Privacy Settings

To provide you with the best possible experience, we use cookies and similar technologies. Some cookies are necessary to make our website work and cannot be refused. You can accept or decline the use of additional cookies, which we use only to improve your experience. None of this data will ever be sold or used for marketing. To learn more, read the Global Policy on Use of Cookies and Similar Technologies. You can customize your settings at any time by going to Privacy Settings.

Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 6

Муошират бо ҳамимонон ба мо чӣ манфиат меорад?

Муошират бо ҳамимонон ба мо чӣ манфиат меорад?
Шоҳидони Яҳува бо якдигар муошират мекунанд

Мадагаскар

Шоҳиди Яҳува ба ҳамимонаш кӯмак карда истодааст

Норвегия

Пирони ҷамъомад ба хабаргирии хоҳаре омадаанд

Лубнон

Шоҳидони Яҳува бо якдигар муошират мекунанд

Итолиё

Ҳатто агар аз ҷангалзори сердарахт гузаштан лозим ояд ё гармову сармо сафари моро мушкил гардонад ҳам, мо ба вохӯриҳои масеҳӣ мунтазам ташриф меорем. Барои чӣ Шоҳидони Яҳува ба душвориҳои ҳаёт ва хасташавӣ баъди рӯзи корӣ нигоҳ накарда, барои муошират бо ҳамимонон чунин кӯшиш ба харҷ медиҳанд?

Ин ба мо ёрдам медиҳад, ки ба мушкилиҳои ҳаёт тоб орем. Ба якдигар «диққат кунем» гуфта буд Павлус. Ӯ бародарону хоҳаронеро, ки дар ҷамъомад ҳастанд, дар назар дошт (Ибриён 10:24). Ин ибора маънои онро дорад, ки мо бояд бо якдигар аз наздик шинос шавем. Суханони Павлуси ҳавворӣ моро бармеангезад, ки аз ҳолу аҳволи дигарон пурсон шавем. Вақте ки мо бо дигар аъзоёни ҷамъомад аз наздик шинос мешавем, мо мефаҳмем, ки баъзеи онҳо душвориҳоеро доштанд, ки мо ҳам дорем ва онҳоро бомуваффақият паси сар карданд. Он бародарону хоҳарон кӯмак карда метавонанд, ки мо низ дар ҳалли ин душвориҳоямон муваффақ гардем.

Ин дӯстии мустаҳкамро пайдо мекунонад. Онҳое, ки ба ҷамъомад меоянд, бо мо шиноси оддӣ не, балки дӯстони наздик ҳастанд. Мо берун аз ҷамъомад низ ҳамроҳ вақт мегузаронем ва истироҳат мекунем. Ин гуна муошират чӣ тавр таъсири мусбӣ мерасонад? Мо бештар қадр кардани якдигарро ёд мегирем, ки ин муҳаббати байни моро қавӣ мегардонад. Вақте ки дӯстонамон бо душвориҳо дучор мешаванд, мо бо омодагӣ ба онҳо кӯмак мерасонем, чунки байни мо дӯстии мустаҳкаме пайдо шудааст (Масалҳо 17:17). Бо ҳамаи аъзоёни ҷамъомад муошират карда, мо нишон медиҳем, ки «ба якдигар як хел ғамхорӣ» мекунем (1 Қӯринтиён 12:25, 26).

Мо шуморо ташвиқ мекунем, ки бо онҳое дӯст шавед, ки иродаи Худоро ба ҷо меоранд. Шумо чунин дӯстонро аз байни Шоҳидони Яҳува хоҳед ёфт. Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки шуморо аз муошират бо мо боздорад.

  • Барои чӣ дар вохӯриҳо бо якдигар муошират кардан барои мо фоиданок аст?

  • Кай шумо бо аъзоёни ҷамъомади мо шинос шудан мехостед?