1 Юҳанно 2:1-29

  • Исо — қурбонии оштӣ (1, 2)

  • Иҷро кардани амрҳои Худо (3–11)

    • Амри куҳна ва нав (7, 8)

  • Сабаби навиштани ин нома (12–14)

  • Ҷаҳонро дӯст надоред (15–17)

  • Огоҳӣ аз зиддимасеҳ (18–29)

2  Эй фарзандони азиз, ин чизҳоро ба шумо менависам, то гуноҳе накунед. Лекин, агар касе гуноҳе кунад, мо дар назди Худо мададгоре* дорем, ки Исои Масеҳи+ росткор аст.+  Ӯ барои гуноҳҳои мо қурбонии оштӣ* аст+ ва на танҳо барои гуноҳҳои мо,+ балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон.+  Агар мо иҷро кардани амрҳои ӯро давом диҳем, он гоҳ мефаҳмем, ки ӯро шинохтаем.  Касе, ки «ман ӯро мешиносам» мегӯяду амрҳои ӯро иҷро намекунад, дурӯғгӯй аст ва дар чунин кас ростӣ нест.  Лекин ҳар кӣ суханони ӯро иҷро мекунад, дар вай муҳаббат ба Худо, ҳақиқатан ҳам, комил гардидааст.+ Бо ҳамин роҳ мо мефаҳмем, ки бо ӯ ягонагӣ дорем.+  Касе бигӯяд, ки бо ӯ ягонагӣ дорад, бояд ҳамчунин мисли ӯ ҳаёт ба сар барад.+  Эй азизон, ман ба шумо на дар бораи амри нав, балки дар бораи амри куҳнае, ки аз аввал гирифта будед, сухан меронам.+ Ин амри куҳна ҳамон суханест, ки шумо шунида будед.  Ба ҳар ҳол, амре, ки ман ба шумо медиҳам, нав аст, онро ҳам Исои Масеҳ иҷро мекард ва ҳам шумо мекунед, зеро торикӣ гузарон асту рӯшноии ҳақиқӣ аллакай намоён шудааст.+  Касе бигӯяд, ки вай дар рӯшноӣ аст, аммо бародарашро бад бинад,+ то ҳол дар торикист.+ 10  Ҳар кӣ бародарашро дӯст дорад, дар рӯшноӣ мемонад+ ва чизе ӯро пешпо намедиҳад. 11  Лекин ҳар кӣ бародарашро бад бинад, дар торикист ва дар торикӣ роҳ меравад.+ Чунин шахс ба куҷо рафтанашро намедонад,+ зеро торикӣ чашмони ӯро кӯр кардааст. 12  Эй фарзандони азиз, ба шумо менависам, зеро гуноҳҳои шумо ба хотири номи ӯ бахшида шудаанд.+ 13  Эй падарон, ба шумо менависам, зеро шумо касеро, ки аз аввал вуҷуд дорад, мешиносед. Эй ҷавонон, ба шумо менависам, зеро шумо бар Шайтон* ғолиб омадед.+ Эй фарзандон, ба шумо менависам, зеро шумо Падарро мешиносед.+ 14  Эй падарон, ба шумо менависам, зеро шумо касеро, ки аз аввал вуҷуд дорад, мешиносед. Эй ҷавонон, ба шумо менависам, зеро шумо бақувватед+ ва суханони Худо дар дилатон ҷо шудаанд+ ва шумо бар Шайтон* ғолиб омадаед.+ 15  Ба ҷаҳон ва он чизе, ки дар он аст, дил набандед.+ Касе, ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббат ба Падар нест,+ 16  зеро ҳар он чӣ дар ҷаҳон аст: хоҳиши ҷисм,+ ҳаваси чашмон+ ва каттагӣ бо пулу мол, аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст. 17  Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст,+ лекин ҳар кӣ хости Худоро иҷро мекунад, то абад мемонад.+ 18  Эй фарзандони азиз, ин соати охирин аст ва, чуноне ки шумо шунида будед, зиддимасеҳ меояд.+ Аллакай ҳозир зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд+ ва аз ин рӯ мо медонем, ки ин соати охирин аст. 19  Онҳо аз байни мо рафтанд, зеро мисли* мо набуданд.+ Агар онҳо мисли мо мебуданд, бо мо мемонданд. Лекин онҳо аз байни мо рафтанд, то маълум шавад, ки на ҳама мисли мост.+ 20  Аммо шуморо Худои Пок тадҳин кардааст*+ ва ҳамаатон соҳиби дониш ҳастед. 21  Ман ба шумо на барои он менависам, ки ростиро намедонед,+ балки, барои он ки ростиро медонед ва барои он ки аз ростӣ дурӯғ пайдо намешавад.+ 22  Агар шахсе, ки Масеҳ будани Исоро рад мекунад, дурӯғгӯй набошад, пас, кӣ дурӯғгӯй аст?+ Ин шахс зиддимасеҳ аст,+ ки Падар ва Писарро рад мекунад. 23  Ҳар кӣ Писарро рад мекунад, бо Падар ягонагӣ надорад.+ Аммо ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад,+ бо Падар ягонагӣ дорад.+ 24  Шумо бошед, ҳар он чиро, ки аз аввал шунидед, дар дили худ нигоҳ доред.+ Агар шумо он чиро, ки аз аввал шунидед, дар дилатон нигоҳ доред, шумо ҳам бо Писар ва ҳам бо Падар ягонагӣ хоҳед дошт. 25  Илова бар ин, он чӣ худи Худо* ба мо ваъда кардааст, ҳаёти ҷовидонист.+ 26  Ман инро дар бораи онҳое навиштам, ки шуморо гумроҳ карданиянд. 27  Лекин шумо бо рӯҳи муқаддаси Худо тадҳин шудаед+ ва ин рӯҳ дар шумо мемонаду ҳоҷат нест, ки касе шуморо таълим диҳад. Худо бо рӯҳаш ба шумо ҳама чизро таълим медиҳад;+ ин рӯҳ рӯҳи ростист ва дар он дурӯғе нест. Барои ҳамин мувофиқи таълиме, ки аз рӯҳ гирифтаед, бо ӯ дар ягонагӣ бимонед.+ 28  Пас, эй фарзандони азиз, бо ӯ дар ягонагӣ бимонед, то дар вақти ошкор шуданаш забонкӯтаҳ набошем+ ва дар вақти ҳузураш шарм дошта, аз ӯ пинҳон нашавем. 29  Агар шумо донед, ки ӯ росткор аст, мефаҳмед, ки ҳар кӣ дуруст рафтор мекунад, фарзанди Худост.+

Поварақҳо

Ё «шафоатгаре».
Ё «қурбонии товондиҳӣ; товон».
Дар матни асл «бадкор».
Дар матни асл «бадкор».
Ё «аз они».
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «ӯ».