2 Подшоҳон 20:1-26
20 Дар он ҷо марди нобакоре буд, ки писари Бикрии бинёминӣ буда, Сабо+ ном дошт. Ӯ шох+ навохта, гуфт: «Мо дар Довуд ҳиссае ва дар писари Исой меросе надорем.+ Эй Исроил!+ Ҳамаатон назди худоёни* худ баргардед».
2 Он гоҳ ҳамаи мардони Исроил аз Довуд ҷудо шуда, аз паси Сабои писари Бикрӣ рафтанд,+ мардуми Яҳудо бошад, бо подшоҳ монд ва аз Урдун то Ерусалим ӯро ҳамроҳӣ кард.+
3 Вақте ки Довуд ба Ерусалим, ба қасри худ,+ омад, даҳ суррияеро*, ки барои нигоҳубини он гузошта буд,+ гирифта, ба хонаи алоҳида, зери назорати посбонон монд. Ӯ онҳоро таъмин мекард, аммо бо онҳо ҳамхоб намешуд.+ Ин занон то рӯзи маргашон зиндабева буданд ва дар он хона зери назорат мезистанд.
4 Подшоҳ ба Амосо+ гуфт: «Дар байни се рӯз мардуми Яҳудоро ба наздам ҷамъ кун ва худат низ биё».
5 Амосо рафт, то мардуми Яҳудоро ҷамъ кунад, вале ӯ дер карда, дар вақте ки подшоҳ барояш муқаррар кард, наомад.
6 Он гоҳ Довуд ба Абишой+ гуфт: «Сабои+ писари Бикрӣ ба мо аз Абшолӯм бештар зарар мерасонад.+ Ходимони хоҷаатро гирифта, аз паси ӯ сур кун, то шаҳрҳои ҳисордор ёфта, аз дасти мо халос нахӯрад».
7 Мардони Юоб,+ каритиён, фалитиён+ ва тамоми мардони тавоно аз пайи ӯ рафтанд. Онҳо аз Ерусалим баромаданд, то аз паси Сабои писари Бикрӣ сур кунанд.
8 Вақте ки онҳо ба санги калони Ҷибъӯн+ наздик шуданд, бо Амосо+ рӯ ба рӯ гаштанд. Юоб дар тан либоси ҷангӣ дошт ва дар камараш шамшери ғилофдор овезон буд. Вақте ки ӯ пеш омад, шамшераш аз ғилоф афтод.
9 Юоб ба Амосо гуфт: «Эй бародарам, сиҳату саломатӣ?» Ӯ бо дасти росташ аз риши Амосо гирифта, вайро бӯсиданӣ шуд.
10 Амосо ба шамшере, ки дар дасти Юоб буд, аҳамият надод ва Юоб бо он ба шикамаш зад,+ ба тавре ки рӯдаҳояш ба замин рехт. Юоб ӯро дуюмбора шамшер назад, зеро ҳамон як зарба марговар буд. Сипас Юоб ва бародараш Абишой аз паси Сабои писари Бикрӣ сур карданд.
11 Яке аз одамони Юоб дар назди Амосо истода, мегуфт: «Ҳар кӣ тарафдори Юоб ва Довуд бошад, аз паси Юоб равад!»
12 Тамоми он вақт Амосо дар миёни роҳ ба хуни худ ҷӯлида ҷон меканд. Вақте он ходими Юоб дид, ки ҳамаи одамон аз роҳ бозмеистанд, Амосоро аз роҳ ба тарафи саҳро кашида бурд. Ӯ ба болояш либос партофт, зеро дид, ки ҳар кӣ аз пеши Амосо гузарад, меистад.
13 Баъди он ки ӯ Амосоро аз сари роҳ дур кард, тамоми мардон аз паси Юоб рафтанд, то Сабои+ писари Бикриро сур кунанд.
14 Сабо аз ҳамаи қабилаҳои Исроил гузашта, ба Обили Байт-Маако+ расид ва ҳамаи бикриён ҷамъ шуда, аз паси ӯ ба шаҳр даромаданд.
15 Юоб ва одамонаш омада, Обили Байт-Маакоро, ки Сабо дар он буд, муҳосира карданд ва бар зидди он хокрез* бардоштанд, чунки ҳисори он шаҳр бар хокрез сохта шуда буд. Ҳамаи одамоне, ки бо Юоб буданд, зери ҳисорро кандан гирифтанд, то онро афтонанд.
16 Он гоҳ зани хирадманде аз девори шаҳр фарёд зада гуфт: «Ба ман гӯш диҳед, гӯш диҳед! Илтимос, ба Юоб чунин гӯед: “Ба ин ҷо биё, ман ба ту гап дорам”».
17 Вақте ӯ омад, он зан пурсид: «Оё Юоб ту ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Бале, Юоб манам». Он зан гуфт: «Ба сухани канизат гӯш деҳ». Юоб гуфт: «Гап зан».
18 Зан гуфт: «Дар гузашта чунин мегуфтанд: “Дар Обил маслиҳат пурсанд ва ҳалли масъаларо меёбанд”.
19 Ман аз номи касони сулҳҷӯю бовафои Исроил гап мезанам. Ту шаҳреро, ки дар Исроил мисли модар аст, нобуд сохтаниӣ. Мероси Яҳуваро+ ба хок яксон кардани* ту чӣ лозим аст?»
20 Юоб ҷавоб дод: «Ман ҳаргиз онро ба хок яксон карда нобуд сохтанӣ набудам!
21 Гап дар сари дигар чиз аст. Сабои+ писари Бикрӣ ном марде, ки аз кӯҳистони Эфроим+ аст, бар зидди шоҳ Довуд исён бардошт. Агар ин одамро ба дасти ман супоред, аз шаҳр ақиб мегардам». Он зан ба Юоб гуфт: «Каллаи ӯро аз девор ба ту хоҳанд партофт».
22 Он зани бохирад дарҳол ба назди тамоми мардум рафт ва онҳо каллаи Сабои писари Бикриро аз танаш ҷудо карда, ба Юоб партофтанд. Он гоҳ Юоб шох навохт ва ҷанговарон аз назди шаҳр пароканда шуда, ҳама ба хонаи худ рафтанд+ ва Юоб ба назди подшоҳ, ба Ерусалим, баргашт.
23 Юоб — сарлашкари Исроил,+ Баноёи+ писари Еҳуёдоъ+ — сардори каритиёну фалитиён+
24 ва Адӯром+ сардори касоне буд, ки меҳнати маҷбуриро ба ҷо меоварданд. Еҳушофоти+ писари Аҳилуд — таърихнавис,
25 Шево — котиб ва Содӯқу+ Абётор+ коҳин буданд.
26 Ирои ёирӣ дар дарбори Довуд сардори олимақом* буд.