Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 13

Тимотиюс ба одамон ёрдам кардан мехост

Тимотиюс ба одамон ёрдам кардан мехост

Тимотиюс ҷавоне буд, ки ба одамон ёрдам мекард ва аз ин хурсанд мешуд. Вай барои ба дигарон ёрдам додан ба бисёр ҷойҳо мерафт. Барои ҳамин ҳаёти вай шавқовар буд. Ту мехоҳӣ, ки дар бораи ҳаёти ӯ фаҳмӣ? ~

Очаю бибии Тимотиюс ба ӯ дар бораи Яҳува гап мезаданд

Тимотиюс дар шаҳри Лустра калон шуд. Вақте ки ӯ майда буд, бибиаш Лӯид ва очааш Авниқо, ба ӯ дар бораи Яҳува гап мезаданд. Ва ҳамин хел, вақте ки Тимотиюс бачаи калон шуд, вай хост, ки ба дигарон ёрдам кунад, то онҳо дар бораи Яҳува фаҳманд.

Вақте ки Тимотиюс ҳоло ҷавон буд, Павлус ба вай гуфт, ки ҳамроҳаш барои ба одамон дар бораи Яҳува гап задан ба дигар ҷойҳо равад. Тимотиюс ба гапи Павлус розӣ шуд. Вай барои рафта ба одамон ёрдам кардан, тайёр буд.

Тимотиюс бо Павлус ба шаҳре ки дар Мақдуния буду Таслӯникӣ ном дошт, рафт. Барои ба он ҷо расидан, ба онҳо роҳи дуру дароз рафта, баъд дар киштӣ шиштан даркор буд. Дар охир вақте ки онҳо ба он ҷо расиданд, ба бисёр одамон ёрдам карданд, ки дар барои Яҳува фаҳманд. Лекин баъзе одамон қаҳрашон меомад ва онҳоро задан мехостанд. Барои ҳамин Павлус ва Тимотиюс маҷбур шуданд, ки аз он ҷо рафта, дар дигар ҷойҳо дар бораи Яҳува гап зананд.

Тимотиюс ҳаёти аҷоибу шавқовар дошт

Баъди чанд моҳ Павлус ба Тимотиюс гуфт, ки боз ба Таслӯникӣ раваду хабар гирад, ки бародарон чӣ аҳвол доранд. Барои ба он шаҳри хатарнок гашта рафтан, нотарсӣ даркор буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, Тимотиюс ба он ҷо рафт, барои он ки дар бораи бародарони он шаҳр хавотир мешуд. Ва аз он ҷо барои Павлус хабари нағз овард, ки бародарони Таслӯникӣ аҳволашон хеле нағз аст.

Тимотиюс бо Павлус бисёр солҳо якҷоя хизмат кард. Павлус як бор дар хат навист, ки Тимотиюс одами аз ҳама нағзе буд, ки ӯ барои ба ҷамъомадҳо ёрдам додан, роӣ карда метонист. Тимотиюс, Яҳува ва одамонро нағз медид.

Оё ту одамонро нағз мебинӣ ва мехоҳӣ, ки ба онҳо ёрдам кунӣ, то дар бораи Яҳува фаҳманд? ~ Агар ту ин хел кунӣ, ҳаёти ту ранги ҳаёти Тимотиюс аҷоибу шавқовар мешавад.