5 Мӯсо 29:1-29

  • Аҳде, ки бо исроилиён дар Мӯоб баста шуд (1–13)

  • Огоҳӣ аз оқибати беитоатӣ (14–29)

    • Чизҳои пинҳонӣ, чизҳои ошкор (29)

29  Ин аст суханони аҳде, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, то онро дар Мӯоб бо мардум бандад, ғайр аз аҳде, ки ӯ бо онҳо дар Ҳӯриб баста буд.+  Мӯсо тамоми халқи Исроилро ҷамъ оварда, гуфт: «Шумо ҳар он чиро, ки Яҳува дар Миср бо фиръавну хизматгоронаш ва бо тамоми замини ӯ карда буд, бо чашмони худ дидед,+  ӯ дар пеши чашмонатон ҷазои азим ва аломату муъҷизаҳои бузург ба амал овардааст.+  Аммо Яҳува то ба имрӯз ба шумо дили доно, чашми бино ва гӯши шунаво надодааст.+  “Вақте ман 40 сол шуморо дар биёбон мебурдам,+ либосатон лах-лах ва пойафзолатон куҳна нашуд.+  Шумо нон намехӯрдед ва шаробу дигар нӯшокиҳои мастиовар наменӯшидед, то бидонед, ки ман Худоятон Яҳува ҳастам”.  Оқибат шумо ба ин ҷой расидед ва Сиҳӯни подшоҳи Ҳешбӯн+ ва Ӯҷи подшоҳи Бошон+ барои бо мо ҷангидан омаданд, аммо мо онҳоро шикаст додем.+  Сипас мо замини онҳоро гирифта, ба реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше мерос додем.+  Пас, суханони ин аҳдро риоя намоед ва ба ҷо оред, то ҳамаи корҳоятон барор ёбад.+ 10  Имрӯз ҳамаи шумо дар пеши Худоятон Яҳува истодаед: сарварони қабилаҳо, пирон, сардорон, ҳама мардони Исроил, 11  кӯдакону занонатон+ ва ғарибе,+ ки дар миёни хаймагоҳи шумост, аз касе, ки ҳезум мешиканад, то касе, ки об мекашад. 12  Ту ба ин ҷо барои он омадаӣ, ки ба аҳд ва савгандномаи Худоят Яҳува, ки имрӯз Худоят Яҳува бо ту мебандад, шарик шавӣ,+ 13  то ӯ имрӯз туро халқи худ гардонад+ ва Худои ту бошад,+ ҳамон тавре ки ӯ ба ту ваъда додаасту ба бобоёнат Иброҳим,+ Исҳоқ+ ва Яъқуб,+ қасам хӯрдааст. 14  Ман ин аҳд ва савгандномаро танҳо бо шумо намебандам. 15  Ман, ғайр аз онҳое, ки имрӯз бо моянд ва ба ҳузури Яҳува истодаанд, ин аҳдро боз бо онҳое мебандам, ки дар ин ҷо бо мо нестанд. 16  Шумо худатон нағз медонед, ки мо дар Миср чӣ тавр зиндагӣ мекардем ва чӣ тавр ҳангоми сафар аз миёни халқҳои гуногун гузашта будем.+ 17  Шумо чизҳои нафратангез ва бутҳои ҳароми* онҳоро,+ ки аз чӯб, санг, нуқра ва тилло буданд, дидед. 18  Пас, эҳтиёт шавед, ки имрӯз дар байнатон марду зан, хонавода ё қабилае ёфт нашавад, ки аз Худоятон Яҳува дур шуда, ба худоёни халқҳо хизмат кунанд,+ то дар миёни шумо решае ёфт нашавад, ки заҳру тахач бор оварад.+ 19  Аммо, агар касе суханони ин савгандномаро шунаваду дар дили худ лоф зада, чунин гӯяд: “Бо роҳи дилхоҳам равам ҳам, осоиштагӣ хоҳам дошт”, ва бар сари одамони гирду атрофаш бало орад*, 20  Яҳува ӯро намебахшад.+ Баръакс, хашму ғазаби Яҳува бар ӯ аланга мезанад ва тамоми лаънате, ки дар ин китоб навишта шудааст, бар сари ӯ меояд+ ва Яҳува номашро аз зери осмон нест мекунад. 21  Яҳува ӯро барои ба сараш бало овардан аз миёни ҳама қабилаҳои Исроил ҷудо мекунад, мувофиқи тамоми лаънате, ки дар ин китоби Таврот* навишта шудааст. 22  Насли ояндаатон, яъне фарзандонатон ва бегонае, ки аз замини дурдаст биёяд, балоҳо ва бемориҳоеро, ки Яҳува бар ин замин овардааст, хоҳанд дид, 23  яъне кибрит*, намак ва алангаҳои оташро. Вақте онҳо бубинанд, ки дар он замин чизе намекоранду дар он чизе намерӯяд ва растание намесабзад ва он мисли Садӯм, Амӯро,+ Адмо ва Сабӯим+ гаштааст, ки хашму ғазаби Яҳува бар онҳо аланга зада, онҳоро нест карда буд, 24  он гоҳ онҳо ва тамоми халқҳо чунин хоҳанд гуфт: “Барои чӣ Яҳува бо ин замин чунин кардааст?+ Сабаби аланга гирифтани хашми бузургаш дар чист?” 25  Сипас ба онҳо ҷавоб хоҳанд дод: “Аз сабаби он ки онҳо аҳди Худои бобоёнашон, Яҳуваро, тарк карданд,+ ки ӯ онро бо онҳо ҳангоми аз замини Миср берун оварданашон баста буд.+ 26  Онҳо рафта худоёни дигарро хизмат карданд ва ба онҳо саҷда бурданд, худоёнеро, ки онҳо намешинохтанд ва Худо ба онҳо парастиш карданашонро нафармуда буд.+ 27  Он гоҳ хашми Яҳува бар ин замин аланга зад ва ӯ тамоми лаънатеро, ки дар ин китоб навишта шудааст, бар он овард.+ 28  Аз ин рӯ Яҳува бо қаҳру ғазаб ва хашми бузургаш онҳоро аз заминашон решакан кард+ ва ба замини дигар партофт, ҳамон тавре ки имрӯз мебинед”.+ 29  Чизҳои пинҳонӣ аз Худоямон Яҳува аст,+ аммо чизҳои ошкор то абад аз мо ва насламон аст, то мо тамоми суханони ин Шариатро ба ҷо орем.+

Поварақҳо

Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «то ки сероб ва ташнаро якҷоя нобуд созад».
Ё «китоби Шариат».
Ё «сулфур».