Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ НУЗДАҲ

Аз Яҳува дур нашавед

Аз Яҳува дур нашавед

1, 2. Мо имрӯз дар куҷо паноҳ ёфта метавонем?

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо берун баромада мебинед, ки ҳаво нағз нест. Осмон торик мешавад, раъду барқ мезанад ва борони сахт меборад. Шумо мехоҳед дар ягон ҷо пинҳон шавед. Албатта, вақте ягон паноҳгоҳ меёбед, хеле хурсанд мешавед.

2 Имрӯз ҳам мо дар ҳамин хел ҳолат зиндагӣ мекунем. Вазъияти ҷаҳон рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Шояд, шумо аз худ бипурсед: «Дар куҷо ман паноҳ ёфта метавонам?» Забурнавис чунин гуфта буд: «Дар ҳаққи Худованд мегӯям: “Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам”» (Забур 90:2). Бале, мо танҳо дар паноҳи Яҳува аз душвориҳои худ оромӣ ёфта метавонем. Танҳо Ӯ ба мо барои оянда умед мебахшад.

3. Чӣ кор кунем, то Яҳува ба мо кӯмак кунад?

3 Чӣ тавр Яҳува моро дар паноҳаш нигаҳ медорад? Ӯ ба мо ёрдам мекунад, ки душвориҳоро паси сар кунем. Ӯ аз душманони мо бақувваттар аст. Ҳатто агар имрӯз дар ҳаётамон ягон чизи даҳшатовар рӯй диҳад ҳам, мо бовар дорем, ки Яҳува дар оянда метавонад зарари онро бартараф созад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» (Яҳудо 21). Барои он ки дар душвориҳо Яҳува ба мо кӯмак расонад, мо бояд ба Ӯ наздик шавем.

МУҲАББАТИ ЯҲУВАРО ҚАДР КУНЕД

4, 5. Яҳува муҳаббаташро ба мо чӣ хел нишон дод?

4 Барои он ки аз Яҳува дур нашавем, мо бояд фаҳмем, ки чӣ қадар Ӯ моро дӯст медорад. Дар бораи ҳама баракатҳову атоҳои Яҳува фикр кунед. Ӯ ба мо хонаи зебо — заминро додааст ва онро пур аз растаниҳои рангоранг ва ҳайвонҳои гуногун кардааст. Ӯ ба мо хӯроки бомаза ва оби тоза ато кардааст. Ба воситаи Китоби Муқаддас Ӯ ба мо номи худ ва хислатҳояшро кушодааст. Яҳува моро чунон дӯст медорад, ки Писари азизашро барои мо дод, то ки соҳиби зиндагии беохир шавем (Юҳанно 3:16). Танҳо ба воситаи қурбонии Исо мо ба оянда бо чашми умед нигоҳ мекунем.

5 Яҳува Подшоҳии Масеҳоиро ташкил кардааст ва он ба наздикӣ тамоми дарду ранҷро нест мекунад. Ин Подшоҳӣ тамоми заминро биҳишт мегардонад ва он гоҳ мо дар сулҳу оромӣ беохир зиндагӣ мекунем (Забур 36:29). Ғайр аз ин Яҳува ба мо ёд медиҳад, ки барои ҳозир хушбахт шудан бояд чӣ кор кунем. Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ дуо гӯем ва Ӯ ба гӯш кардани дуоҳоямон ҳама вақт тайёр аст. Яҳува, дар ҳақиқат, нишон дод, ки ҳар яки моро дӯст медорад.

6. Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем?

6 Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем? Агар барои баракатҳояш аз Ӯ миннатдор бошем. Афсӯс ки, имрӯз бисёриҳо бандаҳои ношукранд. Дар замонҳои Исо ҳам ҳамин хел одамон бисёр буданд. Як бор Исо даҳ мардеро, ки касали махав буданд, сиҳат кард, лекин аз он даҳ нафар фақат як кас пеши Исо омада, раҳмат гуфт (Луқо 17:12–17). Биёед аз ин шахс ибрат гирем ва Яҳуваро ҳамеша шукр гӯем.

