5 Мӯсо 31:1-30

  • Марги Мӯсо наздик аст (1–8)

  • Шариат бояд ба гӯши тамоми мардум хонда шавад (9–13)

  • Таъйиноти Юшаъ (14, 15)

  • Исёнкории исроилиён пешгӯйӣ мешавад (16–30)

    • Суруде, ки ба исроилиён ёд дода шуд (19, 22, 30)

31  Сипас Мӯсо баромада, ба тамоми Исроил чунин гуфт:  «Ман аллакай 120-сола шудаам+ ва дигар шуморо роҳнамоӣ карда наметавонам, зеро Яҳува ба ман гуфтааст: “Ту аз Урдун намегузарӣ”.+  Яҳува пешопеши шумо мегузарад ва ӯ худаш ҳамаи ин халқҳоро аз пешатон нест мекунад ва шумо онҳоро бадар меронед.+ Шуморо Юшаъ роҳнамоӣ хоҳад кард,+ чи тавре ки Яҳува гуфта буд.  Яҳува халқҳои он тарафи Урдунро несту нобуд мекунад, ҳамон тавре ки бо Сиҳӯну+ Ӯҷ,+ подшоҳони амӯрӣ, ва заминашон карда буд.+  Яҳува онҳоро барои шумо шикаст медиҳад ва шумо бо онҳо мувофиқи ҳама амрҳое, ки ба шумо фармудам, амал кунед.+  Далеру устувор бошед.+ Натарсед ва дар пеши онҳо ба воҳима наафтед,+ зеро Худоятон Яҳува пешопеши шумо меравад. Ӯ аз шумо рӯ намегардонад ва шуморо танҳо намемонад».+  Сипас Мӯсо Юшаъро ҷеғ зада, пеши назари тамоми Исроил ба ӯ чунин гуфт: «Далеру устувор бош,+ чунки маҳз ту ин халқро бурда, заминеро ба онҳо мерос медиҳӣ, ки Яҳува ба бобоёнашон қасам хӯрда буд.+  Яҳува пешопеши ту меравад ва ӯ бо ту хоҳад буд.+ Ӯ аз ту рӯ намегардонад ва туро танҳо намемонад. Натарс ва ба воҳима наафт».+  Сипас Мӯсо ин Шариатро навишта,+ онро ба ҳама пирони Исроил ва ба коҳинони левизода, ки сандуқи аҳди Яҳуваро мебардоштанд, дод. 10  Мӯсо ба онҳо чунин фармуд: «Дар охири ҳар ҳафтсола, дар вақти муқарраршуда, ҳангоми соли озодӣ,+ дар вақти Иди Хаймаҳо*,+ 11  вақте ҳама мардуми Исроил пеши Худоят Яҳува, ба ҷое ки ӯ хуш кунад, ҳозир мешавад,+ ин Шариатро ба гӯши тамоми Исроил бихон.+ 12  Мардумро ҷамъ ор,+ мардон, занон, кӯдакон ва ғарибонеро, ки дар шаҳрҳои ту ҳастанд, то онҳо дар бораи Худоят Яҳува шунида, таълим гиранд ва аз ӯ битарсанд ва ҳама суханони ин Шариатро як ба як ба ҷо оранд. 13  Он гоҳ писарони онҳо, ки ин Шариатро намедонистанд, гӯш карда, аз Худоят Яҳува тарсиданро ёд мегиранд+ ва дар замине, ки Урдунро гузашта, онро соҳиб мешавед, тарси ӯ дар дилашон як умр ҷо мешавад».+ 14  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инак, вақти маргат наздик шудааст.+ Юшаъро ба наздат фарёд кун ва ҳамроҳи ӯ ба хаймаи ҷомеъ ҳозир шавед, то ӯро таъйин созам».+ Мӯсову Юшаъ ба хаймаи ҷомеъ омаданд. 15  Он гоҳ Яҳува андаруни сутуни абр назди хайма пайдо шуд ва сутуни абр назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ истод.+ 16  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инак, ту ба бобоёни худ мепайвандӣ* ва ин халқ дар замине, ки ба он мераванд, ба ман хиёнат карда, худоёни бегонаро, худоёни гирду атрофашро, парастиш хоҳад кард*.