Ҳизқиёл 29:1-21
29 Дар соли даҳум, дар моҳи даҳум, дар рӯзи 12-уми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт:
2 «Эй фарзанди одам, рӯятро сӯйи фиръавни подшоҳи Миср гардонда, бар зидди ӯ ва тамоми Миср пешгӯйӣ кун.+
3 Бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ман зидди туям, эй фиръавни подшоҳи Миср,+Эй ҷонвари азими баҳрӣ, ки дар байни рӯдҳои Нил* хобидаиву+ мегӯӣ:
“Дарёи Нил аз они ман аст.
Ман онро барои худ ба вуҷуд овардаам”.+
4 Ман ба ҷоғҳои ту чангакҳо меандозам ва тавре мекунам, ки моҳиёни Нилат ба пулакчаҳоят бичаспанд.
Ман туро бо тамоми моҳиёни Нилат, ки ба пулакчаҳоят мечаспанд, аз Нил берун меорам.
5 Ман тую тамоми моҳиёни Нилатро ба биёбон мепартоям.
Ту ба саҳро меафтӣ ва ҷамъ овардаву гӯронида намешавӣ.+
Ман туро хӯроки даррандагони замин ва парандагони осмон месозам.+
6 Пас аз ин ҳамаи сокинони Миср мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам,Зеро онҳо барои хонадони Исроил асои хасине буданду онро дастгирӣ накарданд.+
7 Вақте онҳо дасти туро қапиданд, ту шикастӣВа ба китфи онҳо халидӣ.
Вақте онҳо ба ту такя карданд, ту пора шудӣВа пойҳои онҳо ларзид”.+
8 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар сари ту шамшер меорам+ ва аз замини ту ҳам одаму ҳам ҳайвонро нест мекунам.
9 Замини Миср харобу беодам мешавад+ ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. Ту гуфта будӣ: “Дарёи Нил аз они ман аст. Ман онро ба вуҷуд овардаам”.+
10 Аз ин рӯ ман зидди тую Нили ту ҳастам. Ман замини Мисрро аз Миҷдӯл+ то Асвон,+ то сарҳади Ҳабашистон, вайрона ва хушку холӣ месозам.+
11 Пойи одаму ҳайвон ба он намерасад:+ он 40 сол беодам мемонад.
12 Ман замини Мисрро харобтарин кишвар месозам ва шаҳрҳояш 40 сол холитарин шаҳрҳои дунё мешаванд.+ Ман мисриёнро дар миёни халқҳо пароканда ва дар миёни кишварҳо титу парешон месозам”.+
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Пас аз 40 сол ман мисриёни парокандаро аз миёни халқҳо ҷамъ меорам.+
14 Ман асирони мисриро ба замини Фатрус,+ ба зодгоҳашон, бармегардонам ва онҳо мамлакати сусте мешаванд.
15 Миср аз дигар подшоҳиҳо пасттар мегардад ва дигар бар халқҳо ҳукмфармоӣ намекунад.+ Ман онҳоро чунон ночиз мегардонам, ки дигар бар халқҳо ҳукм наронанд.+
16 Миср дигар қуввати дили хонадони Исроил нахоҳад буд,+ балки хатояшонро хотиррасон хоҳад кард, зеро онҳо аз мисриён мадад ҷустанд. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”».
17 Дар соли 27-ум, дар моҳи якум, дар рӯзи якуми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт:
18 «Эй фарзанди одам, лашкари Набукаднесар,+ шоҳи Бобил, дар ҷанги зидди Сӯр бисёр заҳмат кашид.+ Сари ҳар сарбоз кал ва китфи ҳар яке дардманд шуд, вале на подшоҳ ва на лашкараш барои заҳматашон дар ин ҷанг музде нагирифтанд.
19 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба Набукаднесари шоҳи Бобил замини Мисрро медиҳам.+ Ӯ сарвати онро мебарад ва онро тороҷ карда, ғанимати бисёре ба даст меорад. Он музди лашкараш мешавад.
20 Ман замини Мисрро ба онҳо ҳамчун ҳаққи меҳнаташон медиҳам, чунки онҳо бо Сӯр ҷангида, хости маро ба ҷо оварданд,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
21 Дар он рӯз ман ба хонадони Исроил қудрат мебахшам*+ ва ба ту имкон медиҳам, ки дар миёни онҳо гап занӣ. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».
Поварақҳо
^ Дар ин ҷо ва дар поён «Нил» ба маънои худи дарё ва шохобҳои он омадааст.
^ Ё «барои хонадони Исроил шохе ба миён меорам».