1 Подшоҳон 2:1-36
2 Сипас Ҳанно дуо гуфт:
«Дили ман дар Яҳува шодӣ мекунад,+Шохи* ман дар Яҳува сарафроз мегардад.
Бо забони дароз* ба душманонам сухан мегӯям,Зеро ман аз наҷоти ту шод ҳастам.
2 Касе мисли Яҳува поку муқаддас нест,Касе монанди ту нест,+Кӯҳпорае мисли Худои мо нест.+
3 Ҳавобаландона ҳарф назанед,Сухани мағруронае аз даҳони шумо берун наояд,Зеро Яҳува Худои донишу фазл аст,+Ӯ ҳар корро аз рӯйи адл баҳо медиҳад.
4 Камони мардони тавоно шикаста майда-майда мешавад,Вале бемаҷолон* қувват меёбанд.+
5 Серон барои як лаб нон мардикорӣ мекунанд,Вале гуруснагон аз азоби гуруснагӣ раҳоӣ меёбанд.+
Зани нозой ҳафт писар ёфт,+Вале зане, ки писари бисёр дошт, танҳо монд*.
6 Яҳува мемиронад ва зинда мекунад,Ӯ ба гӯр* фуруд меорад ва бармехезонад.+
7 Яҳува бенаво месозад ва сарватманд мекунад,+Ӯ сархам месозад ва сарбаланд менамояд.+
8 Ӯ афтодагонро аз хок бармехезонад,Бечорагонро аз хокистар* мебардорад,+Онҳоро бо мирон мешинонад,Тахти ҷалолро ба онҳо мебахшад.
Шаҳсутунҳои дунё дар дасти Яҳува аст+Ва ӯ заминро бар онҳо гузоштааст.
9 Ӯ қадамҳои содиқонро нигаҳбонӣ мекунад,+Аммо бадкорон дар зулмот хомӯш хоҳанд шуд,+Чунки инсон бо қуввати худ зӯр намебарояд.+
10 Яҳува муқобилонашро нест мекунад*,+Бар онҳо аз осмон бо раъд меғуррад.+
Яҳува канорҳои заминро доварӣ мекунад,+Ӯ ба подшоҳи худ қудрат мебахшад+Ва шохи* масеҳи* худро баланд мебардорад».+
11 Сипас Элқоно ба Ромо, ба хонаи худ, рафт, писараш бошад, дар пеши Элии коҳин хизматгузори Яҳува шуд.+
12 Писарони Элӣ одамони нобакор буданд:+ онҳо аз Яҳува тарсе надоштанд.
13 Онҳо дар бобати ҳиссае, ки коҳинон аз халқ гирифта метавонистанд,+ чунин мекарданд: ҳар гоҳе ки ягон кас қурбонӣ меовард, хизматгузори коҳин дар вақти пухтани гӯшт бо сешохае меомад
14 ва онро ба ҳар деге* рост омад, меандохт. Ҳар чизеро, ки дар шоха берун меомад, коҳин барои худ мегирифт. Онҳо дар Шилӯ бо ҳамаи исроилиёне, ки ба он ҷо меомаданд, чунин рафтор мекарданд.
15 Ҳамчунин, пеш аз он ки чарбуро сӯзонда дуд кунанд,+ хизматгузори коҳин омада, ба касе, ки қурбонӣ меовард, мегуфт: «Барои кабоби коҳин гӯшт бидеҳ. Ӯ гӯшти обпаз намегирад, балки фақат гӯшти хом».
16 Агар вай мегуфт: «Бимон, ки аввал чарбуро сӯзонда дуд кунанд,+ баъд ҳар чизеро дилат кашад, бигир», хизматгузор мегуфт: «Не, худи ҳозир бидеҳ, агар надиҳӣ, бо зӯрӣ мегирам!»
17 Гуноҳи хизматгузорон дар пеши Яҳува хеле азим буд,+ зеро ин одамон ба қурбонии Яҳува беҳурматӣ мекарданд.
18 Самуил хурд бошад ҳам, пешбанди катон+ дар тан ба Яҳува хизмат мекард.+
19 Модараш барои ӯ яктаҳи* беостин медӯхт ва сол аз сол, ҳар вақте бо шавҳараш барои пешкаш кардани қурбонии солона меомад,+ барояш курта меовард.
20 Элӣ ба Элқоно ва занаш дуои нек дода гуфт: «Бигзор Яҳува ба ту аз ин занат ба ҷойи писаре, ки ба Яҳува додӣ, фарзанд ато кунад».+ Пас аз ин онҳо ба хонаи худ баргаштанд.
