Ҳизқиёл 41:1-26
41 Пас аз ин ӯ маро ба муқаддасгоҳи берунӣ* овард ва сутунҳои паҳлуии онро чен кард. Онҳо аз ҳар ду тараф шаш газ* ғафсӣ доштанд.
2 Даромадгоҳ даҳ газ буд ва деворҳои паҳлуи даромадгоҳ аз ҳар ду тараф панҷгазӣ буданд. Ӯ он ҷоро чен кард: дарозии он 40 газ ва бараш 20 газ баромад.
3 Сипас ӯ ба дарун* даромад ва сутуни паҳлуии даромадгоҳро чен кард, ки ғафсияш ду газ буд, даромадгоҳ бошад, шаш газ буд. Деворҳои паҳлуи даромадгоҳ ҳафтгазӣ буданд.
4 Баъд вай хонаи рӯ ба рӯйи муқаддасгоҳи беруниро чен кард, ки дарозияш 20 газ ва бараш 20 газ буд.+ Ӯ ба ман гуфт: «Ин Макони поктарин аст».+
5 Пас аз ин ӯ девори ибодатгоҳро чен кард ва ғафсии он шаш газ баромад. Паҳнии ҳуҷраҳои гирди ибодатгоҳ чор газ буд.+
6 Он ҳуҷраҳо дар се қабат ҷойгир буданд, яке болои дигаре буд, ва дар ҳар қабат 30 ҳуҷра буд. Гирдогирди девори ибодатгоҳ токчаҳо буданд ва фарши ҳуҷраҳо бар онҳо устувор буду ба худи девор пайванд намешуд.+
7 Аз ҳар ду тарафи ибодатгоҳ гузаргоҳи печоне* буд, ки сӯйи ҳуҷраҳои боло васеъ мешуд.+ Вақте кас аз қабати поён ба қабати мобайн ва сипас ба қабати боло мебаромад, паҳнии ҳуҷраҳо қабат ба қабат зиёд мегашт.
8 Ман гирдогирди ибодатгоҳ суфаи баландеро дидам. Баландии пойдевори ҳуҷраҳои гирди ибодатгоҳ як қамиши пурра, яъне шаш газ, буд.
9 Ғафсии девори берунаи ҳуҷраҳо панҷ газ буд. Лаб-лаби девори ҳуҷраҳо, аз берун, роҳраве* буд, ки қисми ибодатгоҳ ҳисоб меёфт.
10 Байни ибодатгоҳ ва ошхонаҳо+ аз ҳар ду тараф 20 газ масофа буд.
11 Аз тарафи шимолию ҷанубӣ даромадгоҳ буд, ки бо онҳо аз роҳрави гирди ибодатгоҳ ба ҳуҷраҳо даромадан мумкин буд. Паҳнии он роҳрав гирдогирд панҷ газ буд.
12 Биное, ки дар тарафи ғарбӣ, рӯ ба қитъаи саҳн буд, бараш 70 ва дарозияш 90 газ буд. Ғафсии девори бино гирдогирд панҷ газ буд.
13 Ӯ ибодатгоҳро чен кард ва дарозияш 100 газ баромад. Дарозии қитъаи саҳн, бино* ва деворҳои он низ 100 газ буд.
14 Бари қисми пеши ибодатгоҳ, ки рӯ ба шарқ буд, якҷоя бо қитъаи саҳн 100 газ буд.
15 Ӯ дарозии биноеро, ки рӯ ба қитъаи саҳни ақиби ибодатгоҳ буд, якҷоя бо айвонҳои ду тарафаш чен кард ва он 100 газ баромад.
Ӯ ҳамчунин муқаддасгоҳи беруниву дарунӣ,+ даҳлезҳои саҳн,
16 остонаҳо, тирезаҳоро, ки чорчӯбаашон торафт танг мешуд,+ ва айвонҳои он се ҷоро чен кард. Деворҳои назди остонаҳо, аз замин то тирезаҳо, бо тахтаҳо рӯкаш буд.+ Тирезаҳо ҳам тахтапӯш буданд.
17 Болои даромадгоҳ, ибодатгоҳи дарунӣ, беруни он ва тамоми девор гирдогирд андоза карда шуд.
18 Дар он нақши каррубиён+ ва нахлҳо+ канда шуда буд. Байни ду каррубӣ нақши як дарахти нахл буд ва ҳар каррубӣ ду рӯй дошт.
19 Рӯйи одам сӯйи нахли як паҳлуяш ва рӯйи шер сӯйи нахли паҳлуи дигараш буд.+ Онҳо дар тамоми ибодатгоҳ гирдогирд ҳамин тавр кандакорӣ шуда буданд.
20 Нақши каррубиён ва нахлҳо бар девори муқаддасгоҳ, аз замин то болои даромадгоҳу қисми болои он, кандакорӣ шуда буд.
21 Паҳлударии* муқаддасгоҳ чоркунҷа буд.+ Дар рӯ ба рӯйи ҷойи муқаддас* чизе ба монанди
22 қурбонгоҳи чӯбине+ меистод, ки баландияш се газ ва дарозияш ду газ буд. Дар гӯшаҳои он танбаҳо буданд. Асос* ва девораҳои он аз чӯб буд. Сипас вай ба ман гуфт: «Ин мизест, ки пеши назари Яҳува меистад».+
23 Ҳам муқаддасгоҳи берунӣ ва ҳам ҷойи муқаддас ду дар дошт.+
24 Он дарҳо ду табақае доштанд, ки ҳаракат мекарданд. Ҳар як дар дутабақа буд.
25 Бар дарҳои муқаддасгоҳ чун дар деворҳояш нақши каррубиён ва нахлҳо кандакорӣ шуда буд.+ Дар қисми пеши даҳлез, аз берун, соябони чӯбин буд.
26 Аз ду тарафи даҳлез, қад-қади ҳуҷраҳои гирди ибодатгоҳ ва соябонҳо тирезаҳое буданд, ки чорчӯбаашон торафт танг мешуд.+ Ҳамчунин дар он ҷойҳо нақши дарахтони нахл канда шуда буд.
Поварақҳо
^ Дар матни асл «ибодатгоҳ». Дар бобҳои 41 ва 42 зери ин калима муқаддасгоҳи берунӣ (Макони пок) ё тамоми муқаддасгоҳ (ибодатгоҳ бо Макони пок ва Макони поктаринаш) дар назар дошта шудааст.
^ Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Яъне ба муқаддасгоҳи дарунӣ, ё Макони поктарин.
^ Аз афташ, зинапояи печон дар назар аст.
^ Аз афташ, роҳрави танге, ки гирдогирди ибодатгоҳ буд.
^ Яъне биное, ки дар ғарби муқаддасгоҳ буд.
^ Аз афташ, даромадгоҳи Макони пок дар назар аст.
^ Аз афташ, Макони поктарин.
^ Дар матни асл «Дарозӣ».