5 Мӯсо 4:1-49
4 Акнун, эй Исроил, ба дастурҳо ва ҳукмҳое, ки риояи онҳоро имрӯз ба шумо таълим медиҳам, гӯш диҳед, то зинда бимонед+ ва заминеро, ки Яҳува, Худои бобоёнатон, ба шумо медиҳад, соҳиб шавед.
2 Ба он чӣ ман ба шумо мефармоям, чизе илова нанамоед ё чизе аз он кам накунед.+ Амрҳои Худоятон Яҳуваро, ки ман ба шумо мефармоям, иҷро кунед.
3 Шумо бо чашмони худатон дидед, ки Яҳува дар масъалаи Баали Фаӯр чӣ кор кард, яъне чӣ тавр Худоятон Яҳува ҳар касеро, ки аз пайи Баали Фаӯр мерафт, аз миёни шумо нест кард.+
4 Аммо шумо, ки ба Худоятон Яҳува часпидаед, ҳоло зинда ҳастед.
5 Инак, ман дастур ва ҳукмҳоро, ҳамон тавре ки Худоям Яҳува ба ман фармуда буд, ба шумо таълим додам,+ то шумо онҳоро дар замине, ки соҳиб мешавед, риоя кунед.
6 Онҳоро риоя кунед ва ба ҷо оред,+ зеро бо чунин рафторатон фаҳму хиради+ шумо дар назари халқҳое, ки дар бораи ҳамаи ин дастурҳо мешунаванд, намоён мешавад. Онҳо хоҳанд гуфт: “Ин халқи бузург, ҳақиқатан ҳам, дорои хирад ва фаҳм аст”.+
7 Охир, Худоямон Яҳува, ҳар боре ки ба ӯ дуо гӯем, ба мо ҷавоб медиҳад. Магар ягон халқи бузурге ҳаст, ки худоёнаш ба он чунин наздик бошанд?+
8 Оё ягон халқи бузурге мисли тамоми Шариате, ки имрӯз ба шумо пешниҳод мекунам, чунин дастурҳо ва ҳукмҳои одилона дорад?+
9 Фақат аз худатон бохабар бошед ва эҳтиёт шавед, ки ҳамаи он чизҳое, ки бо чашмони худ дидед, ҳаргиз аз ёдатон нараванд ва онҳоро як умр дар хотир доред. Онҳоро ба фарзандон ва наберагони худ бигӯед.+
10 Дар рӯзе ки шумо ба ҳузури Худоятон Яҳува дар Ҳӯриб меистодед, Яҳува ба ман гуфт: “Мардумро пеши ман ҷамъ овар, то суханони маро бишнаванд+ ва онҳо таълим бигиранд, ки чӣ тавр тамоми умрашон аз ман битарсанд+ ва ин гуфтаҳоро ба писаронашон ёд диҳанд”.+
11 Шумо наздик омада, дар домани кӯҳ истодед ва кӯҳ месӯхт ва оташаш ба осмон мебаромад, дар он ҷо торикӣ, абр ва зулмот буд.+
12 Яҳува аз миёни оташ+ бо шумо гап заду шумо овозашро шунидед, лекин ӯро надидед+ — фақат садо буд.+
13 Ӯ ба шумо аҳди+ худ, яъне Даҳ амрро,+ баён кард ва риояи онро ба шумо фармуд. Ӯ онҳоро дар ду лавҳаи сангин навишт.+
14 Он вақт Яҳува ба ман фармуд, ки дастурот ва ҳукмҳоро ба шумо таълим диҳам, то онҳоро дар замине, ки соҳиб мешавед, риоя кунед.
15 Ба ёд оред, ки, дар рӯзе ки Яҳува бо шумо дар Ҳӯриб аз миёни оташ гап зад, шумо ҳеҷ сурате надидед. Аз ин рӯ эҳтиёт шавед,
16 ки бадкорӣ намуда барои худ бут, сурати ягон чиз, тасвири мард ё зане насозед.+
17 Барои худ тасвири ягон ҳайвонеро, ки дар рӯйи замин аст, тасвири ягон парандаеро, ки дар осмон парвоз мекунад,+
18 тасвири ягон хазандаеро, ки дар замин аст, ва тасвири моҳиеро, ки дар обҳои замин аст, насозед.+
19 Вақте чашмонатро сӯйи осмон боло кунӣ ва офтобу моҳ ва ситораҳо, яъне тамоми лашкари осмонро бубинӣ, фирефта нашав ва ба онҳо таъзим накуну онҳоро парастиш нанамо.+ Худоят Яҳува онҳоро ба тамоми халқҳои зери осмон додааст.
20 Вале шуморо Яҳува аз оташдони ҷонгудози* Миср гирифта берун овард, то халқи ӯ ва моли ӯ шавед,+ чуноне ки имрӯз ҳастед.
21 Яҳува аз пушти шумо аз ман дарғазаб шуд+ ва қасам хӯрд, ки ман аз Урдун намегузарам ва ба замини хубе, ки Худоятон Яҳува ба шумо мерос медиҳад, намедароям.+
22 Ман дар ин замин мемурам ва аз Урдун намегузарам,+ лекин шумо мегузаред ва он замини хубро соҳиб мешавед.
