Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 13

Барои хурсанд кардани дили Худо мо бояд чӣ кор кунем?

Барои хурсанд кардани дили Худо мо бояд чӣ кор кунем?

Аз бадӣ дурӣ ҷӯед (1 Қӯринтиён 6:9, 10).

Агар мо Яҳуваро дӯст дорем, мо корҳоеро, ки Ӯ аз онҳо нафрат дорад, намекунем.

Яҳува намехоҳад, ки мо ба дуздӣ, майпарастӣ ё нашъамандӣ даст занем.

Худо аз куштор, аборт ва ҳамҷинсбозӣ нафрат дорад. Ӯ намехоҳад, ки мо гурусначашм бошем ё бо одамон ҷанг кунем.

Мо набояд ба бутпарастӣ ё сеҳру ҷоду даст занем.

Дар биҳиште, ки ба наздикӣ барпо мешавад, барои бадкорон ҷое нахоҳад буд.

Некӣ кунед (Матто 7:12).

Барои хурсанд кардани Худо, мо бояд кӯшиш кунем, ки ба Ӯ пайравӣ кунем.

Муҳаббататонро ба дигарон бо он нишон диҳед, ки бо онҳо меҳрубону саховатманд бошед.

Росткору ростгуфтор бошед.

Раҳмдилу бахшанда бошед.

Ба одамон дар бораи Яҳува ва роҳу меъёрҳои Ӯ нақл кунед (Ишаъё 43:10).