5 Мӯсо 34:1-12

  • Яҳува ба Мӯсо замини ваъдашударо нишон медиҳад (1–4)

  • Марги Мӯсо (5–12)

34  Сипас Мӯсо аз даштҳои Мӯоб ба кӯҳи Набӯ+ ба баландии Фисҷа,+ ки дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ+ ҷойгир буд, баромад. Яҳува ба ӯ тамоми заминро нишон дод: аз Ҷилъод то Дон,+  тамоми замини Нафтолӣ, тамоми замини Эфроим ва Менашше, тамоми замини Яҳудоро то баҳри ғарбӣ*,+  Негеб,+ ноҳияи Урдун+ ва водии Ериҳӯ, шаҳри нахлҳоро, то Сӯар.+  Баъд Яҳува ба ӯ гуфт: «Ин аст замине, ки ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, гуфта будам: “Онро ба насли ту медиҳам”.+ Ман ба ту иҷозат додам, ки онро бо чашмонат бубинӣ, аммо ту ба он намедароӣ».+  Сипас Мӯсо, бандаи Яҳува, дар он ҷо, дар замини Мӯоб, мурд, ҳамон тавре ки Яҳува гуфта буд.+  Ӯ* Мӯсоро дар водии замини Мӯоб, ки рӯ ба рӯйи Байт-Фаӯр буд, гӯр кард. То ба имрӯз ҳеҷ кас намедонад, ки қабри ӯ дар куҷост.+  Дар вақти мурданаш Мӯсо 120-сола буд+ ва чашмонаш хира ва қувваташ тамом нашуда буд.  Мардуми Исроил барои Мӯсо дар даштҳои Мӯоб 30 рӯз мотам гирифтанд.+ Баъд рӯзҳои навҳаю мотам барои Мӯсо тамом шуд.  Юшаи писари Нун аз рӯҳи хирад пур буд, зеро Мӯсо бар вай даст гузошта буд+ ва исроилиён ба ӯ гӯш медоданд ва онҳо, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, амал мекарданд.+ 10  Аммо дар Исроил мисли Мӯсо дигар пайғамбаре ба миён наомад,+ ки Яҳува ӯро рӯ ба рӯ шиносад.+ 11  Яҳува ӯро ба замини Миср фиристода буд, то дар пеши фиръавн, ҳамаи хизматгоронаш ва дар тамоми заминаш аломату муъҷизаҳо нишон диҳад ва ӯ ҳамаи ин аломату муъҷизаҳоро ба амал овард.+ 12  Мӯсо пеши назари тамоми Исроил дасти пурзӯру корҳои аҷоиб нишон дод.+

Поварақҳо

Яъне баҳри Бузург, баҳри Миёназамин.
Аз афташ, ин ҷо Худо дар назар аст.