2 Мӯсо 16:1-36

  • Мардум аз гушнагӣ шикоят мекунад (1–3)

  • Яҳува шикояти мардумро мешунавад (4–12)

  • Худо ба исроилиён бедона ва манн медиҳад (13–21)

  • Рӯзи шанбе манн намешавад (22–30)

  • Маннро чун ёдоварӣ нигоҳ медоранд (31–36)

16  Мардуми Исроил аз Элим баромада, дар рӯзи 15-уми моҳи дуюми аз Миср баромаданашон ба биёбони Син,+ ки дар байни Элим ва Сино ҷойгир аст, расиданд.  Он гоҳ тамоми мардум дар биёбон аз Мӯсову Ҳорун шикоят кардан гирифтанд.+  Исроилиён ба онҳо мегуфтанд: «Кошки аз дасти Яҳува дар замини Миср мемурдем, зеро дар он ҷо мо дар сари деги гӯшт менишастем+ ва шикамсерӣ нон мехӯрдем. Ту моро ба ин биёбон овардӣ, то тамоми ҷамоатро аз гушнагӣ бикушӣ».+  Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ман аз осмон бароятон нон меборонам+ ва бигзор тамоми мардум баромада, ризқи ҳаррӯзаро барои худ ҷамъ оваранд,+ то ки ман онҳоро бисанҷам, ки оё мувофиқи шариати ман амал мекунанд ё не.+  Лекин дар рӯзи шашум+ бигзор назар ба рӯзҳои дигар ду баробар зиёдтар ҷамъ оварда, барои худ хӯрок тайёр кунанд».+  Мӯсову Ҳорун ба халқи Исроил гуфтанд: «Бегоҳ шумо хоҳед донист, ки шуморо аз Миср Яҳува берун овардааст.+  Саҳаргоҳон шумо ҷалоли Яҳуваро мебинед, зеро Яҳува шикваву шикоятеро, ки аз ӯ кардед, шунидааст. Мо кистем, ки шумо аз мо шикоят мекунед?»  Мӯсо суханашро давом дода гуфт: «Вақте Яҳува ба шумо бегоҳӣ гӯшт ва саҳаргоҳон ба серӣ нон диҳад, шумо мефаҳмед, ки Яҳува шикоятҳоеро, ки аз ӯ мекунед, шунидааст. Мо худамон кистем? Охир, шумо аз мо не, балки аз Яҳува шикоят мекунед».+  Он гоҳ Мӯсо ба Ҳорун гуфт: «Ба тамоми мардуми Исроил бигӯ: “Биёед ва дар пеши Яҳува биистед, зеро ӯ шикоятҳои шуморо шунидааст”».+ 10  Ҳамин ки Ҳорун ба мардум ин суханонро гуфт, онҳо рӯяшонро сӯйи биёбон гардонданд ва ҷалоли Яҳуваро диданд, ки дар абр пайдо шуд.+ 11  Яҳува ҳамчунин ба Мӯсо гуфт: 12  «Ман шикваю шикояти исроилиёнро шунидам.+ Ба онҳо бигӯ: “Шомгоҳон шумо гӯшт хоҳед хӯрд ва саҳаргоҳон аз нон сер хоҳед шуд.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува Худои шумо ҳастам”».+ 13  Чунин шуд, ки он бегоҳ селаи бедонаҳо пайдо шуда, тамоми хаймагоҳро пӯшониданд,+ саҳаргоҳон бошад, гирдогирди хаймагоҳро қабати шабнам пӯшонида буд. 14  Вақте шабнам бухор шуд, дар рӯйи биёбон донаҳои майда-майдае мисли барфреза пайдо шуд.+ 15  Вақте исроилиён ин донаҳоро диданд, ба якдигар гуфтанд: «Ин чист?», зеро онҳо намедонистанд, ки он чист. Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ин нонест, ки Яҳува ба шумо додааст, то бихӯред.+ 16  Яҳува ба шумо чунин мефармояд: “Ҳар кас ба андозаи хӯрданаш аз он ҷамъ кунад. Шумо бояд мувофиқи шумораи одамоне, ки дар хаймаатон мебошанд, сари ҳар кас як ӯмар*+ ҷамъ оред”». 