Ҳабаққуқ 2:1-20
2 Дар посгоҳи худ хоҳам истод,+Бар бурҷ* ҷойгир хоҳам шуд.
Ҳушёр хоҳам буд, то бидонам, ки ӯ ба воситаи ман чӣ мегӯядВа, вақте маро сарзаниш кунад, чӣ ҷавоб диҳам.
2 Яҳува ба ман гуфт:
«Рӯъёро бинавис, онро бар лавҳаҳо нағзакак кандакорӣ кун,+То барои касе, ки бо овоз мехонад, хоно бошад.+
3 Зеро ин рӯъё барои вақти муайян аст,Он сӯйи иҷрояш* мешитобад ва фиреб намедиҳад.
Ҳатто агар омаданаш кашол ёбад*, онро интизор шав,+Зеро ҳатман ба амал меояд.
Он ҳаргиз дер намекунад!
4 Ба мағрур нигар, дар ӯ инсофе нест.
Аммо росткор бо вафодории* худ хоҳад зист.+
5 Ҳавобаланд масти шароби фиребанда шудаБа мақсад намерасад.
Нафси ӯ мисли гӯр* носерам аст,Мисли марг сериро намедонад.
Ӯ ҳамаи халқҳоро ҷамъ мекунадВа тамоми мардумро пеши худ меорад.+
6 Магар ҳамаи онҳо дар ҳаққи ӯ масалу кинояву чистон намегӯянд?+
Онҳо чунин хоҳанд гуфт:
“Вой бар ҳоли касе, ки моли дигаронро ҷамъ меорадВа қарзи худро калонтар мекунад!
То ба кай чунин хоҳад буд?
7 Магар қарзхоҳони ту ногаҳон ба сарат намеоянд?
Онҳо бедор шуда, туро бераҳмона метаконандВа молатро ғорат мекунанд.+
8 Азбаски ту халқҳои бисёрро ғорат кардӣ,Бақияи халқҳо низ туро ғорат мекунанд.+
Охир, ту хуни одамонро рехтаӣВа ба замин, ба шаҳрҳо ва сокинони онҳо, зӯроварии зиёде кардаӣ.+
9 Вой бар ҳоли касе, ки ба хонаи худ пули ҳаром меорад,То ки лонаи худро дар баландиҳо созадВа аз бало халос шавад!
10 Андешаҳои ту барои шармандагии хонаат буд.
Халқҳои зиёдро нобуд сохта ту бар зидди худ гуноҳ кардӣ,+
11 Зеро санги девор фарёд мезанадВа тахтаи бом ба он ҷавоб медиҳад.
12 Вой бар ҳоли касе, ки шаҳрро бо хунрезӣ бино мекунадВа бо бадкорӣ бунёд месозад!
13 Магар ин аз ҷониби Яҳува, Худои лашкарҳо, нест, ки одамон барои оташ заҳмат мекашандВа халқҳо беҳуда ҷон мекананд?+
14 Замин аз донистани ҷалоли Яҳува пур мешавад,Чуноне ки баҳр пур аз обҳост.+
15 Вой бар ҳоли касе, ки ёронашро менӯшонадВа ба шаробаш қаҳру ғазабро ҳамроҳ карда, онҳоро маст мекунад,То бараҳнагияшонро бубинад.
16 Ту ба ҷойи ҷалол аз шармандагӣ сер мешавӣ.
Ту низ менӯшӣ ва бараҳна шуда бехатнагиятро маълум месозӣ.
Косаи дасти рости Яҳува ба ту низ мерасад+Ва ҷалоли туро расвоӣ мепӯшонад.
17 Зӯроварие, ки ба Лубнон кардӣ, ба ту бармегардадВа нобудие, ки ҳайвонҳоро ба воҳима меандохт, ба сари худат меояд,Охир, ту хуни одамонро рехтаӣВа ба замин, ба шаҳрҳо ва сокинони онҳо, зӯроварии зиёде кардаӣ.+
18 Аз буте, ки амали дасти устост,Ва аз ҳайкали рехтаву муаллими дурӯғҳо чӣ фоида аст?
Аз худоёни бекораи безабон,Ки бутсоз ба онҳо таваккал мекунад, чӣ суде ҳаст?+
19 Вой бар ҳоли касе, ки ба чӯбе “Бедор шав!”
Ва ба санги безабон “Бархез! Моро таълим деҳ!” мегӯяд.
Охир, бут бо тиллову нуқра рӯпӯш шудааст+Ва дар он нафасе нест.+
20 Аммо Яҳува дар ибодатгоҳи поки худ аст.+
Пеши ӯ хомӯш бош, эй тамоми замин!”»+