Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 5

Агар маро дар мактаб ғам диҳанд, чӣ кор кунам?

Агар маро дар мактаб ғам диҳанд, чӣ кор кунам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Муносибати ту метавонад вазъиятро беҳтар ё бадтар кунад.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: Толиб дигар ҳеҷ гоҳ ба мактаб рафтан намехоҳад. Ҳамааш се моҳ пеш сар шуд, вақте ҳамсинфонаш дар бораи Толиб овозаи бад паҳн карданд. Ӯро ҳар хел лақабу номҳо мемонданд. Баъзан касе аз пешаш гузашта, гӯё нохост китобҳояшро аз дасташ зада чаппа мекард. Вақте пушташ ба тарафи бачаҳо гардондагӣ буд, ӯро тела медоданд ва бечора намедонист, ки ин корро кӣ кард. Дина бошад, косаи сабри Толиб лабрез шуд. Ба телефонаш хабар омад, ки агар пагоҳ мактаб равад, ӯро мурданивор мезананд.

Агар ту ба ҷойи Толиб мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Ноумед нашав! Агар касе туро ғам диҳад, ту бе мушту лагад ҷавоби ӯро дода метавонӣ.

  • ОРОМ БОШ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд... онро сокит мекунад» (Масалҳо 29:11). Бо тамоми қувват кӯшиш кун, ки ором бошӣ ё ақаллан худро ором нишон диҳӣ. Агар ба касе, ки туро ғам медиҳад ё паст мезанад, аҳамият надиҳӣ, ӯ туро ба ҳоли худ мегузорад.

  • ҚАСД НАГИР. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед» (Румиён 12:17). Қасд гирифтан вазъиятро бадтар мекунад.

  • АЗ ХАТАР ГУРЕЗ. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад ва пинҳон мешавад» (Масалҳо 22:3). Чи қадаре ки аз ту вобаста бошад, аз одамон ё воқеаҳое, ки ба сарат хатар оварда метавонанд, дур бош.

  • ҶАВОБЕ ДЕҲ, КИ ИНТИЗОР НАБОШАНД. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад» (Масалҳо 15:1). Ту метавонӣ барои ором кардани вазъият шӯхӣ кунӣ. Масалан, агар ягон кас ба ту гӯяд, ки аз ҳад фарбеҳӣ, метавонӣ ин хел ҷавоб диҳӣ: «Ҳеҷ гап не, мана замин мебардорад!»

  • ХЕСТА РАВ. «Агар ту ҳеҷ чиз нагуфта хеста равӣ, ин нишон медиҳад, ки ту одами пухта ҳастӣ ва аз касе, ки туро ғам медиҳад, як сару гардан болоӣ. Ӯ худдорӣ надорад, ту бошӣ, иродаи қавӣ дорӣ»,— мегӯяд Наргиси 19-сола (2 Тимотиюс 2:24).

  • БОВАРӢ ИНКИШОФ ДЕҲ. Одамоне, ки ғам додани дигаронро дӯст медоранд, касеро, ки худашро паст ҳисоб мекунад, даррав пай мебаранд. Агар ту худатро паст ҳисоб кунӣ, барои ин хел одамон луқмаи тайёр мешавӣ. Лекин, агар онҳо бинанд, ки ту ба худат боварӣ дорӣ, ба ту ҳуҷум намекунанд.

  • ВОҚЕАРО БА ЯГОН КАС НАҚЛ КУН. Зане, ки пештар муаллима буд, чунин мегӯяд: «Ман ба ҳама касоне, ки ба сарашон зӯрӣ мекунанд, маслиҳат медиҳам, ки хомӯш набошанд ва воқеаро ба ягон кас нақл кунанд. Ин нодуруст нест. Агар шахс гап занад, масъала ҳал мешавад ва хулиган ба дигарон ҳам зарар намерасонад».

Агар ба худат боварӣ дошта бошӣ, аз хулиган як сару гардан боло мешавӣ