ДАРСИ 1
Китоби Муқаддас ҳаёти шуморо беҳтар гардонда метавонад
Қариб ҳама одамон фаҳмидан мехоҳанд, ки чаро Худо инсонро офаридааст, чаро мо азоб мекашем, мемирем ва дар оянда чӣ мешавад. Мо инчунин фикр мекунем, ки чӣ тавр худро таъмин кунем ё чӣ гуна дар оила хушбахтиро ба даст орем. Бисёриҳо фаҳмиданд, ки Китоби Муқаддас ба ин гуна саволҳои муҳим ҷавоб медиҳад ва маслиҳатҳои он ба ҳаёти ҳаррӯзаамон фоида меоранд. Оё шумо касеро мешиносед, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба вай фоида биёранд?
1. Китоби Муқаддас ба кадом саволҳо ҷавоб медиҳад?
Китоби Муқаддас ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳад: «Одамизод чӣ хел пайдо шудааст? Мақсади ҳаёт чист? Чаро одамон азоб мекашанд? Баъди марг чӣ рӯй медиҳад? Агар ҳама сулҳу оромӣ хоҳанд, пас, чаро дар ҷаҳон ҷанг ин қадар бисёр аст? Дар оянда бо замин чӣ мешавад?» Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки ба ин гуна саволҳо ҷавоб ёбем. Миллионҳо одамон аллакай аз Китоби Муқаддас ҷавобҳои қаноатбахш ёфтанд.
2. Чӣ хел Китоби Муқаддас кумак мекунад, ки аз ҳаёт хурсандӣ гирем?
Китоби Муқаддас ба мо маслиҳатҳои хуб медиҳад. Масалан, аз он мо мефаҳмем, ки чӣ тавр оилаи худро хушбахт гардонем, чӣ хел ба фишори зиндагӣ тоб орем ва аз корамон хурсандӣ гирем. Аз дарсҳои ин китоб шумо мефаҳмед, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи ин ва дигар мавзуъҳо чӣ гуфта шудааст. Умедворем шумо боварӣ пайдо мекунед, ки «тамоми Навиштаҳо... фоиданоканд» (2 Тимотиюс 3:16).
Ин китоб Навиштаҳои Муқаддасро иваз намекунад. Он кумак мекунад, ки бо Каломи Худо беҳтар шинос шавед. Барои ҳамин оятҳоеро, ки дар дарсҳо оварда шудаанд, хонед ва бо чизи фаҳмидаатон муқоиса кунед.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба одамон кумак кард, чӣ гуна хониши онро шавқовар кардан мумкин аст ва чаро барои онро нағзтар фаҳмидан кумаки дигарон лозим аст.
3. Китоби Муқаддас роҳнамои хуб аст
Китоби Муқаддас монанди рӯшноӣ мебошад. Он ба мо кумак мекунад, ки дар ҳаёт қарорҳои дуруст барорем ва дар бораи оянда фаҳмем.
Забур 119:105-ро хонед ва саволҳои зеринро дида бароед:
-
Забурнавис дар бораи Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?
-
Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ ақида доред?
4. Китоби Муқаддас ба саволҳои мо ҷавоб медиҳад
Як зан ба саволҳое, ки солҳои сол ӯро ба ташвиш меоварданд, аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёфт. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:
-
Ин зан ба кадом саволҳо ҷавоб ёфтан мехост?
-
Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас ба ӯ кумак кард?
Мувофиқи Китоби Муқаддас мо набояд аз савол додан худдорӣ кунем. Матто 7:7-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
-
Шумо аз Китоби Муқаддас ба кадом савол ҷавоб ёфтан мехоҳед?
5. Хониши Китоби Муқаддас шавқовар буда метавонад
Ба бисёр одамон хондани Китоби Муқаддас маъқул аст ва онҳо аз ин манфиат мегиранд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
-
Ҷавонон дар бораи китобхонӣ чӣ мегӯянд?
-
Чаро ҳоло ба онҳо хондани Китоби Муқаддас маъқул аст?
Китоби Муқаддас ба мо умед ва оромӣ мебахшад. Румиён 15:4-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
-
Оё шумо дар бораи умеду тасаллие, ки дар ин оят зикр шудааст, бисёртар фаҳмидан мехоҳед?
6. Барои фаҳмидани Каломи Худо дигарон ба мо ёрӣ дода метавонанд
Бисёр одамон фаҳмиданд, ки ғайр аз мустақилона хондани Китоби Муқаддас онро бо касе дида баромадан низ манфиатовар аст. Корнома 8:26–31-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
-
Чӣ тавр Китоби Муқаддасро фаҳмида метавонем? (Нигаред ба оятҳои 30 ва 31.)
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Омӯзиши Китоби Муқаддас ягон фоида надорад».
-
Шумо чӣ фикр мекунед ва чаро?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Китоби Муқаддас барои ҳаёти ҳаррӯза маслиҳатҳои хуб медиҳад, ба одамон умеду тасаллӣ мебахшад ва ба саволҳои муҳим ҷавоб медиҳад.
Такрор
-
Мо аз Китоби Муқаддас кадом маслиҳатҳоро ёфта метавонем?
-
Аз Китоби Муқаддас ба кадом саволҳо ҷавоб ёфтан мумкин аст?
-
Шумо аз Китоби Муқаддас чиро фаҳмидан мехоҳед?
ДИДА БАРОЕД
Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас имрӯз низ фоида меоранд.
«Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас куҳна намешаванд» («Бурҷи дидбонӣ» № 1 с. 2018)
Китоби Муқаддас ба марде, ки аз кӯдакӣ худро беқадру ночиз ҳис мекард, ёрӣ дод.
Бо маслиҳатҳои Китоби Муқаддас, ки ба ҳаёти оилавӣ дахл доранд, шинос шавед.
Фаҳмед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ақидаи нодурусти одамонро ошкор карда, нишон медиҳад, ки дунё дар дасти кӣ аст.