Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Гуноҳ

Гуноҳ

Гуноҳ чист ва чӣ тавр он ба ҳамаи мо таъсир мекунад?

Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо дилпурӣ мебахшад, то бо майлу хоҳишҳои нодурустамон мубориза барем?

Рм 6:12–14

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Пш 11:2–5, 14, 15, 26, 27; 12:1–13. Шоҳ Довуд гуноҳҳои ҷиддӣ содир кард, лекин баъд танбеҳро қабул намуда, ислоҳ шуд.

    • Рм 7:15–24. Павлуси расул, ки намунаи имону вафодорӣ буд, мефаҳмонад, ки чӣ тавр бо майлҳои нодурусташ мубориза мебурд.

Барои чӣ бисёриҳо ба гуноҳ даст мезананд?

Чаро дидаву дониста ба гуноҳ даст задан хатарнок аст?

Барои васваса кардани хизматгорони Худо Шайтон чиро истифода бурда метавонад?

Пнм 1:10, 11, 15; Мт 5:28; Яқ 1:14, 15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 3:1–6. Ба воситаи мор гап зада Шайтон Ҳавворо ба худпарастиву чашмгуруснагӣ тела дод ва ҳамин тавр боварии ӯро ба Яҳува суст кард.

    • Пнм 7:6–10, 21–23. Шоҳ Сулаймон фаҳмонд, ки чӣ тавр ҷавони бетаҷриба ба васвасаи зани зинокор истодагӣ карда натавонист.

Чӣ тавр васвасаҳои Шайтонро рад карда метавонем?

Эф 4:27; 6:10–18; Яқ 4:7, 8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 5:1–14. Шоҳ Сулаймон падарвор маслиҳат дод, ки чаро ва чӣ тавр ба васвасаи зино муқобилат кардан мумкин аст.

    • Мт 4:1–11. Исо Каломи Худоро истифода бурда васвасаҳои Шайтонро рад кард ва ба мо намунаи олиҷаноб гузошт.

Баъзе гуноҳҳои ҷиддие, ки масеҳиён бояд аз онҳо даргурез бошанд, кадоманд?

Нигаред ба «Корҳои бад»

Иқрор шудан ба гуноҳ

Чаро мо кӯшиш намекунем, ки гуноҳҳоямонро пинҳон созем?

Дар пеши кӣ бояд ба гуноҳҳоямон иқрор шавем?

Кӣ дар назди Яҳува «мададгор»-у шафоатгари мо аст?

Чӣ тавр шахси гуноҳкарда нишон медиҳад, ки тавба кардааст?

Крн 26:20; Яқ 4:8–10

Ҳамчунин нигаред ба «Тавба»

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Мс 22:1–12. Шариати Мӯсо аз дузд талаб мекард, ки ба ҷабрдида товони чизи дуздидаашро диҳад.

    • Лқ 19:8, 9. Заккай ном ҷамъовари андозе тавбаашро бо он нишон дод, ки ислоҳ шуд ва чизи шахсонеро, ки ноҳақ гирифта буд, баргардонд.

Чаро ба бахшанда будани Яҳува дилпур буда метавонем?

Нигаред ба «Бахшандагӣ»

Вақте масеҳие гуноҳи ҷиддӣ мекунад, кӣ уҳдадор аст, ки ҷамоатро ҳимоя кунад ва ба гунаҳкор кумаки лозима расонад?

Яқ 5:14, 15

Ҳамчунин нигаред ба Крн 20:28; Ғл 6:1

Чӣ тавр гуноҳи ҷиддӣ ба дигар аъзои оила ва ҷамоатамон таъсир карда метавонад?

Ибр 12:15, 16

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 29:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юш 7:1–13, 20–26. Охон гуноҳи ҷиддияшро пинҳон карданӣ шуд ва ҳамин тавр ба сари тамоми Исроил бало овард.

    • Юн 1:1–16. Юнус ба дастури Яҳува гӯш надод, барои ҳамин ба сари касоне, ки ҳамроҳаш дар киштӣ буданд, фалокат овард.

    • 1Қр 5:1–7. Павлуси расул гуноҳи ҷиддиеро, ки дар ҷамоати Қӯринт содир шуду тамоми ҷамоатро нопок месохт, фош кард.

Барои чӣ тарси танбеҳу ислоҳ моро бознамедорад, ки аз пирон кумак ҷӯем?

Чаро беҳтар аст, ки ба бахшанда будани Худо дилпур бошем ва аз барои гуноҳҳое, ки дар гузашта кардем, худро хӯрда нашинем?

Нигаред ба «Бахшандагӣ»

Вақте аз гуноҳи ҷиддии касе хабардор мегардем, чаро бояд дилпур шавем, ки ӯ дар ин бора ба пирони ҷамоат гап задааст?

3Мс 5:1

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 5Мс 13:6–9; 21:18–20. Шариати Мӯсо талаб мекард, ки шахс ҳатто дар бораи гуноҳи ҷиддии узви оила ё шахси наздикаш ба пирон хабар диҳад.