Ҳизқиёл 24:1-27

  • Ерусалим деги зангзада аст (1–14)

  • Марги зани Ҳизқиёл аломат аст (15–27)

24  Яҳува дар соли нуҳум, дар рӯзи даҳуми моҳи даҳум, боз ба ман паём фиристода гуфт:  «Эй фарзанди одам, санаи* ин рӯзро бинавис, зеро дар ин рӯз шоҳи Бобил ҳамлаи худро ба Ерусалим сар кард.+  Дар бораи ин хонадони саркаш масале* бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Деге бимон, дар тагаш алов кун ва ба он об рез.+   Пораҳои гӯштро,+ ҳамаи пораҳои хуб,Рону шонаро, ба он биандоз, онро бо устухонҳои беҳтарин пур кун.   Гӯсфанди беҳтарини рамаро бигир+ ва дар таги дег чӯбҳоро қаторак бичин. Пораҳои гӯштро биҷӯшон ва устухонҳои онро бипаз”.  Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой ба ҳоли шаҳри хунхор,+ ба ҳоли деги зангзадае, ки зангашро тоза накардаанд. Гӯшти дарунашро якбурдагӣ бигир+ ва барояш қуръа напарто.   Хунаш андаруни он аст,+ вай онро бар санг рехтааст. Ӯ онро ба рӯйи замин нарехтааст, то хок онро бипӯшонад.+   Ман хуни вайро бар санги суфтае боқӣ мегузорам,То ки он бо хок пӯшонда нашавадВа ман хашмамро барафрӯхта, интиқом бигирам”.+  Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой ба ҳоли шаҳри хунхор!+ Ман ҳезумро баланд мечинам. 10  Чӯбҳоро болои ҳам чида, аловро даргирон. Гӯштро нағзакак бипаз, обашро бирез ва мон, ки устухонҳо сӯхта сиёҳ шаванд. 11  Деги холиро бар лахчаҳо гузор,То ки тафсида мисаш суп-сурх шавадВа олудагияш бо он об шаваду+ зангаш нест гардад. 12  Ҳама кӯшишу заҳмат барбод рафт,Зеро занги бисёраш тоза нашуд.+ Онро бо зангаш ба оташ партоед! 13  Нопокии ту аз беҳаёгият буд.+ Ман туро пок карданӣ будам, аммо ту аз олудагият тоза нашудӣ. То даме ки хашми ман паст нашавад, ту пок намешавӣ.+ 14  Ман, Яҳува, сухан гуфтам ва он иҷро мешавад. Ман худро бознадошта, бе ғамгиниву пушаймонӣ амал мекунам.+ Онҳо туро аз рӯйи роҳу рафторат доварӣ хоҳанд намуд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува». 15  Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 16  «Эй фарзанди одам, бо як зарба шахси азизатро аз ту мегирам.+ Аз ғами вай бар синаат назан, нола накун ва ашк нарез. 17  Бесадо оҳ каш ва ҳеҷ як маросими азоро ба ҷо наор.+ Салла бибанд+ ва пойафзол бипӯш.+ Даҳонатро* напӯшон+ ва нонеро, ки ба ту биёранд, нахӯр».+ 18  Ман саҳарӣ бо мардум сухан гуфтам, бегоҳ бошад, занам мурд. Саҳари дигар ман, ҳамон тавре ки Худо ба ман фармуда буд, рафтор кардам. 19  Мардум ба ман гуфт: «Ба мо бигӯ, ки ин корат ба мо чӣ дахл дорад?» 20  Ман ба онҳо ҷавоб додам: «Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 21  “Ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман муқаддасгоҳам, мояи ифтихоратонро, ки барои шумо азизу дилписанд аст, хор месозам.+ Писарону духтаронатон, ки онҳоро дар он ҷо мондаед, аз дами шамшер мемиранд.+ 22  Он гоҳ шумо ҳам айнан мисли ман рафтор мекунед: даҳонатонро намепӯшонед ва нонеро, ки ба шумо меоранд, намехӯред.+ 23  Бар саратон салла ва бар поятон пойафзол хоҳед дошт. Шумо гиряву нола намекунед, балки аз пушти гуноҳҳоятон обу адо мешавед+ ва назди якдигар оҳ мекашед. 24  Ҳизқиёл барои шумо аломат аст.+ Чи хеле ки вай кард, шумо ҳам мекунед. Вақте ин ба амал ояд, мефаҳмед, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”. 25  Эй фарзанди одам, дар рӯзе ки қалъаи онҳо — зебоиеро, ки мояи шодии онҳосту барояшон азизу дилписанд аст, ҳамроҳи писару духтарашон аз онҳо бигирам,+ 26  наҷотёфтае инро ба ту хабар медиҳад.+ 27  Дар он рӯз ту даҳони худро кушода, ба он наҷотёфта гап мезанӣ ва дигар хомӯш намемонӣ.+ Ту барояшон аломат мешавӣ ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».

Поварақҳо

Дар матни асл «номи».
Ё «ташбеҳе».
Ё «Мӯйлабатро».