1 Мӯсо 14:1-24
14 Дар рӯзҳои Амрофал — подшоҳи Шинъор,+ Арюк — подшоҳи Алосор, Кадорлоӯмар+ — подшоҳи Элом+ ва Тидъол — подшоҳи Ҷӯим,
2 ин подшоҳон бо Бараъ — подшоҳи Садӯм,+ Биршоъ — подшоҳи Амӯро,+ Шиноб — подшоҳи Адмо, Шамебар — подшоҳи Сабӯим+ ва подшоҳи Балаъ (яъне Сӯар) ҷанг карданд.
3 Ин панҷ подшоҳ дар водии Сиддим,+ яъне назди баҳри Намак*,+ лашкарашонро ҷамъ оварданд.
4 Онҳо дар давоми 12 сол ба Кадорлоӯмар хизмат карданд, лекин дар соли 13-ум исён бардоштанд.
5 Аз ин рӯ дар соли 14-ум Кадорлоӯмар ва подшоҳоне, ки бо ӯ буданд, рафоиёнро дар Аштарут-Қарнайн, зизиёнро дар Ҳом ва эмиёнро+ дар Шове-Қирётаим мағлуб карданд
6 ва ҳӯриёнро+ аз кӯҳашон Сеир+ то Ил-Форон, ки назди биёбон аст, сур карда, шикаст доданд.
7 Пас аз ин онҳо баргаштанд ва ба Эйн-Мишфот, яъне Қодеш,+ омада, тамоми сарзамини амолеқиён+ ва ҳамчунин амӯриёнро,+ ки дар Ҳассун-Томор+ зиндагӣ мекарданд, забт намуданд.
8 Он гоҳ подшоҳи Садӯм ҳамроҳи подшоҳони Амӯро, Адмо, Сабӯим ва Балаъ, яъне Сӯар, ба водии Сиддим омад ва бар зидди
9 Кадорлоӯмар — подшоҳи Элом, Тидъол — подшоҳи Ҷӯимо, Амрофал — подшоҳи Шинъор ва Арюк — подшоҳи Алосор+ ҷангид; чор подшоҳ ба муқобили панҷ подшоҳ баромаданд.
10 Азбаски водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир* буд, ҳангоми рӯ ба гурез овардан подшоҳони Садӯм ва Амӯро ба он чоҳҳо афтоданд, боқимондагон бошанд, ба кӯҳистон гурехтанд.
11 Подшоҳоне, ки дар ҷанг ғолиб омаданд, тамоми ғанимати Садӯму Амӯро ва хӯрду хӯроки онҳоро гирифта, бо роҳи худ рафтанд.+
12 Онҳо ҳамчунин Лут, бародарзодаи Абромро, ки дар Садӯм зиндагӣ мекард,+ ва тамоми чизу чораи ӯро бо худ гирифта бурданд.
13 Як марде, ки халос хӯрд, назди Аброми ибрӣ омада, тамоми воқеаро ба ӯ нақл кард. Он вақт Абром дар байни дарахтони калони Мамреи амӯрӣ+ — бародари Эшкӯл ва Онер,+ ки бо Абром аҳд баста буданд, зиндагӣ мекард.
14 Вақте Абром фаҳмид, ки хешашро*+ ба асирӣ бурданд, мардони дастпарварди худ, 318 ғуломи хоназодашро, ҷамъ оварда, аз пайи он подшоҳон шитофт ва то Дон+ расид.
15 Шабона ӯ ҷанговарони худро тақсим кард ва ҳамроҳи ғуломонаш ҳамла оварда он подшоҳонро мағлуб сохт. Абром онҳоро то Ҳӯбо, ки дар шимоли Димишқ ҷойгир аст, сур кард
16 ва тамоми дороиеро, ки подшоҳон гирифта буданд, баргардонид. Ӯ ҳамчунин хеши худ Лутро ҳамроҳи дороияш ва занону дигар одамон халос кард.
17 Вақте Абром баъди шикаст додани Кадорлоӯмар ва подшоҳоне, ки бо ӯ буданд, баргашт, подшоҳи Садӯм ба водии Шове, яъне ба водии Подшоҳ,+ ба пешвози ӯ баромад.
18 Малкисодақ,+ подшоҳи Салим,+ ба пешвози Абром баромад ва бо худ нону шароб баровард. Ӯ коҳини* Худои Таоло+ буд.
19 Ӯ Абромро дуои нек карда* гуфт:
«Худои Таоло, Офаридгори осмону замин,Абромро баракат диҳад.
20 Ҳамду сано бод ба Худои Таоло,Ки ӯ душманонатро ба дастат супурдааст!»
Сипас Абром аз тамоми чизу чорааш ба ӯ даҳяк дод.+
21 Он гоҳ подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Одамонро ба ман деҳу ғаниматро худат гир».
22 Лекин Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дастамро бардошта ба номи Яҳува, Худои Таоло, Офаридгори осмону замин, қасам мехӯрам,
23 ки аз чизу чораи ту риштае ё банди пойафзоле намегирам, то нагӯӣ: “Ман Абромро бой гардонидам”.
24 Ғайр аз он чӣ ҷавонон хӯрдаанд, аз ту чизе намегирам. Лекин Онер, Эшкӯл ва Мамре,+ ки бо ман буданд, бигзор ҳиссаи худро гиранд».
Поварақҳо
^ Яъне баҳри Мурда.
^ Қир — як навъ моддаи сиёҳранге, ки хосияти обногузаронӣ дорад.
^ Дар матни асл «бародарашро».
^ Ё «баракат дода».