17  Исроилиён ҳамин тавр карданд. Баъзеи онҳо бисёр ҷамъ карданд ва баъзеашон кам. 18  Вақте чизи ғундоштаашонро аз рӯйи ӯмар баркашиданд, касе бисёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт ва касе кам ҷамъ карда буд, камӣ надошт.+ Ҳар кас ба андозаи хӯрданаш ҷамъ оварда буд. 19  Мӯсо ба онҳо гуфт: «Касе аз он чизеро то саҳар намонад».+ 20  Вале онҳо ба гапи Мӯсо гӯш надоданд, баъзеҳо як қисми онро то саҳар монданд ва он кирм зада, бӯй гирифт. Мӯсо аз ин дарғазаб шуд. 21  Онҳо ҳар саҳар аз он ба андозаи хӯрданашон ҷамъ меоварданд ва, вақте офтоб гарм мекард, он об мешуд. 22  Дар рӯзи шашум онҳо нони дучанд ҷамъ оварданд:+ сари ҳар кас ду ӯмар. Пас ҳама сардорони мардум назди Мӯсо омада, дар ин бора хабар доданд. 23  Мӯсо ба онҳо гуфт: «Яҳува мегӯяд: “Пагоҳ оромии пурра, шанбеи муқаддаси Яҳува аст.+ Он чиро, ки пухтаниед, бипазед, он чиро, ки ҷӯшонданӣ ҳастед, биҷӯшонед+ ва ҳар он чиро, ки зиёдатӣ кунад, то саҳарӣ нигоҳ доред”». 24  Онҳо, чи тавре ки Мӯсо фармуда буд, нонро то саҳар нигоҳ доштанд ва он бадбӯ нашуду онро кирм назад. 25  Сипас Мӯсо гуфт: «Онро имрӯз бихӯред, зеро имрӯз шанбеи Яҳува аст. Имрӯз шумо нонро бар рӯйи замин намеёбед. 26  Ин нонро дар муддати шаш рӯз ҷамъ кунед, аммо рӯзи ҳафтум, рӯзи шанбе,+ он намешавад». 27  Аммо баъзе аз мардум рӯзи ҳафтум берун баромаданд, то онро ҷамъ кунанд, вале ҳеҷ чиз наёфтанд. 28  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «То ба кай шумо аз иҷрои амрҳову қонунҳои ман рӯ метобед?+ 29  Дар хотир доред, ки Яҳува ба шумо рӯзи шанберо додааст.+ Барои ҳамин ӯ ба шумо дар рӯзи шашум барои ду рӯз нон медиҳад. Ҳар кас бояд дар ҷойи худ бимонад, ҳеҷ кас набояд дар рӯзи ҳафтум аз макони худ дур шавад». 30  Бинобар ин мардум дар рӯзи ҳафтум рӯзи шанберо риоя намуд*.+ 31  Исроилиён номи он нонро «манн»* гузоштанд. Он мисли тухми гашнич сафед буду мазаи кулчаи асалиро дошт.+ 32  Мӯсо гуфт: «Яҳува чунин мефармояд: “Аз он як ӯмарро пур карда, аз насл ба насл нигоҳ доред,+ то фарзандонатон нонеро, ки ман ба шумо дар биёбон, ҳангоми аз замини Миср баромаданатон, додам, бубинанд”». 33  Мӯсо ба Ҳорун гуфт: «Кӯзае бигир ва дар он як ӯмар манн андохта, онро дар ҳузури Яҳува бигузор, то барои наслҳои шумо нигоҳ дошта шавад».+ 34  Ҳорун, чи тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, онро дар пеши сандуқи гувоҳӣ*+ гузошт, то он нигоҳ дошта шавад. 35  Исроилиён 40 сол манн хӯрданд,+ то даме ки ба замини одамнишин, ба сарҳади замини Канъон,+ омаданд.+ 36  Ӯмар даҳяки эфа* мебошад.

Поварақҳо

Як ӯмар тақрибан ба 2,2 л. баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «мардум дар рӯзи ҳафтум дам гирифт».
Эҳтимол, аз ибораи ибронии «Ин чист?» гирифта шудааст.
Сандуқи гувоҳӣ — ҷое барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои муҳим.
Як эфа ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.