1 Мӯсо 27:1-46

  • Яъқуб баракати Исҳоқро соҳиб мешавад (1–29)

  • Эсов баракат меҷӯяд, вале ислоҳ намешавад (30–40)

  • Эсов нисбати Яъқуб дар дил кина мегирад (41–46)

27  Вақте Исҳоқ пир шуд ва чашмонаш хира шуданд, ӯ писари калониаш Эсовро+ ҷеғ зада, гуфт: «Писарам!» Ӯ ҷавоб дод: «Лаббай!»  Исҳоқ гуфт: «Ман пир шудаам ва намедонам, ки боз чӣ қадар умр мебинам.  Барои ҳамин асбобҳои худ, тирдон ва камони худро, гирифта, ба саҳро раву барои ман ҳайвонеро шикор кун.+  Аз он хӯроки бомазаеро, ки ман дӯст медорам, пухта, биёр, то бихӯрам ва пеш аз маргам туро дуои нек кунам*».  Вақте Исҳоқ бо писараш Эсов гап мезад, Ривқо инро шунид. Эсов ба саҳро рафт, то ҳайвонеро шикор карда, орад.+  Ривқо ба писараш Яъқуб гуфт:+ «Ман навакак шунидам, ки падарат ба бародарат Эсов чунин гуфт:  “Сайде барои ман биёр ва хӯроки бомазае тайёр кун, то ман хӯраму пеш аз маргам туро дар пеши Яҳува дуои нек кунам*”.+  Акнун, писарам, маро бодиққат гӯш кун ва аз рӯйи гуфтаҳои ман амал намо.+  Рафта, аз рама барои ман ду бузғолаи беҳтаринро гир ва ман барои падарат хӯроки бомазае, хӯроки дӯстдоштаашро, мепазам. 10  Баъд онро пеши падарат бар, то бихӯрад ва пеш аз маргаш туро дуои нек кунад*». 11  Яъқуб ба модари худ Ривқо гуфт: «Бародарам Эсов марди сермӯй аст,+ бадани ман бошад, каммӯй. 12  Агар падарам ба ман даст расонад-чӣ?+ Он вақт ӯ фикр мекунад, ки ман ӯро масхара карда истодаам ва ман ба ҷойи баракат ба сарам лаънат меорам». 13  Дар ҷавоб модараш гуфт: «Писарам, бигзор лаънати ту ба сари ман ояд. Ту фақат ба суханони ман гӯш деҳ ва рафта, бузғолаҳоро биёр».+ 14  Ӯ рафт ва онҳоро барои модараш гирифта овард ва модараш барои Исҳоқ хӯроки бомазае, хӯроки дӯстдоштаашро, пухт. 15  Ривқо аз хона либоси беҳтарини писари калониаш Эсовро гирифт ва ба писари хурдиаш Яъқуб пӯшонд.+ 16  Ӯ ба дастон ва ҷойи бемӯйи гардани писараш пӯсти бузғоларо баст+ 17  ва хӯроки пухтаашро бо нон ба дасти Яъқуб дод.+ 18  Ӯ назди падараш омаду гуфт: «Падар!» Ӯ гуфт: «Лаббай! Ту кистӣ, писарам?» 19  Яъқуб ба падараш гуфт: «Ман писари калоният* Эсов ҳастам.+ Ман фармудаатро иҷро кардам. Бархез ва каме аз сайде, ки бароят овардам, бихӯр ва маро дуои нек кун*».+ 20  Исҳоқ ба писараш гуфт: «Писарам, чӣ тавр шуд, ки ин қадар тез ёфта омадӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Худоят Яҳува онро ба наздам овард». 21  Исҳоқ ба Яъқуб гуфт: «Наздик биё, писарам, то ба ту даст расонам ва бидонам, ки ту писарам Эсов ҳастӣ ё не».+ 22  Яъқуб ба падараш Исҳоқ наздик омад ва падараш ба ӯ даст расонда, гуфт: «Овоз овози Яъқуб аст, лекин дастҳо — дастҳои Эсов».+ 23  Падараш ӯро нашинохт, чунки дастони ӯ мисли дастони бародараш Эсов сермӯй буд, ва падараш ӯро дуои нек кард*.+ 24  Баъд ӯ пурсид: «Оё ту, дар ҳақиқат, писарам Эсов ҳастӣ?» Яъқуб гуфт: «Бале». 25  Сипас ӯ гуфт: «Писарам, ба ман каме аз сайдат биёр, то ман бихӯрам ва туро дуои нек кунам*». Яъқуб ба падараш хӯрокро дод ва ӯ хӯрд, баъд ӯ барояш шароб овард ва ӯ нӯшид. 26  Падараш Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Писарам, наздиктар биё ва маро бибӯс».+ 27  Яъқуб наздик шуд ва ӯро бӯсид ва падараш бӯйи либосашро ҳис кард.+ Он гоҳ ӯ Яъқубро дуои нек кард* ва гуфт: «Аз писарам бӯйи саҳро меояд, бӯйи саҳрое, ки Яҳува онро баракат додааст. 28  Бигзор Худо ба ту шабнами осмон,+ заминҳои ҳосилхез+ ва ғаллаву шароби нави фаровон ато кунад.