Ҳизқиёл 48:1-35
48 «Ин аст номи қабилаҳо, ки аз шимол сар мешаванд: ҳиссаи Дон+ қад-қади роҳе тӯл мекашад, ки аз Ҳатлун то Лебӯ-Ҳамот*+ ва Ҳасар-Энон мебарад, он аз тарафи шимол бо Димишқ ва наздикиҳои Ҳамот+ ҳамсарҳад аст. Ҳиссаи Дон аз канори шарқӣ то канори ғарбист.
2 Ҳиссаи Ошер+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Дон ҳамсарҳад аст.
3 Ҳиссаи Нафтолӣ+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Ошер ҳамсарҳад аст.
4 Ҳиссаи Менашше+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Нафтолӣ ҳамсарҳад аст.
5 Ҳиссаи Эфроим аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Менашше+ ҳамсарҳад аст.
6 Ҳиссаи Реубен аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Эфроим+ ҳамсарҳад аст.
7 Ҳиссаи Яҳудо аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Реубен+ ҳамсарҳад аст.
8 Замини ҳадия аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Яҳудо ҳамсарҳад аст. Бари замине, ки бояд ҷудо кунед, 25 000 газ* бошад+ ва дарозияш, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, ба дарозии ҳиссаҳои дигар қабилаҳо баробар бошад. Муқаддасгоҳ дар миёни он хоҳад буд.
9 Дарозии замини ҳадияе, ки бояд барои Яҳува ҷудо кунед, 25 000 газ ва бараш 10 000 газ бошад.
10 Ин ҳадияи муқаддас барои коҳинон аст.+ Он аз шимол 25 000, аз ғарб 10 000, аз шарқ 10 000 ва аз ҷануб 25 000 газ хоҳад буд. Дар байни ин замин муқаддасгоҳи Яҳува ҷойгир мешавад.
11 Ин замин барои коҳинони покшудаи писарони Содӯқ+ аст, ки вазифаҳои худро пеши ман ба ҷо меоварданд ва мисли исроилиёну левизодагон аз ман дур нашуданд.+
12 Онҳо дар замини ҳадияе, ки чун ҷойи муқаддастарин ҷудо шудааст, ҳисса хоҳанд дошт. Он назди замини левизодагон хоҳад буд.
13 Дар бари замини коҳинон ҳиссаи левизодагон хоҳад буд: дарозии он 25 000 ва бараш 10 000 газ бошад. (Тамоми дарозии он 25 000 ва бараш 10 000 газ хоҳад буд).
14 Онҳо набояд ин ҳиссаи беҳтарини заминро фурӯшанд, иваз кунанд ё ба касе бидиҳанд, зеро ин замини муқаддаси Яҳува аст.
15 Замини бақияе, ки бараш 5000 ва дарозияш 25 000 газ аст, барои истифодаи мардуми шаҳр,+ барои хонаҳо ва чарогоҳ, хоҳад буд. Дар мобайни он замин шаҳр ҷойгир мешавад.+
16 Ин аст андозаи шаҳр: канори шимолӣ 4500 газ, канори ҷанубӣ 4500 газ, канори шарқӣ 4500 газ ва канори ғарбӣ 4500 газ.
17 Чарогоҳи шаҳр аз шимол 250 газ, аз ҷануб 250 газ, аз шарқ 250 газ ва аз ғарб 250 газ хоҳад буд.
18 Дарозии ҳиссаи боқимонда, ки бо ҳадияи муқаддас бар ба бар аст,+ ба тарафи шарқ 10 000 газ ва ба тарафи ғарб 10 000 газ хоҳад буд. Он бо ҳадияи муқаддас бар ба бар мешавад ва ҳосилаш барои хӯроки коркунони шаҳр хоҳад буд.
19 Коркунони шаҳр аз ҳамаи қабилаҳои Исроил буда, он заминро кишт хоҳанд кард.+
20 Тамоми замини ҳадия 25 000 газ бар 25 000 газ хоҳад буд. Онро барои ҳадияи муқаддас ва мулки шаҳр ҷудо кунед.
21 Он чӣ аз ду тарафи ҳадияи муқаддас ва мулки шаҳр мемонад, аз они сарвар хоҳад буд.+ Он бар ба бари канорҳои шарқӣ ва ғарбии замини ҳадия хоҳад буд, ки 25 000-газӣ мебошанд. Он ҳамсарҳади замини ду қабила буда, аз они сарвар аст. Дар байни ин ҳисса ҳадияи муқаддас ва муқаддасгоҳи ибодатгоҳ ҷойгир мешавад.
22 Мулки левизодагон ва мулки шаҳр дар байни ҳиссаи сарвар хоҳад буд. Замини сарвар дар миёни сарҳади Яҳудо+ ва сарҳади Бинёмин ҷойгир мешавад.
23 Ин аст ҳиссаи қабилаҳои дигар: ҳиссаи Бинёмин аз канори шарқӣ то канори ғарбист.+
24 Ҳиссаи Шимъӯн аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Бинёмин+ ҳамсарҳад аст.
25 Ҳиссаи Иссокор+ аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Шимъӯн ҳамсарҳад аст.
26 Ҳиссаи Забулун аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ+ бо ҳиссаи Иссокор+ ҳамсарҳад аст.
27 Ҳиссаи Ҷод аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ бо ҳиссаи Забулун+ ҳамсарҳад аст.
28 Канори ҷанубӣ, ки сарҳади Ҷод аст, аз Томор+ то оби Марибут-Қодеш,+ то Водӣ*+ ва баҳри Бузург* тӯл мекашад.
29 Ин аст замине, ки бояд ба қабилаҳои Исроил ба мерос диҳед,+ ва ин аст ҳиссаҳои онҳо,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
30 Ин аст баромадгоҳҳои шаҳр: дарозии канори шимолӣ 4500 газ аст.+
31 Дарвозаҳои шаҳр номи қабилаҳои Исроилро хоҳанд дошт. Аз се дарвозаи шимолӣ яке дарвозаи Реубен, дигаре дарвозаи Яҳудо ва сеюмӣ дарвозаи Левӣ аст.
32 Дарозии канори шарқӣ 4500 газ хоҳад буд ва ин канор се дарвоза хоҳад дошт: яке дарвозаи Юсуф, дигаре дарвозаи Бинёмин ва сеюмӣ дарвозаи Дон.
33 Дарозии канори ҷанубӣ 4500 газ хоҳад буд ва ин канор се дарвоза хоҳад дошт: яке дарвозаи Шимъӯн, дигаре дарвозаи Иссокор ва сеюмӣ дарвозаи Забулун.
34 Дарозии канори ғарбӣ 4500 газ хоҳад буд ва ин канор се дарвоза хоҳад дошт: яке дарвозаи Ҷод, дигаре дарвозаи Ошер ва сеюмӣ дарвозаи Нафтолӣ.
35 Андозаи шаҳр гирдогирд 18 000 газ хоҳад буд ва номи шаҳр аз он рӯз “Яҳува он ҷост” мешавад».+
Поварақҳо
^ Ё «даромадгоҳи Ҳамот».
^ Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Яъне баҳри Миёназамин.
^ Яъне водии Миср.