Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 9

Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад

Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад

Оё шумо ягон бор ба маслиҳату роҳнамоӣ муҳтоҷ будед? Оё ба ягон саволи муҳим ҷавоб ёфтан мехоҳед? Оё муҳтоҷи тасалливу дилбардорӣ ҳастед? Оё мехоҳед ба Худо наздиктар шавед? Барои ин дуо ба шумо кумак карда метавонад. Вале чӣ тавр дуруст дуо гӯем? Оё Худо ҳамаи дуоҳоро гӯш мекунад? Чӣ тавр дилпур буда метавонед, ки Худо дуоҳои шуморо гӯш мекунад? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.

1. Ба кӣ ва дар бораи чӣ дуо гӯем?

Ҳазрати Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Довуд ба Яҳува Худо дуо мегуфтанд. Масалан, Довуд чунин дуо гуфта буд: «Эй Яҳува, дуои маро бишнав» (Забур 143:1). Дуо моро ба Яҳува наздиктар мегардонад.

Мо ба Яҳува дар бораи ҳама чиз дуо гуфта метавонем, ба шарте ки хоҳишҳоямон мувофиқи хости ӯ бошанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад» (1 Юҳанно 5:14). Ҳазрати Исо фаҳмонда буд, ки дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем. (Матто 6:9–13-ро хонед.) Албатта, мо метавонем дар бораи ниёзҳои худ дуо гӯем, лекин ҳамчунин хуб мебуд, ки ба Худо барои чизҳои доштаамон шукр гӯем ва хоҳиш кунем, ки ӯ ба дигарон низ мадад расонад.

2. Чӣ тавр дуо гӯем?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дилатонро ба ӯ [Худо] холӣ кунед» (Забур 62:8). Дуо бояд аз таҳти дил гуфта шавад. Мо метавонем дар вақту ҷойи дилхоҳ, бо овози баланд ё паст дуо гӯем. Илова бар ин, Яҳува талаб намекунад, ки шишта, зону зада ё рост истода дуо гӯем, муҳим он ки тарзи истоданамон эҳтироми моро ба Худо нишон диҳад.

3. Чӣ тавр Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад?

Яҳува ба дуоҳоямон бо роҳҳои гуногун ҷавоб медиҳад, ки як роҳаш ба воситаи Калом аст. Аксар вақт мо Каломи Худоро хонда, ба саволҳоямон ҷавоб меёбем. Ғайр аз ин, суханони он «нодонро доно мекунанд». (Забур 19:7; Яъқуб 1:5-ро хонед.) Инчунин Яҳува метавонад дар душвориҳоямон ба мо оромӣ бахшад ва ба воситаи хизматгоронаш ба мо дасти ёрӣ дароз кунад.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки кадом вақт дуоҳоямон ба Худо писанд меояд ва чӣ тавр дуо ба шумо манфиат меорад.

4. Худо на ҳама дуоҳоро гӯш мекунад

Чӣ тавр фаҳмем, ки дуоҳои мо ба Худо писанданд ё не? ВИДЕОРО тамошо кунед.

Яҳува мехоҳад мо ба ӯ дуо гӯем. Забур 65:2-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Ба фикратон, оё «Шунавандаи дуоҳо» мехоҳад, ки шумо ба ӯ дуо гӯед? Фаҳмонед.

Агар хоҳем, ки Худо дуоҳоямонро гӯш кунад, мо бояд аз рӯйи гуфтаҳои ӯ зиндагӣ кунем. Мико 3:4 ва 1 Петрус 3:12-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Кадом вақт Яҳува ба дуоҳоямон гӯш медиҳад?

Дар вақти ҷанг, шояд, ҳар ду тараф дуо гӯяд. Оё гуфтан мумкин аст, ки Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад?

5. Мо бояд аз дилу ҷон дуо гӯем

Баъзеҳоро таълим додаанд, ки дуоеро аз ёд карда, онро такрор ба такрор гӯянд ё ба забони муайян дуо гӯянд. Магар Худо мехоҳад, ки мо ба ӯ ҳамин тавр дуо гӯем? Матто 6:7-ро хонед, сипас якҷоя саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ кор кунем, ки дар дуо «гаштаву баргашта як чизро» такрор накунем?

Дар бораи ягон баракат фикр кунед ва барои он Яҳуваро шукр гӯед. Ин корро ҳар рӯз кунед, он гоҳ дуои шумо рангоранг мешавад.

Падари ғамхор мехоҳад, ки фарзандаш ба ӯ дарди дилашро гӯяд. Яҳува низ мехоҳад, ки мо ба ӯ диламонро холӣ кунем

6. Дуо атои Худо аст

Чӣ тавр дуо дар пастиву баландии зиндагӣ ба мо қувват мебахшад? ВИДЕОРО тамошо кунед.

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дуо ба мо оромӣ бахшида метавонад. Филиппиён 4:6, 7-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Дуо ҳар мушкиламонро осон накунад ҳам, он аз кадом ҷиҳат ба мо кумак мерасонад?

  • Шумо дар бораи чӣ дуо гуфтан мехоҳед?

Оё шумо медонистед?

Калимаи «омин» чунин маъно дорад: «Бигзор ҳамин тавр шавад» ё «Ҳақ асту рост». Аз қадим одамон дар охири дуо «омин» мегӯянд (1 Воқеанома 16:36).

7. Барои дуо гуфтан вақт ҷудо кунед

Баъзан аз ташвишу серкорӣ барои дуо гуфтан вақт ёфта наметавонем. Ҳазрати Исо атои дуоро хеле қадр мекард. Матто 14:23 ва Марқус 1:35-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Исо барои дуо гуфтан чӣ тавр вақт ҷудо мекард?

  • Шумо дар кадом вақт дуо гуфта метавонед?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Барои он ки Худо дуоҳои туро шунавад, бояд ба забони муайян дуо гӯӣ».

  • Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Дуои самимӣ моро ба Худо наздик мекунад, оромӣ мебахшад ва қувват медиҳад, ки хости Яҳуваро ба ҷо орем.

Такрор

  • Мо бояд ба кӣ дуо гӯем?

  • Мо бояд чӣ тавр дуо гӯем?

  • Дуо ба мо чӣ манфиат оварда метавонад?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Ба саволҳое, ки бисёр вақт дар бораи дуо медиҳанд, ҷавоб ёбед.

«Дар бораи дуо чиро донистан муҳим аст?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 октябри с. 2010)

Фаҳмед, ки барои чӣ дуо муҳим аст ва чӣ тавр дуоҳои худро пурмазмун гардонда метавонед.

«Чаро ман бояд дуо гӯям?» (Мақола аз сомона)

Аз видеонавори зерин фаҳмед, ки оё дар куҷо ва дар кадом вақт дуо гуфтани мо ягон аҳамият дорад.

«Ҳама вақт дуо гӯй» (1:22)