+ 29  Бигзор мардумон ба ту хизмат кунанд ва халқҳо ба ту таъзим намоянд. Бар бародарони худ ҳукмфармо бош ва бигзор писарони модарат дар назди ту сар хам кунанд.+ Ҳар кӣ туро лаънат кунад, гирифтори лаънат шавад ва ҳар кӣ бароят баракат хоҳад, баракат ёбад».+ 30  Исҳоқ Яъқубро дуои нек кард* ва, ҳамин ки ӯ аз пеши падараш баромад, бародараш Эсов аз шикор баргашт.+ 31  Ӯ низ хӯроки бомаза пухта, пеши падараш оварду гуфт: «Бигзор падарам бархезад ва аз сайде, ки писараш овардааст, каме бихӯрад ва маро дуои нек кунад*». 32  Падараш Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ту кистӣ?» Ӯ гуфт: «Ман писари калоният*, Эсов, ҳастам».+ 33  Исҳоқ сахт ба ларза омад ва гуфт: «Пас, он касе, ки сайдро шикор карда, овард, кӣ буд? Ман онро пеш аз омадани ту хӯрда, ӯро дуои нек кардам* ва ӯ ҳатман баракат меёбад!» 34  Суханони падарашро шунида Эсов бо овози баланду пуралам фарёд зад ва гуфт: «Маро, маро ҳам дуои нек кун*, эй падар!»+ 35  Лекин ӯ гуфт: «Бародарат бо ҳила омада, ба ҷойи ту аз ман дуои нек гирифт*». 36  Эсов гуфт: «Беҳуда номи ӯро Яъқуб* намондаанд, охир, ӯ ду дафъа мешавад, ки ҷойи маро мегирад.+ Ӯ аввал нахустзодагии маро аз худ кард,+ акнун бошад, баракати маро соҳиб шуд!»+ Ӯ аз падараш пурсид: «Наход ту барои ман баракате нигоҳ надошта бошӣ?» 37  Исҳоқ ба Эсов гуфт: «Ман ӯро бар ту ҳукмфармо таъйин кардам+ ва тамоми бародаронашро ғуломони ӯ гардондам ва ғаллаю шароби навро ба ӯ додам.+ Пас, чӣ чизи дигаре мондааст, ки ба ту диҳам, писарам?» 38  Эсов ба падараш гуфт: «Эй падар, наход ту фақат барои як кас дуои нек* дошта бошӣ? Маро дуои нек кун, илтимос, падар, маро ҳам дуои нек кун!» Инро гуфта, Эсов зор-зор гирист.+ 39  Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Хонаи ту аз замини ҳосилхез ва шабнами осмон дур хоҳад буд.+ 40  Ту бо шамшерат ризқу рӯзӣ хоҳӣ ёфт+ ва ба бародарат хизмат хоҳӣ намуд.+ Лекин, вақте косаи сабрат лабрез шавад, ту юғи* бародаратро аз гарданат гирифта мепартоӣ».+ 41  Эсов, аз сабаби он ки падараш Яъқубро дуои нек дод*, нисбати бародараш дар дил кина дошт+ ва ба худ мегуфт: «Рӯзҳои мотам барои падарам наздик аст,+ баъди ин бародарам Яъқубро мекушам». 42  Вақте ба Ривқо суханони писари калониаш Эсовро расонданд, ӯ дарҳол ба пеши писари хурдиаш Яъқуб кас фиристода гуфт: «Эҳтиёт шав! Бародарат Эсов аз ту қасд гирифта туро куштанист. 43  Акнун, писарам, ба гапи ман гӯш деҳ. Хеста, ба Ҳоррон, назди бародарам Лобон, гурез.+ 44  Каме назди ӯ бимон, то даме ки хашми бародарат фурӯ нишинад 45  ва оташи ғазаби ӯ хомӯш шаваду кори кардаатро фаромӯш созад. Он гоҳ ман кас мефиристам ва туро аз он ҷо меорам. Чаро аз ҳар дуи шумо дар як рӯз маҳрум шавам?» 46  Баъд Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ ҷонам ба лаб омадааст.+ Агар Яъқуб ҳам яке аз духтарони ҳиттиро ба занӣ гирад, аз зиндагӣ безорам».+

Поварақҳо

Ё «баракат диҳам».
Ё «баракат диҳам».
Ё «баракат диҳад».
Ё «нахустзодаат».
Ё «баракат бидеҳ».
Ё «баракат дод».
Ё «баракат диҳам».
Ё «баракат дод».
Ё «баракат дод».
Ё «баракат диҳад».
Ё «нахустзодаат».
Ё «барояш баракат хостам».
Ё «баракат деҳ».
Ё «баракати туро гирифт».
Маънояш «касе, ки пошнаи дигареро медорад; касе, ки ҷойи дигареро мегирад».
Ё «баракат».
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ё «барои Яъқуб баракат хост».