман доимо бо худ яроқ гирифта мегаштам» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 2014)