7. То кадом дараҷа мо бояд Яҳуваро дӯст дорем?

7 Мо бояд муҳаббатамонро ба Яҳува нишон диҳем. Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки онҳо бояд Худоро бо тамоми дил, ҷон ва ҳуши худ дӯст доранд. (Матто 22:37-ро хонед.) Ин чӣ маъно дорад?

8, 9. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем?

8 Оё танҳо «Яҳуваро дӯст медорам» гуфтан бас аст? Не. Агар мо Яҳуваро бо тамоми дил, ҷон ва ҳуши худ дӯст дорем, мо инро бо рафторамон нишон медиҳем (Матто 7:16–20). Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки агар мо Яҳуваро дӯст дорем, қонунҳояшро риоя мекунем. Оё ин душвор аст? Не. Барои касоне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, «аҳкоми Ӯ гарон нест». (1 Юҳанно 5:3-ро хонед.)

9 Агар мо ба гапи Яҳува гӯш диҳем, хушбахту осуда мешавем (Ишаъё 48:17, 18). Лекин чӣ ба мо ёрдам карда метавонад, ки ҳеҷ гоҳ аз Яҳува дур нашавем? Биёед мефаҳмем.

БА ЯҲУВА БОЗ ҲАМ НАЗДИКТАР ШАВЕД

10. Барои чӣ дар бораи Яҳува дониш гирифтанро бояд давом диҳем?

10 Чӣ тавр шумо дӯсти Яҳува шудед? Китоби Муқаддасро омӯхта шумо бо Ӯ шинос шудед ва оҳиста-оҳиста дӯсти Ӯ шудед. Ин дӯстиро ба алов монанд кардан мумкин аст. Барои он ки алов намурад, ба он доим ҳезум партофтан даркор аст. Барои нигоҳ доштани дӯстӣ ҳам гӯё «ҳезум» даркор аст. Он ҳезум дониш аст. Барои ҳамин дар бораи Яҳува дониш гирифтанро ҳеҷ гоҳ бас накунед (Масалҳо 2:1–5).

Барои нигоҳ доштани дӯстиатон бо Яҳува, шумо бояд ба он «ҳезум» партофта истед

11. Чӣ тавр таълимоти Китоби Муқаддас ба шумо таъсир карда метавонад?

11 Омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дода, шумо чизҳоеро мефаҳмед, ки ба дилатон таъсири сахт мерасонанд. Баъд аз он ки Исо ба ду шогирдаш пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро фаҳмонду рафт, онҳо ба якдигар чунин гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вақте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?» (Луқо 24:32).

12, 13. а) Бо муҳаббати мо чӣ шуда метавонад? б) Чӣ кор кунем, ки муҳаббатамон ба Худо гум нашавад?

12 Барои чӣ шогирдони Исо ин қадар хурсанд шуданд? Чунки онҳо баъзе оятҳои Китоби Муқаддасро хуб фаҳмиданд. Шояд, шумо ҳам мисли онҳо вақти сар кардани омӯзиши Каломи Худо ба завқ омада будед. Шумо бо Яҳува шинос шудед ва Ӯро дӯст доштед. Акнун шумо, албатта, намехоҳед, ки муҳаббататон хунук шавад (Матто 24:12).

13 Акнун ки шумо дӯсти Худо шудед, бояд кӯшиш кунед, ки ба Ӯ боз ҳам наздиктар шавед. Дар бораи Яҳува ва Исо дониш гирифтанро давом диҳед ва фикр кунед, ки чӣ тавр чизҳои фаҳмидаатонро ба кор бурда метавонед (Юҳанно 17:3). Вақте Китоби Муқаддасро мехонед ё меомӯзед, аз худ бипурсед: «Ман аз ин оят дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидам? Барои чӣ ман бояд Ӯро бо тамоми дилу ҷон дӯст дорам?» (1 Тимотиюс 4:15).

