1 Мӯсо 38:1-30

  • Яҳудо ва Томор (1–30)

38  Дар он замон Яҳудо аз бародаронаш ҷудо шуд ва дар назди Ҳиро ном марди адулломие хайма зад.  Дар он ҷо Яҳудо духтари Шуо ном канъониеро дид ва ӯро ба занӣ гирифт+ ва бо вай ҳамхоб шуд.  Он зан ҳомила шуд ва писаре таваллуд карда, ӯро Эр+ ном монд.  Ӯ бори дигар ҳомила шуда, писаре таваллуд кард ва номи ӯро Ӯнон монд.  Ӯ боз ҳомила шуда, писаре таваллуд кард ва номи ӯро Шолаҳ монд. Дар вақти таваллуди писараш Яҳудо дар Акзиб+ буд.  Чанде пас Яҳудо писари калонии худ Эрро бо Томор+ ном зане хонадор кард.  Лекин писари калонии Яҳудо Эр дар назари Яҳува инсони бад буд, аз ин рӯ Яҳува ӯро кушт.  Он гоҳ Яҳудо ба Ӯнон гуфт: «Ҳамсари бародаратро ба занӣ гирифта, бо ӯ ҳамхоб шав ва вазифаи додаршӯиро нисбати ӯ ба ҷо оварда, барои бародарат насл ба дунё биёр».+  Лекин Ӯнон медонист, ки фарзанде, ки аз зани бародараш ба дунё меояд, насли ӯ ҳисобида намешавад.+ Барои ҳамин, вақте бо зани бародараш ҳамхоб мешуд, нутфаашро бар замин мерехт, то барои бародараш насле ба дунё наорад.+ 10  Ин кори ӯ дар назари Яҳува бад буд, барои ҳамин ӯро ҳам кушт.+ 11  Баъд аз ин Яҳудо ба келини худ Томор гуфт: «То калон шудани писарам Шолаҳ дар хонаи падарат бевазан бимон», зеро дар дили худ гуфт: «Боз ин писарам низ мисли бародаронаш намирад».+ Бо ҳамин Томор ба хонаи падараш рафта, он ҷо монд. 12  Аз байн якчанд вақт гузашт ва зани Яҳудо, духтари Шуо,+ мурд. Баъди тамом шудани рӯзҳои мотам Яҳудо ҳамроҳи рафиқаш Ҳирои адулломӣ+ назди пашмбурони чорвояш ба Тимно+ рафт. 13  Ба Томор гуфтанд: «Хусурат* барои тарошидани пашми гӯсфандонаш ба Тимно меравад». 14  Ӯ либоси бевагиашро кашида, ба сараш рӯймол пӯшид ва худро печонда дар назди дарвозаи Энаим, ки дар роҳи Тимно буд, нишаст, зеро дид, ки Шолаҳ калон шудаасту ӯро ба Шолаҳ ба занӣ намедиҳанд.+ 15  Яҳудо Томорро дида, гумон кард, ки ӯ фоҳиша аст, чунки ӯ рӯяшро пӯшида буд. 16  Ӯ сӯяш рафта, чунин гуфт: «Биё бо ту ҳамхоб шавам», зеро намедонист, ки ӯ келинаш+ аст. Томор пурсид: «Агар бо ман ҳамхоб шавӣ, ба ман чӣ медиҳӣ?» 17  Ӯ гуфт: «Бузғолаеро аз рамаам мефиристам». Томор гуфт: «То фиристоданат ягон чизро ба гарав медиҳӣ?» 18  Ӯ гуфт: «Ба ту чиро гарав монам?» Томор гуфт: «Ангуштарини муҳрдор,+ банди он ва асои дастатро». Яҳудо ин чизҳоро ба ӯ дода, бо ӯ ҳамхоб шуд ва ӯ ҳомила шуд. 19  Баъд Томор бархест ва аз он ҷо рафт. Ӯ рӯймолашро кашид ва либоси бевагиашро пӯшид. 20  Яҳудо бузғоларо ба дасти рафиқи адулломиаш+ фиристод, то чизҳои ба гарав мондаашро бигирад, лекин ӯ он занро наёфт. 21  Баъд ӯ аз одамони он ҷо пурсид: «Фоҳишае*, ки дар сари роҳи Энаим менишаст, дар куҷост?» Онҳо гуфтанд: «Дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ фоҳишае набуд». 22  Оқибат ӯ назди Яҳудо омад ва гуфт: «Ман ӯро наёфтам ва аз одамони он ҷо низ пурсидам, лекин онҳо гуфтанд: “Дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ фоҳишае набуд”». 23  Яҳудо гуфт: «Бигзор ин чизҳо дар дасти ӯ истад, то мо шармандаву шармсор нашавем. Ман барояш бузғоларо ҳам фиристодам, лекин ӯ ёфт нашуд». 24  Баъди гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар оварданд: «Келинат Томор фоҳишагӣ кардааст ва аз зино ҳомила шудааст». Он гоҳ Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред ва бисӯзонед».+ 25  Вақте ӯро мебароварданд, ӯ назди хусураш кас фиристода гуфт: «Ман аз соҳиби ин чизҳо ҳомила шудам». Сипас илова кард: «Илтимос, бубин, ки ин ангуштарини муҳрдор, банди он ва асо аз они кист».+ 26  Яҳудо чизҳои худро шинохт ва гуфт: «Ӯ аз ман росткортар аст, чунки ӯро ба писарам Шолаҳ надодам».+ Аммо баъд аз ин ӯ бо Томор дигар ҳамхоб нашуд. 27  Вақти зоидани Томор маълум шуд, ки дар шикамаш дугоник аст. 28  Дар вақти таваллуд яке аз дугоникҳо дасташро берун баровард ва момодоя дарҳол риштаи сурхро гирифта, ба дасти ӯ баст ва гуфт: «Ин аввал берун омад». 29  Лекин ӯ зуд дасташро қафо кашид ва ба ҷойи ӯ бародараш баромад. Момодоя гуфт: «Чӣ роҳе барои худ кушодӣ!» Барои ҳамин номи ӯро Форас*+ монданд. 30  Баъд бародараш бо риштаи сурх, ки дар дасташ баста буданд, баромад ва номи ӯро Зораҳ+ монданд.

Поварақҳо

Ё «падарарӯсат».
Ин ҷо касе дар назар аст, ки танфурӯшӣ як қисми бутпарастияш буд.
Маънояш «рахна». Аз афташ, ба он ишора мекунад, ки ҳангоми таваллуд шудан рахнае карда барои худ роҳ кушодааст.