1 Подшоҳон 11:1-15

  • Шоул аммӯниёнро шикаст медиҳад (1–11)

  • Шоулро бори дигар подшоҳ эълон мекунанд (12–15)

11  Пас аз якчанд вақт Ноҳоши аммӯнӣ+ ба ҷанг баромада, дар Ҷилъод, дар муқобили Ёбиш,+ урду зад. Ҳамаи мардони Ёбиш ба Ноҳош гуфтанд: «Бо мо аҳд бибанд ва мо ба ту хизмат мекунем».  Ноҳоши аммӯнӣ ба онҳо гуфт: «Ман бо шумо ба шарте аҳд мебандам, ки чашми рости ҳамаи шуморо канам. Ман ин корро барои шармсор кардани тамоми Исроил мекунам».  Пирони Ёбиш ба ӯ ҷавоб доданд: «Ба мо ҳафт рӯз бидеҳ, то ки ба саросари Исроил хабаррасононро фиристем ва, агар касе моро наҷот надиҳад, ба ту таслим мешавем».  Чанде пас хабаррасонон ба Ҷибъои+ Шоул расида, ин суханонро ба гӯши мардум расонданд ва мардум бо тамоми овоз гирист.  Шоул, ки аз паси говҳо аз саҳро меомад, гуфт: «Бо мардум чӣ шуд? Барои чӣ онҳо гиряву нола мекунанд?» Онҳо суханони мардони Ёбишро ба ӯ нақл карданд.  Вақте ки ин суханон ба гӯши Шоул расид, рӯҳи Худо ӯро фаро гирифт+ ва қаҳру ғазабаш аланга зад.  Ӯ ҷуфти буққаҳоро гирифта, пора-пора кард ва ин пораҳоро бо дасти хабаррасонон ба тамоми сарзамини Исроил фиристода, гуфт: «Ҳар касе аз паси Шоул ва Самуил наояд, бидонад, ки бо говонаш чунин мекунанд!» Он гоҳ тарси Яҳува халқро фаро гирифт ва онҳо муттаҳид шуда берун омаданд.  Шоул онҳоро дар Бозақ ба шумор овард: дар он ҷо 300 000 марди исроилӣ ва 30 000 марди яҳудӣ буд.  Онҳо ба хабаррасононе, ки омада буданд, гуфтанд: «Ба мардони Ёбиши Ҷилъод чунин бигӯед: “Пагоҳ, вақте ки офтоб баланд шавад, шумо наҷот меёбед”». Хабаррасонон ба Ёбиш омада, ин суханонро расонданд ва мардуми он ҷо беҳад хурсанд шуданд. 10  Сипас мардони Ёбиш ба аммӯниён гуфтанд: «Пагоҳ мо худро ба дасти шумо месупорем ва ҳар чизе хоҳед, бо мо бикунед».+ 11  Рӯзи дигар Шоул халқро ба се қисм ҷудо кард ва онҳо дар поси саҳарӣ* ба даруни урдугоҳ роҳ пеш гирифтанд ва аммӯниёнро+ то тафси рӯз зарба заданд. Онҳое, ки халос хӯрданд, пароканда шуданд, ба тавре ки ҳатто ду кас якҷоя набуд. 12  Баъд аз ин мардум ба Самуил гуфт: «Кӣ гуфта буд: “Наход ки Шоул подшоҳи мо шавад?”+ Он одамонро ба дасти мо супоред ва мо онҳоро мекушем». 13  Вале Шоул гуфт: «Ҳеҷ кас набояд дар ин рӯз кушта шавад,+ чунки Яҳува имрӯз Исроилро наҷот дод». 14  Баъдтар Самуил ба мардум гуфт: «Биёед ба Ҷилҷол+ рафта, бори дигар Шоулро подшоҳ эълон кунем».+ 15  Он гоҳ тамоми мардум ба Ҷилҷол омада, дар он ҷо Шоулро ба ҳузури Яҳува подшоҳ таъйин карданд. Сипас онҳо ба ҳузури Яҳува қурбониҳои осоиштагӣ оварданд+ ва Шоулу тамоми мардуми Исроил шодию хурсандии бисёре карданд.+

Поварақҳо

Яъне тақрибан аз соати дуи шаб то шаши саҳар.