2 Подшоҳон 8:1-18
8 Чанд вақт пас Довуд фалиштиёнро+ шикаст дода тобеи худ кард+ ва Метег-Ҳаамморо аз дасти онҳо гирифт.
2 Довуд мӯобиёнро+ шикаст дод ва онҳоро рӯйи замин хобонда, бо таноб чен кард. Ӯ онҳоро ду таноб чен карда, ба қатл расонд ва як таноби пурра чен карда, зинда гузошт.+ Аз он вақт сар карда, мӯобиён хизматгори Довуд шуда ба ӯ хироҷ медоданд.+
3 Довуд Ҳададозари писари Раҳӯб, подшоҳи Сӯборо,+ вақте ӯ мерафт, то ҳокимияти худро назди дарёи Фурот+ барқарор кунад, шикаст дод.
4 Довуд аз лашкари ӯ 1700 сарбози савора ва 20 000 сарбози пиёдаро асир кард. Сипас Довуд рагу пайи ҳамаи аспони аробаҳоро, ғайр аз 100 асп,+ бурид.
5 Вақте арамиёни Димишқ+ ба ёрии Ҳададозари подшоҳи Сӯбо омаданд, Довуд 22 000 арамиро кушт.+
6 Довуд дар Арами* Димишқ дастаҳои сарбозонашро гузошт ва арамиён хизматгори Довуд шуда ба ӯ хироҷ медоданд. Яҳува Довудро, ба ҳар ҷое ки ӯ мерафт, дастболо мекард*.+
7 Ҳамчунин Довуд сипарҳои тиллоии гирдеро аз ходимони Ҳададозар гирифта, ба Ерусалим овард.+
8 Ғайр аз ин, аз Ботаҳ ва Берутай, шаҳрҳои Ҳададозар, подшоҳ Довуд миси бисёре гирифт.
9 Тӯвии подшоҳи Ҳамот+ шунид, ки Довуд лашкари Ҳададозарро+ торумор кард.
10 Тӯвӣ писараш Юромро ба назди шоҳ Довуд фиристод, то ӯро аҳволпурсӣ намояд ва ба муносибати он ки Довуд бо Ҳададозар ҷангида, ӯро шикаст дод, муборакбод гӯяд (зеро Ҳададозар бо Тӯвӣ бисёр меҷангид). Юром бо худ ашёи нуқра, тилло ва мис овард.
11 Шоҳ Довуд ин ашёро ба Яҳува бахшид, мисли он нуқраю тиллое, ки аз тамоми халқҳои тобеъ гирифта буд:+
12 аз Арам, Мӯоб,+ аммӯниён, фалиштиён,+ амолеқиён+ ва аз ғанимати Ҳададозари+ писари Раҳӯб, подшоҳи Сӯбо.
13 Вақте Довуд 18 000 адӯмиро дар водии Намак+ шикаст дода, баргашт, шуҳрат пайдо кард.
14 Ӯ дар Адӯм, дар тамоми он кишвар, дастаҳои сарбозонро гузошт ва ҳамаи адӯмиён хизматгори Довуд шуданд.+ Яҳува Довудро, ба ҳар ҷое ки ӯ мерафт, дастболо мекард*.+
15 Довуд бар тамоми Исроил ҳукм меронд+ ва халқи худро аз рӯйи адлу инсоф+ доварӣ мекард.+
16 Юоби+ писари Саруё сарлашкар ва Еҳушофоти+ писари Аҳилуд таърихнавис буд.
17 Содӯқи+ писари Аҳитуб ва Аҳималики писари Абётор коҳин* ва Сароё котиб буд.
18 Баноёи+ писари Еҳуёдоъ сардори каритиёну фалитиён+ буд ва писарони Довуд сардорони олимақом* буданд.