23 Пас, эҳтиёт шавед, то аҳдеро, ки Худоятон Яҳува бо шумо баст, фаромӯш накунед+ ва бар зидди амри Худоятон Яҳува барои худ бут ё тасвири ягон чизро насозед,+
24 зеро Худоят Яҳува — оташи сӯзанда,+ Худоест, ки вафодории бекаму костро талаб мекунад.+
25 Агар шумо писарон ва наберагон ба дунё оварда, муддати дурудароз дар ин замин зиндагӣ кунед ва бадкорӣ намуда бут ё ягон тасвиреро созед+ ва ба коре, ки дар назари Худоятон Яҳува бад аст, даст зада, ӯро ранҷонед,+
26 ман имрӯз осмону заминро бар зидди шумо ба шоҳидӣ даъват мекунам, ки шумо ба зудӣ аз замине, ки барои соҳиб шуданаш аз Урдун мегузаред, нест мешавед. Шумо дурудароз дар он нахоҳед монд, зеро аз он решакан мешавед.+
27 Яҳува шуморо дар миёни халқҳо пароканда мекунад+ ва фақат каме аз шумо дар миёни халқҳое, ки Яҳува шуморо ба он ҷо пеш мекунад, боқӣ мемонад.+
28 Дар он ҷо шумо худоёнеро, ки бо дасти одамизод аз чӯбу санг сохта шудаанд, парастиш мекунед,+ худоёнеро, ки намебинанд, намешунаванд, намехӯранд ва бӯй намекунанд.
29 Агар дар он ҷо Худоятон Яҳуваро биҷӯед, агар ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ҷӯё шавед,+ ӯро меёбед.+
30 Дар оянда, вақте ба тангӣ меафтеду ҳамаи ин чизҳо ба саратон меоянд, шумо сӯйи Худоятон Яҳува бармегардед ва ба овози ӯ гӯш медиҳед.+
31 Охир, Худоят Яҳува Худои раҳмдил аст.+ Ӯ туро намепартояд ва нест намекунад, ӯ аҳдеро, ки бо бобоёнат баста буд, фаромӯш намесозад.+
32 Дар бораи замони пешин, ки пеш аз ту буд, аз рӯзе ки Худо одамизодро дар рӯйи замин офарид, фикр кун. Аз як канори осмон то канори дигараш бипурс. Оё мисли ин кори бузурге рӯй додааст? Оё касе чизи ба ин монандро шунидааст?+
33 Оё халқи дигаре овози Худоро, ки аз миёни оташ гап зада буд, шунидааст, чуноне ки ту шунидиву зинда мондӣ?+
34 Оё боре ҳам Худо халқеро аз миёни халқи дигаре бо озмоиш, аломат, муъҷиза,+ ҷанг,+ дасти пурзӯр,+ бозуи пурқувват ва корҳои даҳшатангез+ интихоб намудааст, чуноне ки Худоятон Яҳува барои шумо дар Миср пеши назари шумо кардааст?
35 Ин чизҳо ба ту нишон дода шуданд, то бидонӣ, ки Яҳува Худои ҳақиқист+ ва ғайр аз ӯ дигаре нест.+
36 Ӯ аз осмон овози худро шунавонид, то туро ислоҳ кунад, бар замин оташи бузурги худро нишон дод ва ту аз миёни оташ овози ӯро шунидӣ.+
37 Азбаски ӯ бобоёни туро дӯст дошта, насли онҳоро баъд аз онҳо интихоб намуд,+ туро бо қуввати бузургаш зери назорати худ аз Миср берун овард.
38 Ӯ аз пеши ту халқҳои аз ту бузургтар ва пурзӯртарро бадар ронд ва ба ҷойи онҳо туро овард, то заминашонро ба дасти ту диҳад, чуноне ки имрӯз шуда истодааст.+
39 Пас, имрӯз бидон ва дар ёдат бигир, ки Яҳува дар осмон, дар боло, ва дар замин, дар поён, Худост.+ Ғайр аз ӯ дигаре нест.+
40 Дастурҳо ва амрҳои ӯро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо ор, то ту ва писаронат баъд аз сари ту некуаҳвол бошед ва дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, дурудароз бимонед».+
41 Он гоҳ Мӯсо аз тарафи шарқии Урдун се шаҳрро ҷудо кард.+
42 Ҳар касе, ки надониста шахси дигареро кушад, шахсеро, ки пеш бо вай душманӣ надошт,+ бояд ба яке аз ин шаҳрҳо гурезад ва дар он зиндагӣ кунад.+
43 Инҳоянд ин шаҳрҳо: барои реубениён — Босар,+ дар биёбон, дар паҳнкӯҳ, барои ҷодиён — Ромӯт,+ ки дар Ҷилъод аст, барои менашшеиён — Ҷӯлон,+ ки дар Бошон аст.+
44 Ин аст Шариате,+ ки Мӯсо ба исроилиён пешкаш намуд.
45 Инҳоянд ёдовариҳо, дастурҳо ва ҳукмҳое, ки Мӯсо ба исроилиён баъди аз замини Миср баромаданашон дод.+
46 Ӯ ба исроилиён онҳоро дар минтақаи Урдун, дар водии рӯ ба рӯйи Байт-Фаӯр,+ дар замини Сиҳӯни подшоҳи амӯриён, дод, ки ӯ дар Ҳешбӯн+ зиндагӣ мекарду ӯро Мӯсову исроилиён баъди аз Миср баромадан шикаст дода буданд.+
47 Онҳо замини ӯ ва замини Ӯҷ,+ подшоҳи Бошонро, яъне замини ду подшоҳи амӯриро, ки дар тарафи шарқии Урдун буданд, соҳиб шуданд.
48 Ин замин аз Арӯэр,+ ки дар канори водии Арнӯн аст, то кӯҳи Сион, яъне Ҳермӯн,+ тӯл мекашид.
49 Он тамоми Ароборо, ки дар тарафи шарқии Урдун аст, то баҳри Аробо*, ки дар нишебии Фисҷа+ мебошад, дар бар мегирифт.