1 Подшоҳон 4:1-22

  • Сандуқи Худо ба дасти фалиштиён меафтад (1–11)

  • Марги Элӣ ва писаронаш (12–22)

4  Самуили пайғамбар каломи Худоро ба тамоми Исроил мерасонд. Исроил ба ҷанги фалиштиён баромад. Исроилиён назди Эбен-Эзер урду заданд, фалиштиён бошанд, дар Афиқ.  Фалиштиён ба муқобили Исроил саф кашида, ҷангиданд, вале рафти муҳориба ба фоидаи исроилиён набуд ва онҳо ҷангро ба фалиштиён бой доданд. Фалиштиён қариб 4000 мардро дар майдони ҷанг зарба заданд.  Вақте ки халқ аз ҷанг ба урдугоҳ баргашт, пирони Исроил гуфтанд: «Чаро Яҳува раво дид, ки мо имрӯз пеши фалиштиён шикаст хӯрем?+ Биёед сандуқи аҳди Яҳуваро аз Шилӯ гирифта,+ бо худ барем, то ки бо мо бошад ва моро аз дасти душман наҷот диҳад».  Халқ ба Шилӯ кас фиристода, сандуқи аҳди Яҳува, Худои лашкарҳоро, ки бар* каррубиён+ бар тахт менишинад, аз он ҷо овард. Ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос,+ низ дар он ҷо ҳамроҳи сандуқи аҳди Худо буданд.  Ҳамин ки сандуқи аҳди Яҳува ба урдугоҳ ворид шуд, ҳамаи исроилиён чунон бонгу фарёд заданд, ки замин ба ларза омад.  Вақте ки садои доду фарёди исроилиён ба гӯши фалиштиён расид, онҳо гуфтанд: «Дар урдугоҳи ибриён чӣ гап аст ки, онҳо ин қадар баланд дод мезананд?» Оқибат онҳо фаҳмиданд, ки сандуқи Яҳуваро ба урдугоҳ овардаанд.  Фалиштиён ба тарсу ваҳм афтода гуфтанд: «Худо ба он урдугоҳ омадааст!»+ Онҳо гуфтанд: «Вой ба ҳоли мо, зеро чизи ба ин монанд пеш аз ин рӯй надода буд!  Вой ба ҳоли мо! Кӣ моро аз дасти ин Худои боҳашамат наҷот медиҳад? Ин ҳамон Худоест, ки Мисрро бо ҳар гуна бало дар биёбон зарба зада буд.+  Эй фалиштиён, далер бошед ва мардвор амал кунед, то ки ба ибриён хизмат накунед, чуноне ки онҳо ба шумо хизмат мекарданд!+ Мард бошеду биҷангед!» 10  Фалиштиён ҷангида, Исроилро шикаст доданд+ ва ҳар як исроилӣ сӯйи хаймаи худ гурехт. Дар он рӯз куштори азиме ба амал омад: аз исроилиён 30 000 сарбози пиёда фурӯ ғалтид. 11  Ғайр аз ин, сандуқи Худо ба дасти душман афтод ва ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, кушта шуданд.+ 12  Худи ҳамон рӯз марди бинёминие, ки либосашро чок зада, хок бар сар карда буд,+ аз майдони ҷанг тозон ба Шилӯ омад. 13  Ҳангоми омадани вай Элӣ бар курсӣ дар сари роҳ интизор менишаст, зеро дилаш барои сандуқи Худо хавотир буд.+ Он мард ба шаҳр даромада, аз ҷанг хабар овард ва аҳли шаҳр гиряву фиғон бардошт. 14  Элӣ садои фиғонро шунида пурсид: «Ин доду ғирев аз барои чист?» Он мард саросемавор омада, ба Элӣ хабарҳоро расонд. 15  (Элӣ он вақт 98-сола буд ва чашмонаш беҳаракат буданду чизеро намедиданд.)+ 16  Он мард ба Элӣ гуфт: «Ман аз майдони ҷанг омадам! Ман аз ҷойи задухӯрд ҳамин рӯз гурехта омадам». Элӣ аз ӯ пурсид: «Дар он ҷо чӣ шуд, писарам?» 17  Он хабаррасон нақл кард: «Лашкари Исроил торумор шуд ва аз пеши фалиштиён гурехт.+ Ҳар ду писарат, Ҳофнӣ ва Финҳос, кушта шуданд+ ва сандуқи Худо ба дасти душман афтод».+ 18  Ҳамин ки Элӣ дар бораи сандуқи Худо шунид, дар назди дарвоза аз курсиаш пуштнокӣ афтид ва гарданаш шикасту ӯ мурд, чунки пир ва гарон буд. Ӯ Исроилро 40 сол доварӣ кард. 19  Келини Элӣ, зани Финҳос, ҳомила буд ва моҳаш даромада буд. Вақте ӯ шунид, ки сандуқи Худо ба дасти душман афтод ва хусуру* шавҳараш мурданд, аз дард дуқат шуд, чунки ногаҳон дарди зоишаш гирифт, ва ӯ таваллуд кард. 20  Дар вақти мурданаш заноне, ки дар пешаш буданд, ба ӯ гуфтанд: «Натарс, чунки ту писар таваллуд кардӣ». Лекин ӯ дар ҷавоб чизе нагуфт ва ба гапи онҳо аҳамият надод. 21  Ӯ ба писараш Ихобӯд*+ ном дода, гуфт: «Ҷалоли Исроил ба асирӣ бурда шуд»,+ зеро ки сандуқи Худоро забт карданд ва хусуру шавҳараш мурданд.+ 22  Ӯ гуфт: «Ҷалоли Исроил ба асирӣ бурда шуд, зеро сандуқи Худо ба дасти душман афтод».+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «дар миёни».
Ё «падаршӯю».
Маънояш «Ҷалол куҷост?».