1 Подшоҳон 29:1-11
-
Фалиштиён аз Довуд дилпур нестанд (1–11)
29 Фалиштиён+ тамоми лашкарҳои худро дар Афиқ ҷамъ оварданд, исроилиён бошанд, дар назди чашмаи Изреъил+ урду заданд.
2 Ҳокимони фалиштӣ бо дастаҳои саднафара ва ҳазорнафара пеш мерафтанд ва Довуд бо одамонаш аз ақиб бо Окиш+ мерафт.
3 Аммо мирони фалиштӣ гуфтанд: «Ин ибриён дар ин ҷо чӣ кор мекунанд?» Окиш ба мирони фалиштӣ гуфт: «Ин Довуд, ходими Шоули подшоҳи Исроил, аст ва ӯ як сол ё аз ин зиёд аст ки, бо ман мебошад.+ Аз рӯзе, ки вай назди ман омад, ва то ба имрӯз ман дар ӯ айбе наёфтаам».
4 Лекин мирони фалиштӣ аз ӯ ба қаҳр омада гуфтанд: «Ин одамро баргардон.+ Бигзор ӯ, ба ҷое ки барояш таъйин кардаӣ, гашта равад ва бо мо ба ҷанг набарояд, мабодо дар вақти ҷанг зидди мо шавад.+ Охир, ӯ барои ёфтани дили хоҷааш, аз он ки сари одамони моро ба ӯ орад, чӣ кори беҳтаре карда метавонад?
5 Магар ин ҳамон Довуде нест, ки онҳо рақсида дар борааш чунин месароиданд:
“Шоул ҳазорҳоро зарба задВа Довуд — даҳҳо ҳазорро”?»+
6 Он гоҳ Окиш+ Довудро ба наздаш даъват карда, гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ту росткор ҳастӣ ва ман мехоҳам, ки ту бо лашкари ман ба ҷанг биравӣ,+ зеро аз рӯзе, ки ба назди ман омадаӣ, ва то имрӯз дар ту айбе надидаам,+ вале мирон аз ту дилпур нестанд.+
7 Барои ҳамин сиҳату саломат баргард ва ягон коре накун, ки ба ҳокимони фалиштӣ нафорад».
8 Аммо Довуд ба Окиш гуфт: «Чаро? Ман чӣ кардаам? Аз рӯзе, ки ба наздат омадам, ва то ба ин рӯз ту дар бандаат чӣ айбе ёфтӣ? Барои чӣ ман набояд бо ту равам ва бо душманони хоҷаам подшоҳ биҷангам?»
9 Окиш ба Довуд гуфт: «Ту дар назари ман мисли фариштаи Худо хуб ҳастӣ,+ лекин мирони фалиштӣ гуфтанд: “Вай бо мо ба ҷанг набарояд”.
10 Пас, саҳари барвақт бо ходимони хоҷаат, ки ҳамроҳи ту омадаанд, бихез ва саҳаргоҳон, ҳамин ки равшан шуд, аз ин ҷо бирав».
11 Довуд бо одамонаш саҳари барвақт хеста, ба замини фалиштиён баргашт, фалиштиён бошанд, сӯйи Изреъил+ баромаданд.