Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 1

Ман чӣ гуна шахсам?

Ман чӣ гуна шахсам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Агар ту донӣ, ки чӣ гуна шахс ҳастӣ ва ба чӣ бовар дорӣ, вақте дигарон ба ту таъсир карданӣ мешаванд, боақлона рафтор мекунӣ.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: Манижа ба зиёфат меравад. Даҳ дақиқа нагузашта, аз пушташ овози шиносро мешунавад:

«Чӣ рост истодӣ?»

Манижа ба қафо нигоҳ карда дугонааш — Ҷамиларо мебинад, ки дар дасташ ду шиша пиво дорад. Ӯ як шишаро ба Манижа дароз карда мегӯяд: «Ма, канӣ як мазаашро чаш. Ту дигар кӯдак нестӣ-ку!»

Манижа «не» гуфтан мехоҳад, лекин метарсад дугонаашро хафа кунад. Ӯ намехоҳад, ки дар назари Ҷамила одами аз замона қафомонда тобад. Илова бар ин, Ҷамила яке аз духтарони хуб аст. Агар вай пиво нӯшад, пас пивонӯшӣ он қадар кори бад набудагист. Манижа худашро ором карда дар дилаш мегӯяд: «Охир ин нашъа-пашъа не-ку! Ин танҳо пиво, як нӯшокии безарар».

Агар ту ба ҷойи Манижа мебудӣ, чӣ хел рафтор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Барои дар ин хел ҳолатҳо боақлона рафтор кардан, шахс бояд дар фикру эътиқоди худ устувор бошад. Чунин одам худашро нағз мешиносад, медонад, ки дар зиндагӣ чӣ мехоҳад ва ба чӣ бовар дорад. Ӯ намехоҳад, ки бозичаи дасти дигарон бошад, ӯ худаш хӯҷаини зиндагиаш аст (1 Қӯринтиён 9:26, 27).

Барои ин хел шахс шудан чӣ кор кардан даркор аст? Аввал ба ин саволҳо ҷавоби худро навис.

1 МАН ЧӢ ХЕЛ ҚОБИЛИЯТ ВА ХИСЛАТҲОИ ХУБ ДОРАМ?

Агар қобилият ва хислатҳои хубатро донӣ, бовариат ба худат бештар мешавад.

НАМУНА АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС. Павлуси расул навишта буд: «Агарчи дар нутқ моҳир нестам, аммо на дар дониш» (2 Қӯринтиён 11:6). Павлус Навиштаҳоро хуб медонист, барои ҳамин ба онҳое, ки ба қобилияти ӯ бовар надоштанд, метавонист бо дилпурӣ ҷавоб диҳад. Ӯ намегузошт, ки суханони дигарон ӯро рӯҳафтода кунанд (2 Қӯринтиён 10:10; 11:5).

ХУДРО БИСАНҶ. Дар бораи ягон қобилият ва ҳунарат навис.

Акнун ягон хислати хубатро навис. (Масалан, оё ту шахси ғамхорӣ, дасткушодӣ, доимо дар гапат меистӣ ва одати деркунӣ надорӣ?)

2 МАН ЧӢ ХЕЛ СУСТӢ ВА КАМБУДИҲО ДОРАМ?

Агар як балони мошин суст бошад, мошин авария карда метавонад. Ба ин монанд агар ягон сустиро дар вақташ ислоҳ накунем, он зарари калон меорад.

НАМУНА АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС. Павлус сустию камбудиҳояшро нағз медонист. Ӯ навишт: «Ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам, лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад» (Румиён 7:22, 23).

ХУДРО БИСАНҶ. Кадом сустиатро ислоҳ кардан мехоҳӣ?

3 МАН ЧӢ ХЕЛ МАҚСАДҲО ДОРАМ?

Оё ту ба таксӣ шишта аз ронанда хоҳиш мекардӣ, ки то тамом шудани бензин гирди ягон ҷо чарх зада истад? Не, албатта! Ин рафтор аз рӯи хирад нест ва сарфи беҳудаи вақту пул аст.

Ба ҳамин монанд ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ мақсад дошта бошад. Бе мақсад зиндагӣ кардан маъно надорад.

НАМУНА АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС. Павлус навишт: «Ман медавам на он тавре ки бар абас бошад» (1 Қӯринтиён 9:26). Павлус ягон корро танҳо ба хотири он ки дигарон ҳамин хел мекунанд, кӯр-кӯрона намекард. Ӯ дар пеши худ мақсад мегузошт ва кӯшиш мекард, ки ба он расад (Филиппиён 3:12–14).

ХУДРО БИСАНҶ. Дар бораи се мақсаде, ки дар давоми сол ба онҳо расидан мехоҳӣ, навис.

4 МАН БА ЧӢ БОВАР ДОРАМ?

Агар ту дар фикру эътиқоди худ устувор бошӣ, мисли дарахте мешавӣ, ки решааш чуқур ва мустаҳкам аст. Чунин дарахт ба шамолҳои сахттарин тоб меорад

Агар фикру ақидаат устувор набошад, ту зуд-зуд фикратро дигар мекунӣ ва кӯшиш мекунӣ, ки ранги ҳамсолонат бошӣ.

Лекин агар дар фикру ақидаат устувор бошӣ, ту нигоҳ накарда ба он ки дигарон чӣ кор мекунанд, фикратро дигар намекунӣ.

НАМУНА АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС. Дар синни навҷавониаш Дониёл аз хешу табораш ҷудо шуд. Ӯ дар мамлакати бегона танҳо буд. Ба ин нигоҳ накарда ӯ «дар дили худ аҳд кард», ки ба қонунҳои Худо итоат мекунад (Дониёл 1:8). Бо ин Дониёл нишон дод, ки бо ақли худаш кор мекунад ва дар фикраш устувор аст.

ХУДРО БИСАНҶ. Дар бораи фикру ақидаи ту чӣ гуфтан мумкин аст? Масалан, оё ту ба Худо бовар дорӣ? Агар ҳа, барои чӣ? Чӣ ба ту боварӣ мебахшад, ки Худо ҳаст?

Ту бовар дорӣ, ки амру фармонҳои Худо дар бораи ахлоқ аз фикри шахсии ту муҳимтаранд? Агар ҳа, барои чӣ?

Акнун фикр кун, ки ту ба чӣ монанд будан мехоҳӣ: ба барге, ки шамол онро ба ҳар тараф мебарад ё ба дарахте, ки решаҳои чуқуру мустаҳкам дорад ва ба шамолҳои сахттарин тоб меорад? Он вақт ту ба саволи «Ман чӣ гуна шахсам?» ҷавоб дода метавонӣ.