1 Мӯсо 32:1-32

  • Яъқуб фариштагонро мебинад (1, 2)

  • Яъқуб ба вохӯрӣ бо Эсов тайёрӣ мебинад (3–23)

  • Яъқуб бо фаришта гӯштин мегирад (24–32)

    • Яъқуб Исроил номида мешавад (28)

32  Яъқуб роҳи худро давом дод ва фариштагони Худо бо ӯ рӯ ба рӯ шуданд.  Яъқуб онҳоро дида, гуфт: «Ин хаймагоҳи Худост!» ва он ҷойро Маҳаноим* номид.  Яъқуб пешопеши худ хабаррасонҳоро ба сарзамини Сеир,+ ба замини Адӯм,+ ба назди Эсов, фиристода  ба онҳо фармуд: «Ба хоҷаам Эсов бигӯед: “Бандаат Яъқуб чунин мегӯяд: “Ман муддати дурудароз ғариб будам ва то имрӯз назди Лобон зиндагӣ мекардам.+  Дар он ҷо ман соҳиби буққаҳо, харону гӯсфандон ва ғуломону канизон шудам+ ва ин хабарро ба ту, эй хоҷаам, мерасонам, то дар назарат писанд оям”».  Чанде пас хабаррасонон ба назди Яъқуб баргаштанд ва гуфтанд: «Мо бародарат Эсовро дидем ва ҳоло ӯ ҳамроҳи 400 мард ба пешвози ту омада истодааст».+  Яъқуб сахт тарсид ва хавотир шуд.+ Ӯ касонеро, ки ҳамроҳаш буданд ва бузу гӯсфандон ва говону шутуронро ба ду гурӯҳ тақсим кард.  Ӯ гуфт: «Агар Эсов биёяд ва ба як гурӯҳ ҳамла кунад, гурӯҳи дигар гурехта, наҷот меёбад».  Баъд аз ин Яъқуб гуфт: «Эй Яҳува, Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, ту ба ман мегӯӣ: “Ба замини худ ва ба назди хешовандони худ баргард ва ман туро баракат хоҳам дод”.+ 10  Ман ба он меҳру вафо ва некие, ки ту ба бандаи худ зоҳир кардӣ,+ сазовор нестам. Охир, вақте аз Урдун гузаштам, ғайр аз асо чизи дигаре надоштам, ҳоло бошад, аҳли хонавода ва гову молам чунон зиёд шудааст, ки ду гурӯҳро ташкил медиҳад.+ 11  Илтиҷо мекунам,+ маро аз дасти бародарам Эсов наҷот деҳ, чунки ман метарсам, ки ӯ меояд ва ба ман ва занону кӯдакон ҳамла мекунад.+ 12  Ту гуфта будӣ: “Ман туро баракат медиҳам ва насли туро мисли реги баҳр бешумор мегардонам”».+ 13  Ӯ шабро дар он ҷо гузаронд. Сипас аз байни чизҳои доштааш барои бародараш Эсов туҳфае тайёр кард.+ 14  Ӯ барои Эсов 200 модабуз, 20 нарбуз, 200 гӯсфанд, 20 қӯчқор, 15  30 шутур бо шутурбачаҳояш, 40 гов, 10 буққа, 20 модахар ва 10 нархар ҷудо кард.+ 16  Ӯ рамаҳоро пайи ҳам ба ғуломони худ дод ва гуфт: «Пеш-пеши ман равед ва бигзор байни рамаҳо фосилае бошад». 17  Ӯ ба ғуломи якум фармуд: «Агар бародарам Эсов туро бинаду пурсад: “Ту ғуломи кистӣ ва ба куҷо меравӣ? Ин рамаҳо аз они кистанд?”, 18  чунин ҷавоб деҳ: “Аз они бандаат Яъқуб. Ин туҳфаро ӯ ба хоҷаам Эсов фиристодааст,+ худаш бошад, аз қафо меояд”». 19  Ӯ ба ғуломи дуюм, сеюм ва ҳамаи дигар ғуломоне, ки аз қафои рамаҳо мерафтанд, он суханонро такрор карда фармуд: «Вақте Эсовро дидед, ҳамин хел гӯед. 20  Боз ба ӯ бигӯед: “Бандаат Яъқуб аз қафост”». Яъқуб дар дили худ чунин гуфт: «Агар пешопеши худ туҳфа фиристода дилашро мулоим кунам,+ вақте бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам, маро нағз қабул мекунад». 21  Ӯ туҳфаҳоро пешопеш фиристод ва худаш шаб дар хаймагоҳ истод. 22  Баъдтар ӯ шабона бархест ва ду зану+ ду канизаш+ ва 11 писарашро гирифта, аз ҷойи камоби водии Яббӯқ+ гузашт. 23  Ӯ занону фарзандонаш ва тамоми чизу чораашро гирифта, ба он тарафи дарё* гузаронд. 24  Яъқуб танҳо монд. Он гоҳ касе то дамидани субҳ бо ӯ гӯштин гирифт.+ 25  Вақте ӯ дид, ки бар Яъқуб ғолиб омада наметавонад, ба банди суринаш даст расонд ва устухони рони Яъқуб баромад.+ 26  Ӯ гуфт: «Маро сар деҳ, зеро субҳ дамида истодааст». Яъқуб гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, туро сар намедиҳам».+ 27  Ӯ пурсид: «Номи ту чист?» Вай гуфт: «Яъқуб». 28  Ӯ гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб неву Исроил*+ мешавад, зеро бо Худо ва одамон талош кардӣ+ ва оқибат ғолиб омадӣ». 29  Яъқуб ба ӯ гуфт: «Илтимос, ба ман бигӯй, ки номат чист». Лекин ӯ гуфт: «Номи маро чӣ мепурсӣ?»+ Инро гуфта, ӯро дар он ҷо баракат дод. 30  Яъқуб номи он ҷоро Фануил*+ монд, зеро гуфт: «Ман Худоро* рӯ ба рӯ дидам, лекин ҷонам зинда монд».+ 31  Ҳамин ки ӯ аз Фануил гузашт, офтоб баромад. Ӯ лангон-лангон роҳ мерафт, чунки устухони ронаш баромада буд.+ 32  Барои ҳамин исроилиён то ба имрӯз пайвандаки банди суринро намехӯранд, зеро ӯ ба банди сурини Яъқуб расида буд.

Поварақҳо

Маънояш «ду хайма».
Ё «водӣ».
Маънояш «он кӣ бо Худо талош мекунад» ё «Худо талош мекунад».
Маънояш «рӯйи Худо».
Яъне фариштаро, ки намояндаи Худо буд.