Эстер 6:1-14

  • Подшоҳ Мордахайро сарафроз мекунад (1–14)

6  Он шаб хоби подшоҳ парид ва бо фармони ӯ китоби воқеаҳои замонро оварданд+ ва барои подшоҳ хонданд.  Аз он ҷо ба подшоҳ хонданд, ки чӣ тавр Мордахай дар бораи нақшаи ду ходими дарбор — Бигтон ва Тораш ном дарбонон, ки қасди куштани подшоҳ Ахашверушро доштанд, хабар дода буд.+  Подшоҳ гуфт: «Оё Мордахайро барои ин хизматаш сарафроз карданд ва ба ӯ мукофоте доданд?» Хизматгорони наздики подшоҳ гуфтанд: «Не, барояш ҳеҷ чиз накарданд».  Баъд подшоҳ гуфт: «Дар саҳни хона кист?» Дар ин вақт Ҳомон дар саҳни берунаи хонаи подшоҳ буд,+ то бигӯяд, ки Мордахайро дар доре*, ки барояш тайёр кардааст, биовезанд.+  Хизматгорони подшоҳ гуфтанд: «Дар он ҷо Ҳомон аст».+ Подшоҳ гуфт: «Бигӯед, ки дарояд».  Вақте Ҳомон омад, подшоҳ гуфт: «Барои шахсе, ки подшоҳ сарафроз кардан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳомон дар дил гуфт: «Ғайр аз ман кист, ки подшоҳ ӯро сарафроз кунад?»+  Ҳомон гуфт: «Бигзор барои шахсе, ки подшоҳ ӯро сарафроз кардан мехоҳад,  либоси хусравонае, ки подшоҳ мепӯшад,+ ва асперо, ки подшоҳ бар он савор мешаваду бар сараш кулоҳи хусравона гузошта шудааст, биёранд.  Бигзор он либос ва аспро ба дасти яке аз мирони соҳибэҳтироми подшоҳ диҳанд ва ба шахсе, ки подшоҳ мехоҳад сарафроз кунад, бипӯшонанд ва ӯро ба асп савор карда, дар майдони шаҳр бигардонанд ва пешопеши ӯ эълон кунанд: “Барои шахсе, ки шоҳ ӯро сарафроз мекунад, чунин карда мешавад”».+ 10  Подшоҳ дарҳол ба Ҳомон гуфт: «Зуд бош ва либосу аспро бигир ва бо Мордахайи яҳудӣ, ки дар назди дарвозаи подшоҳ нишастааст, чунин бикун. Айнан ҳамон тавре ки гуфтӣ, амал кун». 11  Ҳомон либосро гирифта, ба Мордахай+ пӯшонд ва ӯро ба асп савор карду дар майдони шаҳр давр занонд. Худаш бошад, пешопеши ӯ мерафту чунин фарёд мезад: «Барои шахсе, ки шоҳ ӯро сарафроз мекунад, чунин карда мешавад». 12  Пас аз ин Мордахай назди дарвозаи подшоҳ баргашт, лекин Ҳомони ғамзада сарашро пӯшонида саросемавор ба хонааш рафт. 13  Ҳомон воқеаи рӯйдодаро ба занаш Зораш+ ва ҳамаи дӯстонаш нақл кард. Он гоҳ маслиҳатгарони хирадманди ӯ ва занаш Зораш ба ӯ гуфтанд: «Агар Мордахай, ки имрӯз дар пешаш ба фурӯ ғалтидан сар кардаӣ, яҳудӣ бошад, ту ҳаргиз бар ӯ дастболо намешавӣ; ту ҳатман дар пеши ӯ фурӯ меғалтӣ». 14  Ҳанӯз онҳо гапашонро тамом накарда, ходимони дарбори подшоҳ омаданду Ҳомонро зуд ба базме, ки Эстер ороста буд, бурданд.+

Поварақҳо

Ё «сутуне». Ниг. ба луғат, ба калимаи «дор».