14. Барои чӣ мо бояд тез-тез дуо гӯем?

14 Агар дӯстон бо якдигар гап назананд, дӯстиашон оҳиста-оҳиста суст мешавад. Барои ҳамин мо бояд ба Яҳува тез-тез дуо гуфта бо Ӯ гап занем. (1 Таслӯникиён 5:17-ро хонед.) Дуо атои Худост. Барои ҳамин мо бояд онро қадр кунем ва бо Падари осмониамон доимо аз таҳти дил гап занем (Забур 61:9). Вақте одам ягон чизро аз ёд карда, онро дар дуо такрору батакрор мегӯяд, ин ба Яҳува маъқул нест. Ӯ мехоҳад, ки мо чизе, ки дар диламон бошад, ҳамонро гӯем. Агар мо омӯхтани Китоби Муқаддасро давом диҳем ва аз таҳти дил ба Яҳува дуо гуфта истем, муҳаббатамон ба Ӯ зиёд шудан мегирад.

БА ДИГАРОН ДАР БОРАИ ЯҲУВА НАҚЛ КУНЕД

15, 16. Шумо ба паҳн кардани хушхабар чӣ хел муносибат мекунед?

15 Агар мо хоҳем дӯсти Яҳува бошем, бояд дар бораи Ӯ ба дигарон нақл кунем. Ба дигарон дар бораи Худо гап задан имконияти пурқимат аст (Луқо 1:74, 75). Исо ба ҳама масеҳиён фармудааст, ки хушхабари Подшоҳии Худоро ба одамон гӯянд. Оё шумо дар бораи хушхабар ба ягон кас нақл карда будед? (Матто 24:14; 28:19, 20).

16 Павлуси расул бо хурсандӣ дар бораи хушхабар бо одамон гап мезад. Ӯ ин имкониятро қадр мекард ва онро «ганҷ» меномид (2 Қӯринтиён 4:7). Ин аз ҳама кори муҳим аст ва ҳеҷ кори дигар ба ин баробар шуда наметавонад. Ҳамин тавр шумо метавонед ба Яҳува хизмат кунед. Ӯ ин кори шуморо қадр мекунад (Ибриён 6:10). Хушхабарро нақл карда шумо савоб мегиред. Шумо ҳам худатон ба Яҳува наздик мешавед, ҳам ба одамон ёрдам мекунед, ки дӯсти Ӯ шуда, соҳиби ҳаёти беохир шаванд. (1 Қӯринтиён 15:58-ро хонед.) Ҳеҷ кори дигар ба одам ин қадар хурсандӣ намеорад!

17. Барои чӣ мо набояд расондани хушхабарро ба қафо партоем?

17 Нақл кардани хушхабар кори хеле муҳим аст. Мо набояд ин корро ба қафо партоем (2 Тимотиюс 4:2). Одамон бояд тезтар дар бораи Подшоҳии Худо шунаванд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад». Он дер намекунад, дар вақташ меояд (Сафанё 1:14; Ҳабаққуқ 2:3). Он вақт хеле ва хеле наздик аст. Ба наздикӣ Яҳува дунёи Шайтонро несту нобуд мекунад. Ҳоло ки вақт ҳаст, мо бояд одамонро огоҳ кунем. Ҳамин тавр онҳо имконият пайдо мекунанд, ки тарафи Яҳуваро гиранд ва ба Ӯ хизмат кунанд.

18. Барои чӣ мо бояд Яҳуваро бо дигар масеҳиён якҷоя ибодат кунем?

18 Яҳува мехоҳад, ки мо бо дигар масеҳиён якҷоя Ӯро ибодат кунем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибриён 10:24, 25). Мо бояд бо тамоми қувватамон кӯшиш кунем, то дар ҳама вохӯриҳо иштирок кунем. Дар вохӯриҳо мо имконият дорем, ки якдигарро дилбардорӣ ва дастгирӣ кунем.