21 Яҳува Ҳанноро ба хотир овард ва ӯ ҳомила шуд.+ Ҳанно боз се писар ва ду духтар таваллуд кард. Самуили хурдсол бошад, дар пеши Яҳува калон мешуд.+
22 Элӣ пири солхӯрда шуда буд. Ӯ аз ҳар коре, ки писаронаш дар ҳаққи тамоми Исроил мекарданд,+ хабардор буд ва медонист, ки онҳо бо заноне, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ хизмат менамоянд,+ ҳамхоб мешаванд.
23 Ӯ ба писаронаш мегуфт: «Барои чӣ шумо ин хел корҳо мекунед? Ман аз даҳони мардум мешунавам, ки шумо ба корҳои паст даст мезанед.
24 Эй писаронам, овозаҳое, ки дар миёни халқи Яҳува дар бораи шумо паҳн шудааст, хуб нест.
25 Агар касе бар зидди каси дигар гуноҳ кунад, барои ӯ аз Яҳува илтимос кардан мумкин аст*, вале, агар кас бар зидди Яҳува гуноҳ кунад,+ кӣ барояш дуо мегӯяд?» Аммо онҳо ба падари худ гӯш намедоданд, чунки Яҳува қарор карда буд, ки онҳоро нобуд созад.+
26 Самуили хурдсол бошад, калон мешуд ва писандидаи Яҳуваю мардум мегашт.+
27 Рӯзе марди Худо ба назди Элӣ омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Оё ман худро ба хонадони падари ту, ҳангоме ки дар Миср ғуломи хонадони фиръавн буд, ошкор накардам?+
28 Ман ӯро аз байни тамоми қабилаҳои Исроил интихоб кардам,+ то ки чун коҳин ба ман хизмат кунад, бар қурбонгоҳам қурбониҳо орад,+ бухур бисӯзонад* ва ба ҳузури ман пешбанд бипӯшад. Ман ба хонаводаи бобоят тамоми ҳадияҳои исроилиёнро, ки дар оташ сӯзонда мешаванд, додаам.+
29 Пас, чаро шумо қурбониву ҳадияҳои маро, ки мувофиқи фармудаам ба макони ман меоранд,+ таги по мекунед? Чаро ту писаронатро аз ман боло медонӣ ва чаро шумо ҳиссаи беҳтарини ҳадияҳои халқам Исроилро гирифта, худро фарбеҳ мекунед?+
30 Аз ин рӯ Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони бобоят ҳамеша дар пеши ман хизмат мекунад”,+ лекин ҳоло Яҳува мефармояд: “Бас аст, ман дигар инро тоқат нахоҳам кард, зеро онҳоеро, ки маро эҳтиром мекунанд, эҳтиром хоҳам кард,+ вале онҳое, ки маро хор медоранд, беобрӯ мешаванд”.
31 Инак, рӯзҳое фаро мерасанд, ки ман ту ва хонадони падаратро аз қудрат маҳрум месозам, ба тавре ки ҳеҷ марде дар хонадони ту ба пирӣ намерасад.+
32 Дар ҳоле ки Исроил некии зиёд мебинад, ту дар макони ман рӯйи душманро хоҳӣ дид+ ва дигар ҳаргиз дар хонадони ту пиронсоле нахоҳад буд.
33 Бисёре аз хонадони ту аз дами шамшер мемуранд+ ва он касе, ки ман ӯро дар миёни ту аз хизмати қурбонгоҳам дур намесозам, нури чашматро кам мекунад ва ба ту ғаму андуҳ меорад.
34 Он чӣ бо ду писарат, Ҳофнӣ ва Финҳос, рӯй медиҳад, бароят аломате хоҳад буд: ҳар дуи онҳо дар як рӯз мемуранд.+
35 Баъд аз ин ман барои худ коҳинеро таъйин мекунам,+ ки дилам аз вай пур аст. Вай ба табъи дили ман рафтор хоҳад кард ва ман барояш хонадоне барпо мекунам, ки аз байн намеравад, ва ӯ дар пеши масеҳи ман доимо хизмат мекунад.
36 Ҳар касе, ки дар хонадони ту боқӣ монад, омада, ба вай барои музд ва якто нон таъзим мекунаду мегӯяд: “Илтимос, маро ба яке аз вазифаҳои коҳин таъйин кун, то як лаб нон ёфта, бихӯрам”».+
Поварақҳо
^ Ё «Даҳонамро калон кушода».
^ Ё «касоне, ки пешпо мехӯранд».
^ Дар матни асл «пажмурда шуд».
^ Ё, эҳтимол, «миёни партов».
^ Ё, эҳтимол, «Онҳое, ки бо Яҳува мубориза мебаранд, ба даҳшат меафтанд».
^ Ё «тос, деги дугӯша, дегча ё деги дастадор».
^ Ё «ҷелаки».
^ Ё, эҳтимол, «Худо ӯро доварӣ мекунад».
^ Ё, эҳтимол, «дуди қурбониҳоро барорад».