1 Мӯсо 25:1-34

  • Иброҳим боз зан мегирад (1–6)

  • Марги Иброҳим (7–11)

  • Писарони Исмоил (12–18)

  • Таваллуди Яъқуб ва Эсов (19–26)

  • Эсов нахустзодагияшро мефурӯшад (27–34)

25  Иброҳим боз барои худ зан гирифт ва номи занаш Қатуро буд.  Ӯ Зимрон, Ёқшон, Мадон, Мидён,+ Ишбоқ ва Шуаҳро+ таваллуд кард.  Ёқшон Сабо ва Дадонро ба дунё овард. Дадон Ашурим, Летушим ва Леумимро ба дунё овард.  Мидён Эфо, Эфар, Ҳанӯх, Абидоъ ва Алдоро ба дунё овард. Ҳамаи инҳо писарони Қатуро буданд.  Иброҳим ҳар он чӣ дошт, ба Исҳоқ дод.+  Ӯ ба писарони сурриягонаш* туҳфаҳо дод ва дар вақти барҳаёт буданаш онҳоро аз пеши Исҳоқ ба сарзамини Шарқ, фиристод.+  Иброҳим ҳамагӣ 175 сол зиндагӣ кард.  Иброҳим пиру солхӯрда шуд ва умри дароз дид. Ӯ аз ҳаёти худ серу қаноатманд аз олам чашм пӯшид ва ба гузаштагони худ пайваст.  Писарони ӯ — Исҳоқ ва Исмоил, ӯро дар ғори Макфело, дар замини Афрӯни писари Сӯҳари ҳиттӣ, дар пеши дарахтони Мамре гӯронданд.+ 10  Ин ҳамон замине буд, ки Иброҳим аз писарони Ҳит харида буд. Дар он ҷо Иброҳимро дар бари занаш Соро гӯрониданд.+ 11  Баъд аз марги Иброҳим Худо писари вай Исҳоқро баракат медод+ ва Исҳоқ дар қарибии Баир-лаҳай-рӯй+ зиндагӣ мекард. 12  Ин аст таърихи Исмоил+ — писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ,+ канизи Соро, барои Иброҳим зода буд. 13  Ин аст номҳои писарони Исмоил, ки мувофиқи хонаводаҳояшон номбар шудаанд: писари калонии Исмоил — Набоют,+ Қедор,+ Адбаил, Мибсом,+ 14  Мишмоъ, Думо, Массо, 15  Ҳадад, Темо, Ятур, Нофиш ва Қедмо. 16  Инҳоянд писарони Исмоил мувофиқи ҷойи зисташон ва хаймагоҳҳояшон* — 12 сардори қабила.+ 17  Исмоил 137 сол зиндагӣ кард ва аз дунё даргузашт. Ӯ аз олам чашм пӯшид ва ба гузаштагони худ пайваст. 18  Писарони Исмоил аз Ҳавило,+ дар наздикии Шур,+ ки ба Миср наздик аст, то худи Ошур ҷой гирифтанд. Ӯ дар назди ҳама бародарони худ ҷо гирифт*.+ 19  Ин аст таърихи Исҳоқ писари Иброҳим.+ Иброҳим Исҳоқро ба дунё овард. 20  Исҳоқ дар синни 40-солагӣ Ривқоро ба занӣ гирифт. Падари Ривқо Батуили+ арамӣ, аз Фаддони Арам буд ва бародари Ривқо Лобони арамӣ буд. 21  Исҳоқ дар ҳаққи занаш Ривқо аз Яҳува зориву илтиҷо мекард, чунки занаш нозой буд. Яҳува дуои ӯро шунид ва занаш ҳомила шуд. 22  Писарони Ривқо дар шиками вай бо якдигар талош мекарданд+ ва ӯ гуфт: «Аз ин ҳолат магар мурданам беҳтар нест?» Ривқо аз Яҳува пурсид 23  ва Яҳува ба ӯ гуфт: «Дар шиками ту ду халқ аст+ ва ду миллат аз даруни ту мебарояд.+ Як халқ аз халқи дигараш пурзӯртар мешавад+ ва калонӣ ба хурдӣ хизмат мекунад».+ 24  Ҳангоме ки вақти зоиданаш фаро расид, маълум шуд, ки дар шикамаш дугоник аст. 25  Писари якум аз шикам баромад ва ӯ аз сар то пояш сурх ва мисли либоси пашмин буд.+ Аз ин рӯ ӯро Эсов*+ номиданд. 26  Баъд аз ин бародараш баромад ва ӯ пошнаи Эсовро бо дасташ медошт.+ Аз ин рӯ ӯро Яъқуб*+ номиданд. Исҳоқ дар вақти таваллуди писаронаш 60-сола буд. 27  Вақте писарон калонтар шуданд, Эсов шикорчии моҳиру марди саҳро гардид,+ Яъқуб бошад, марди беайби хайманишин.+ 28  Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, чунки Эсов барояш сайд меовард, Ривқо бошад, Яъқубро дӯст медошт.+ 29  Боре, вақте Эсов аз саҳро мондаву шалпар баргашт, Яъқуб наскшӯрбо мепухт. 30  Эсов ба Яъқуб гуфт: «Зудтар аз ҳамон хӯроки сурх ба ман камтар деҳ, ки аз гушнагӣ мемурам!» Барои ҳамин ӯ Адӯм*+ ном гирифт. 31  Яъқуб дар ҷавоб ба вай гуфт: «Аввал нахустзодагиатро ба ман бифурӯш!»+ 32  Эсов гуфт: «Ман ҳозир аз гушнагӣ мемурам! Аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?» 33  Вале Яъқуб гуфт: «Аввал қасам бихӯр!» Эсов қасам хӯрду нахустзодагиашро ба Яъқуб фурӯхт.+ 34  Он гоҳ Яъқуб ба Эсов нон ва наскшӯрбо дод. Эсов хӯрду нӯшид ва хесту аз он ҷо баромада рафт. Ҳамин тавр Эсов нахустзодагиашро таги по кард.

Поварақҳо

Суррия — ниг. ба луғат.
Ё «бошишгоҳҳои девордорашон».
Ё, эҳтимол, «дар душманӣ бо ҳамаи бародаронаш зистан гирифт».
Маънояш «пашмин».
Маънояш «касе, ки пошнаи дигареро медорад; касе, ки ҷойи дигареро мегирад».
Маънояш «сурх».