19. Чӣ ба мо ёрдам карда метавонад, ки бародару хоҳаронамонро дӯст дорем?

19 Дар вохӯриҳо мо дӯстони ҳақиқӣ пайдо мекунем. Онҳо моро дастгирӣ мекунанд, то аз Яҳува дур нашавем. Ба ҷамъомад рафта шумо ҳар гуна бародару хоҳаронро мебинед. Ҳар яки онҳо бо тамоми қувват кӯшиш мекунанд, ки Яҳуваро ибодат намоянд. Лекин онҳо ҳам мисли шумо одамони гунаҳкоранд. Барои ҳамин вақте ягон бародар ё хоҳаре хато мекунад, барои бахшидан тайёр бошед. (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.) Диққатро ҳама вақт ба хислатҳои хуби бародару хоҳарон равона кунед. Бо чунин рафторатон шумо ба Яҳува боз ҳам наздиктар мешавед.

ҲАЁТИ ҲАҚИҚӢ

20, 21. «Ҳаёти ҳақиқӣ» чист?

20 Яҳува барои ҳама дӯстонаш зиндагии беҳтаринро мехоҳад. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки дар оянда зиндагиамон аз зиндагии имрӯза беҳтар мешавад.

Яҳува мехоҳад, ки шумо соҳиби «ҳаёти ҳақиқӣ» шавед. Ихтиёр дар дасти шумост

21 Он вақт умри мо 70–80 сол неву беохир мешавад. Дар биҳишти зебо мо бо тани сиҳат дар тинҷиву амонӣ зиндагӣ мекунем. Китоби Муқаддас чунин зиндагиро «ҳаёти ҳақиқӣ» номидааст. Яҳува ваъда медиҳад, ки агар бо тамоми қувват кӯшиш кунем, он ҳаётро ба мо тӯҳфа мекунад (1 Тимотиюс 6:12, 19, ТДН).

22. а) Чӣ кор кунем, ки «ҳаёти ҳақиқиро маҳкам нигоҳ» дорем? б) Оё мо бо кӯшиши худ сазовори ҳаёти беохир шуда метавонем? Барои чӣ?

22 Чӣ кор кунем, ки «ҳаёти ҳақиқиро маҳкам нигоҳ» дорем? Мо бояд некӣ кунем ва «аз корҳои нек сарватманд» шавем (1 Тимотиюс 6:18, ТДН). Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҳар чиро, ки аз Китоби Муқаддас фаҳмидем, ба кор барем. Лекин мо набояд фикр кунем, ки бо кӯшиши худ ҳаёти беохирро соҳиб мешавем. Мо ҳеҷ гоҳ онро бо меҳнати худ ба даст оварда наметавонем. Он атои Худост, ки аз рӯйи некӯии бепоёни худ ба мо медиҳад (Румиён 5:15). Падари осмониамон моро дӯст медорад, барои ҳамин ба мо ин аторо медиҳад.

23. Барои чӣ мо бояд аз ҳозир тарафи Яҳуваро гирем?

23 Аз худ бипурсед: «Ман Худоро чӣ тавр ибодат мекунам? Оё Ӯ аз ибодати ман розӣ аст?» Агар шумо пай баред, ки дар ҳаётатон дигаргунӣ даровардан лозим аст, ин корро ба ақиб напартоед. Яҳува танҳо ҳамон вақт паноҳгоҳи шумо мегардад, агар шумо ба Ӯ гӯш диҳед. Яҳува касонеро, ки ба Ӯ таваккал мекунанд, дар замонҳои охир дар паноҳаш нигоҳ медорад. Баъд Яҳува хизматгоронашро ба Биҳишт роҳнамоӣ мекунад ва ба онҳо ҳаёти беҳтаре ато мекунад. Шумо ҳам метавонед дар қатори онҳо бошед, агар аз ҳозир тарафи Яҳуваро гиред!