+ Онҳо аз ман рӯ мегардонанд+ ва аҳдеро, ки бо онҳо бастаам, мешикананд.+ 17  Он гоҳ хашми ман бар онҳо аланга мезанад+ ва ман онҳоро тарк месозам+ ва рӯямро аз онҳо пинҳон мекунам,+ то даме ки нобуд шаванд. Пас аз он ки бар сарашон ғаму балоҳои бисёре биёяд,+ онҳо чунин мегӯянд: “Ин балоҳо барои он бар сари мо омадаанд, ки Худоямон дар миёни мо нест”.+ 18  Ман дар он рӯз рӯямро ба онҳо нишон нахоҳам дод, зеро онҳо ба бадкориҳо даст зада, ба худоёни бегона рӯ оварданд.+ 19  Ин сурудро барои худ бинависед+ ва онро ба исроилиён ёд диҳед.+ Бигзор онҳо онро аз ёд кунанд, то ин суруд шоҳиди ман бар зидди мардуми Исроил шавад.+ 20  Вақте ман онҳоро ба замине, ки ба бобоёнашон қасам хӯрда, ваъда додаам, биёрам,+ яъне ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист,+ ва онҳо шикамсерӣ бихӯранд ва фарбеҳ шаванд,+ онҳо ба худоёни дигар рӯ оварда, онҳоро парастиш хоҳанд кард ва нисбати ман беҳурматӣ карда, аҳди маро хоҳанд шикаст.+ 21  Вақте ғаму балоҳои зиёде бар сари онҳо биёяд,+ ин суруд барои онҳо шоҳид мешавад (зеро насли онҳо набояд ин сурудро фаромӯш кунад). Охир, ман аз ҳозир майлеро, ки онҳо дар дили худ парваридаанд, медонам+ ва, ҳатто пеш аз он ки онҳоро ба замини ваъдакардаам биёрам, аз он огоҳ ҳастам». 22  Мӯсо он рӯз ин сурудро навишта, ба исроилиён ёд дод. 23  Сипас ӯ* Юшаи писари Нунро таъйин карда,+ ба вай гуфт: «Далеру устувор бош,+ зеро ту исроилиёнро ба замине, ки ман қасам хӯрдаам, хоҳӣ даровард+ ва ман бо ту хоҳам буд». 24  Вақте ки Мӯсо ин суханони Шариатро дар китобе пурра навишта, тамом кард,+ 25  ба левизодагоне, ки сандуқи аҳди Яҳуваро мебурданд, чунин гуфт: 26  «Ин китоби Тавротро*+ гирифта, дар бари сандуқи аҳди Худоятон Яҳува гузоред+ ва бигзор он бар зидди шумо шоҳидӣ диҳад, 27  зеро ман саркашӣ ва якравии шуморо ба хубӣ медонам.+ Шумо ки ҳангоми зинда буданам ин хел рафтор мекардед ва бар зидди Яҳува мебаромадед, баъд аз маргам ба корҳои бадтар даст мезанед! 28  Тамоми пирони қабилаҳо ва сардоронатонро назди ман ҷамъ оред ва ман ба гӯши онҳо ин суханонро мерасонам ва осмону заминро бар зидди онҳо ба шоҳидӣ даъват мекунам.+ 29  Ман медонам, ки шумо баъд аз мурданам бадкорона амал намуда,+ аз роҳи фармудаам дур мешавед ва дар оянда ба саратон ҳатман бало меояд,+ зеро шумо он чиро, ки дар назари Яҳува бад аст, ба амал оварда, бо корҳои худ ӯро хашмгин хоҳед намуд». 30  Сипас Мӯсо суханони ин сурудро аз аввал то охир ба гӯши тамоми ҷамоати Исроил хонд:+

Поварақҳо

Ё «Иди Хаскаппаҳо».
Дар матни асл «бо худоёни бегона... зино хоҳад кард». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Яъне мемирад.
Аз афташ, Худо.
Ё «китоби Шариатро».