Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
Ин брошура мефаҳмонад, ки чӣ хел одамон аз саросари дунё бо мустаҳкам кардани имонашон хушбахт шуда метавонанд.
Сарсухан
Миллионҳо одамон ба ин саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда ёфтанд. Шумо низ ҷавоб ёфта метавонед.
ҚИСМИ 1
Оё Худо моро дӯст медорад?
Дунёи имрӯза пур аз проблема аст. Мумкин шумо низ ҳар рӯз бо душвориҳо дучор мешавед. Кӣ ба мо мадад расонида метавонад? Оё ягон кас нисбати мо парвое дорад?
ҚИСМИ 2
Имони ҳақиқӣ чист?
Миллионҳо одамон боварӣ доранд, ки Худо вуҷуд дорад, лекин дидаву дониста корҳои бад мекунанд. Имони ҳақиқӣ танҳо ба вуҷудияти Худо боварӣ доштан нест.
ҚИСМИ 3
Маслиҳатҳое, ки ҳаётро тағйир медиҳанд
Маслиҳатҳои хирадмандони Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунад, ки мушкилиҳои оилавиро ҳал кунед, қаҳру ғазабро идора кунед, аз нашъамандию бадгумонӣ озод шавед ва аз зӯроварӣ даст кашед.
ҚИСМИ 4
Худо кист?
Одамон худоёни зиёдеро ибодат мекунанд. Вале Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки танҳо як Худои ҳақиқӣ вуҷуд дорад
ҚИСМИ 5
Хислатҳои беҳамтои Худоро қадр кунед
Дар Китоби Муқаддас оиди бисёр хислатҳои олиҷаноби Худо гуфта шудааст, ки ба воситаи онҳо мо бо Ӯ шинос шуда метавонем.
ҚИСМИ 6
Худо нисбати замин чӣ мақсад дорад?
Дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки Худо «онро [заминро] на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки аз барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад». Вале оё Худо мехост, ки мо дар чунин шароит зиндагӣ кунем?
ҚИСМИ 9
Аз Масеҳи Роҳнамо таълим гиред
Офаридгор медонад, ки мо ба чӣ гуна роҳнамо ниёз дорем, аз ин рӯ барои мо Роҳнамои беҳтаринро интихоб кардааст.
ҚИСМИ 11
Дар амал нишон додани имони ҳақиқӣ
Исо таълим дод, ки одамоне, ки имони ҳақиқӣ доранд «меваи нек», яъне хислатҳои ба Худо маъқулро зоҳир менамояд. Баъзе аз он хислатҳо кадоманд?
ҚИСМИ 13
Имони ҳақиқӣ хушбахтии абадӣ меорад
Дар Китоби Муқаддас ваъдаҳои ҳайратангезе ҳастанд, ки ба шумо низ дахл доранд.