4 Подшоҳон 14:1-29
14 Дар соли дуюми Еҳуоши+ писари Еҳуоҳози подшоҳи Исроил Амасёи писари шоҳ Еҳуош дар Яҳудо подшоҳ шуд.
2 Ӯ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 29 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модараш Еҳуаддин ном дошт ва аз Ерусалим буд.+
3 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, вале на ҳамчун бобояш Довуд.+ Ӯ аз ҳар ҷиҳат мисли падараш Еҳуош амал мекард.+
4 Аммо баландиҳо барҳам дода нашуданд+ ва халқ ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ оварда дуд мекард.+
5 Ҳамин ки подшоҳӣ дар дасти Амасё устувор гашт, ӯ ходимонеро, ки шоҳро, падари ӯро, кушта буданд, ба қатл расонд.+
6 Лекин ӯ писарони кушандагони падарашро накушт, зеро Яҳува дар китоби Шариати Мӯсо чунин фармуда буд: «Падарон барои писарон ва писарон барои падарон набояд кушта шаванд. Ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад».+
7 Ӯ 10 000 адӯмиро+ дар водии Намак+ зарба зад ва Селаъро забт карда,+ номашро Ёқтаил гузошт, ки то ба имрӯз чунин аст.
8 Амасё ба назди Еҳуоши писари Еҳуоҳози писари Еҳуи шоҳи Исроил хабаррасонҳоро фиристода, гуфт: «Биё биҷангем*».+
9 Еҳуоши шоҳи Исроил ба Амасёи шоҳи Яҳудо чунин ҷавоб фиристод: «Хоре дар Лубнон ба сидраи Лубнон паём фиристода гуфт: “Духтаратро ба писарам ба занӣ бидеҳ”. Вале ҳайвони ваҳшие дар Лубнон аз пеши хор гузашта, онро поймол кард.
10 Ту Адӯмро шикаст додӣ+ ва дилат мағрур шуд. Аз ғалабаат хурсанд шаву дар хонаат бишин. Чӣ даркор аст, ки ба сарат фалокат оварда худату Яҳудоро фурӯ ғалтонӣ?»
11 Вале Амасё ба вай гӯш надод.+
Он гоҳ Еҳуоши шоҳи Исроил ба ҷанг баромада, бо Амасёи шоҳи Яҳудо дар Байт-Шемеши+ Яҳудо+ биҷангид.
12 Аҳли Яҳудо аз дасти Исроил шикаст хӯрд ва ҳар як яҳудӣ ба хонаи* худ гурехт.
13 Еҳуоши шоҳи Исроил Амасёи шоҳи Яҳудои писари Еҳуоши писари Аҳазёро дар Байт-Шемеш дастгир кард ва ӯро бо худ ба Ерусалим оварда, девори Ерусалимро, аз дарвозаи Эфроим+ то дарвозаи Кунҷакӣ,+ ба андозаи 400 газ* вайрон кард.
14 Ӯ тамоми тилло, нуқра ва ҳар чизи қиматбаҳоеро, ки дар хонаи Яҳува ва ганҷинаҳои қасри шоҳ ёфт шуд, ҳамчунин гаравгононро гирифта, ба Сомария баргашт.
15 Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳуош, корҳои ӯ, қудрати ӯ ва бо Амасёи шоҳи Яҳудо ҷангидани ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.
16 Еҳуош ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва бо подшоҳони Исроил дар Сомария гӯронда шуд.+ Ба ҷойи ӯ писараш Ёробъом*+ подшоҳ шуд.
17 Амасёи+ писари Еҳуоши шоҳи Яҳудо баъд аз марги Еҳуоши+ писари Еҳуоҳози шоҳи Исроил 15 сол зиндагӣ кард.+
18 Воқеаҳои дигари ҳаёти Амасё дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.
19 Чанде пас дар Ерусалим забон як карданд, ки Амасёро кушанд,+ ва ӯ ба Локиш гурехт, вале аз пасаш ба Локиш одам фиристода, ӯро дар он ҷо куштанд.
20 Ҷасади ӯро бо аспҳо оварда, бо бобоёнаш дар Ерусалим, дар Шаҳри Довуд, гӯронданд.+
21 Пас аз ин тамоми мардуми Яҳудо Азарёи*+ 16-соларо+ ба ҷойи падараш Амасё подшоҳ кард.+
22 Баъд аз он ки подшоҳ* бо бобоёнаш хобид, Азарё Эйлатро+ ба Яҳудо баргардонда, аз нав бино кард.+
23 Дар соли 15-уми Амасёи писари Еҳуоши подшоҳи Яҳудо Ёробъоми+ писари Еҳуоши подшоҳи Исроил дар Сомария подшоҳ шуд ва 41 сол ҳукмронӣ кард.
24 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард ва аз тамоми гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард,+ дур нашуд.
25 Ӯ мувофиқи каломе, ки Яҳува, Худои Исроил, ба воситаи бандааш Юнуси+ писари Амиттай, пайғамбари ҷатҳеферӣ,+ гуфта буд, сарҳади Исроилро аз Лебӯ-Ҳамот*+ то баҳри Аробо*+ барқарор кард,
26 зеро Яҳува дид, ки азоби Исроил сахт аст+ ва ҳатто шахси сусту нотавоне нест, ки ба Исроил мадад кунад.
27 Аммо Яҳува ваъда дода буд, ки номи Исроилро аз зери осмон нест намекунад,+ барои ҳамин онҳоро бо дасти Ёробъоми писари Еҳуош наҷот дод.+
28 Воқеаҳои дигари ҳаёти Ёробъом, дар бораи тамоми корҳои ӯ, қудрати ӯ, ҷангидан ва Димишқу+ Ҳамотро+ боз тобеи Яҳудою Исроил кардани ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.
29 Ёробъом ором гирифта бо бобоёнаш, подшоҳони Исроил, хобид. Ба ҷойи ӯ писараш Закарё+ подшоҳ шуд.
Поварақҳо
^ Ё «рӯ ба рӯ шавем».
^ Дар матни асл «хаймаи».
^ Тақрибан 178 м. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Яъне Ёробъоми II.
^ Маънояш «Яҳува мадад кард». Дар 2Пш 15:13; 2Вқ 26:1–23; Иш 6:1 ва Зк 14:5 ӯ Узиё номида шудааст.
^ Яъне падараш Амасё.
^ Яъне баҳри Намак, ё баҳри Мурда.
^ Ё «даромадгоҳи Ҳамот».