Ҳизқиёл 22:1-31
22 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:
2 «Эй фарзанди одам, оё тайёрӣ, ки ҳукми шаҳри хунхорро+ эълон намоӣ ва тамоми корҳои нафратоварашро ба вай маълум созӣ?+
3 Ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй шаҳри пур аз хунрезӣ,+ ки замонат фаро расида истодааст!+ Эй шаҳре, ки бутҳои ҳаром* сохта, худро нопок кардаӣ!+
4 Хунрезият туро гунаҳкор кардааст+ ва бутҳои ҳаромат туро нопок намудаанд.+ Ту поёни рӯзҳоятро тезонидӣ, поёни солҳоят фаро расидааст. Аз ин рӯ бо ту чунон кунам, ки таънаи даҳани халқҳо ва хандахариши тамоми кишварҳо шавӣ.+
5 Кишварҳои дуру наздик туро масхара хоҳанд кард,+ эй шаҳри бадном ва пур аз нотинҷӣ!
6 Ҳар як сардорат, ҳар як сардори Исроил, қудраташро барои хунрезӣ ба кор мебарад.+
7 Дар ту падару модарро хор медоранд,+ ғарибро фиреб медиҳанд ва ба ятиму бевазан ситам мекунанд.+
8 Ту ба маконҳои муқаддаси ман беэҳтиромӣ мекунӣ ва шанбеҳои маро таги по менамоӣ.+
9 Дар ту туҳматгарон қасди хунрезӣ доранд.+ Дар ту бар кӯҳҳо қурбонӣ мехӯранд ва андаруни ту беҳаёгӣ мекунанд.+
10 Дар ту ҷогаҳи падарро ҳаром мекунанд*+ ва ба зане, ки аз хунравии ҳармоҳа нопок аст, дастдарозӣ менамоянд.+
11 Дар ту яке бо зани ёри худ корҳои ҳаром мекунад,+ дигаре келини худро бо рафтори фосиқонааш нопок месозад+ ва сеюмӣ ба номуси хоҳари худ, ба номуси духтари падараш, мерасад.+
12 Дар ту пора гирифта, хун мерезанд.+ Ту ба фоида қарз медиҳӣ,+ суд мехӯрӣ ва пули ёратро кашида мегирӣ.+ Ту маро тамоман фаромӯш кардаӣ,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
13 Ман аз пули ҳаром ва хунрезият нафрат карда даст ба ҳам мезанам.
14 Оё, рӯзе ки бар зидди ту бароям, далерият ва қуввати дастонат мемонад?+ Ман, Яҳува, ки инро гуфтаам, амал мекунам.
15 Ман туро дар миёни халқҳо парокандаву дар миёни кишварҳо парешон месозам+ ва ба нопокият хотима мебахшам.+
16 Ту дар миёни халқҳо хорузор мешавӣ ва он гоҳ мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам”».+
17 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:
18 «Эй фарзанди одам, хонадони Исроил бароям мисли ғаш* гаштаанд. Ҳамаашон мисли мис, қалъагӣ, оҳан ва сурб дар кӯра гудохта шудаанд. Онҳо мисли ғаши нуқра гаштаанд.+
19 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски ҳамаатон мисли ғаши бекора гаштаед,+ шуморо андаруни Ерусалим ҷамъ меорам.
20 Ҳамон тавре ки нуқра, мис ва оҳану сурбу қалъагиро дар кӯра андохта, бар он оташ медаманд ва мегудозанд, ман ҳам шуморо бо хашму ғазаб ҷамъ меорам ва оташ дамида, шуморо мегудозам.+
21 Ман шуморо ҷамъ меорам ва оташи ғазабамро дамида,+ шуморо андаруни шаҳр мегудозам.+
22 Ҳамон тавре ки нуқра дар кӯра гудохта мешавад, шумо низ андаруни шаҳр гудохта мешавед ва мефаҳмед, ки ман, Яҳува, ғазабамро бар шумо фурӯ рехтаам”».
23 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:
24 «Эй фарзанди одам, ба вай бигӯ: “Ту замине ҳастӣ, ки дар рӯзи ғазаб тоза нахоҳӣ гашт ва бар ту борон нахоҳад борид.
25 Пайғамбарони вай забон як карда,+ мисли шере туъмаашонро медаранд.+ Онҳо мардумро фурӯ мебаранд ва ганҷу ҳар чизи қиматбаҳоро аз худ мекунанд. Онҳо бисёриҳоро бевазан гардондаанд.
26 Коҳинони он шариати маро поймол мекунанд+ ва маконҳои муқаддасамро беҳурмат месозанд.+ Онҳо чизи муқаддасро аз одӣ фарқ намекунанд,+ фарқи миёни поку нопокро маълум намесозанд,+ шанбеҳоямро риоя намекунанд ва маро дар миёни худ беҳурмат месозанд.
27 Мирони он мисли гургони даррандаанд. Онҳо барои пули ҳаром шуда хуни кас мерезанд ва одам мекушанд.+
28 Пайғамбаронаш бошанд, корҳои онҳоро бо оҳак андова намуда, рӯпӯш мекунанд. Онҳо рӯъёҳои дурӯғ мебинанд, фоли хато мекушоянд+ ва мегӯянд: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд”, ҳол он ки Яҳува чизе нагуфтааст.
29 Мардуми ин замин ба фиребу ғорат даст заданд,+ ба муҳтоҷу камбағал ситам карданд ва ғарибро фиреб карда, ба ӯ ноинсофӣ намуданд.
30 Ман дар миёни онҳо касеро мекофтам, ки девори сангинро таъмир кунад ва ё ба хотири ин замин дар рахнаи девор ба ҳузури ман биистад, то он нобуд нашавад.+ Ҳар қадаре ки кофтам, як нафарро ҳам наёфтам.
31 Аз ин рӯ ман хашмамро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро бо оташи ғазабам нобуд месозам. Ман оқибати талхи рафторашонро бар сарашон меорам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
Поварақҳо
^ Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
^ Дар матни асл «бараҳнагии падарро ошкор мекунанд».
^ Ғаш — олудагӣ дар филизҳои гаронбаҳо.