1 Қӯринтиён 10:1-33

  • Огоҳиҳо аз таърихи исроилиён (1–13)

  • Огоҳӣ аз бутпарастӣ (14–22)

    • Дастархони Яҳува ва дастархони девҳо (21)

  • Озодии мо ва виҷдони дигарон (23–33)

    • «Ҳама чиро барои ҷалоли Худо ба ҷо оред» (31)

10  Эй бародарон, мехоҳам бидонед, ки бобоёни мо ҳамаашон дар зери абр буданд,+ ҳама аз баҳр гузаштанд,+  ҳама ба воситаи абр ва баҳр чун пайравони Мӯсо таъмид гирифтанд*,  ҳама як хӯроки рӯҳониро хӯрданд+  ва аз як оби рӯҳонӣ нӯшиданд.+ Онҳо аз кӯҳи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз ақибашон меомад, ва он кӯҳ Масеҳ буд*.+  Аммо, азбаски Худо аз аксари онҳо розӣ набуд, дар биёбон мурданд.+  Ҳамаи ин барои огоҳии мост, то мисли онҳо чизҳои бадро орзу накунем+  ва монанди баъзеи онҳо бутпараст нашавем, чуноне ки навишта шудааст: «Мардум ба хӯрдану нӯшидан нишастанд ва сипас бархоста, вақтхушӣ карданд».+  Ҳамчунин зино* накунем, чуноне ки онҳо карданд ва дар як рӯз 23 ҳазорашон ҳалок шуданд.+  Биёед Яҳуваро наозмоем,+ чи тавре ки баъзеи онҳо озмуданд ва морҳо онҳоро газида, нобуд сохтанд.+ 10  Биёед шикоят ҳам накунем, чуноне ки баъзеи онҳо карданд+ ва аз дасти нобудгар ба ҳалокат расиданд.+ 11  Чизҳое, ки бо онҳо рӯй дод, барои он навишта шуд, то ба мо, ки дар охири ин замона* зиндагӣ мекунем, огоҳӣ бошад.+ 12  Пас, ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт шавад, ки наафтад.+ 13  Васвасаҳое*, ки шумо бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, васвасаҳои одии инсониянд.+ Лекин Худо амину бовафо аст ва ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ васваса шавед,+ балки дар вақти васваса ёрӣ медиҳад, ки истодагарӣ кунед.+ 14  Пас, эй азизон, аз бутпарастӣ бигрезед.+ 15  Бо шумо чун бо касони бофаҳм гап мезанам: худатон ба суханонам баҳо диҳед. 16  Магар нӯшидан аз пиёлаи шукргузорӣ, ки барояш Худоро шукр мегӯем, шарик шудан ба хуни Масеҳ нест?+ Магар хӯрдани ноне, ки онро мешиканем, шарик шудан ба бадани Масеҳ нест?+ 17  Азбаски нон яктост, мо ҳам, гарчанд бисёрем, як бадан ҳастем,+ зеро ҳамаамон аз ҳамон як нон мехӯрем. 18  Ба халқи Исроил диққат диҳед: оё касоне, ки қурбониҳоро мехӯранд, бо қурбонгоҳ шарик нестанд?+ 19  Ман бо ин суханонам чӣ гуфтаниям? Оё гуфтаниям, ки гӯшти қурбонии бутҳо ё худи бут аҳамияте дорад? 20  Не. Он чӣ халқҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо.+ Ман бошам, намехоҳам, ки шумо шарики девҳо гардед.+ 21  Шумо наметавонед ҳам аз пиёлаи Яҳува бинӯшеду ҳам аз пиёлаи девҳо, наметавонед ҳам аз «дастархони Яҳува»+ бихӯреду ҳам аз дастархони девҳо. 22  Магар мо мехоҳем рашки Яҳуваро орем?+ Магар мо аз ӯ пурзӯртарем? 23  Ҳама чиз равост, вале на ҳар чиз фоиданок аст. Ҳама чиз равост, вале на ҳар чиз обод мекунад.+ 24  Бигзор ҳар кас фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё бошад.+ 25  Ҳар гӯштеро, ки дар бозор мефурӯшанд, бе пурсуков бихӯред ва бигзор виҷдонатон шуморо азоб надиҳад, 26  зеро «замин ва ҳар чӣ дар он аст, аз Яҳува аст».+ 27  Агар касе, ки ҳамимонатон нест, шуморо ба меҳмонӣ таклиф кунад ва шумо рафтанӣ шавед, ҳар чизеро, ки пешатон монанд, бе пурсуков бихӯред ва бигзор виҷдонатон шуморо азоб надиҳад. 28  Вале, агар касе ба шумо гӯяд, ки ин гӯшти қурбонии бутҳост, ба хотири касе, ки инро гуфт, ва ба хотири виҷдон онро нахӯред.+ 29  Ман виҷдони шуморо дар назар надорам, балки виҷдони каси дигарро. Ман намехоҳам аз ин озодиям истифода барам, агар виҷдони каси дигар маро барои озодии доштаам маҳкум кунад.+ 30  Ҳатто агар ман бо шукргузорӣ хӯрам, вале дигарон маро барои ин маҳкум кунанд, оё ин рафторам дуруст аст?+ 31  Бинобар ин хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед ё кори дигаре мекунед, ҳама чиро барои ҷалоли Худо ба ҷо оред.+ 32  Эҳтиёт шавед, ки бо ягон коратон яҳудиён, юнониён ё ҷамоати Худоро пешпо надиҳед,+ 33  чунки худи ман ҳам кӯшиш мекунам, ки дар ҳар бобат дили ҳамаро ёбам, ва на фоидаи худ,+ балки фоидаи касони зиёдро ҷӯё ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.+

Поварақҳо

Таъмид — ниг. ба луғат.
Ё «рамзи Масеҳ буд».
Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Замона — ниг. ба луғат.
Ё «Озмоишҳое».