Титус 3:1-15

  • Фармонбардорӣ ва итоат (1–3)

  • Ба корҳои нек банд бошанд (4–8)

  • Баҳсҳои аблаҳонаву таълимоти дурӯғ (9–11)

  • Дастурот ва хайрухуш (12–15)

3  Ба онҳо пайваста ёдрас кун, ки ба ҳукуматҳову ҳокимиятҳо фармонбардору итоаткор+ ва ба ҳар кори нек тайёр бошанд,  дар ҳаққи касе бадгӯйӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки боандеша* буда,+ бо ҳамаи одамон бо мулоимӣ рафтор кунанд.+  Охир, мо низ як вақте бефаҳм, беитоат, раҳгумзада, бандаи нафсу побанди кайфу сафо, бадкирдор, ҳасадхӯр ва нафратовар будему якдигарро чашми дидан надоштем.  Аммо, вақте меҳрубонӣ ва инсондӯстии Наҷотбахшамон Худо маълум гашт,+  ӯ ба воситаи об ба мо ҳаёт бахшид+ ва моро бо рӯҳи муқаддас нав карду+ наҷот дод. Худо инро на ба хотири ягон кори дурустамон,+ балки аз раҳму шафқати худ кард.+  Худо рӯҳашро бар мо ба воситаи Наҷотбахшамон Исои Масеҳ ба фаровонӣ рехт,+  то бо лутфу марҳаматаш росткор ҳисоб ёфта,+ мувофиқи умедамон вориси+ ҳаёти ҷовидонӣ+ гардем.  Ин суханон дурустанд ва ман мехоҳам, ки ту онҳоро гаштаю баргашта таъкид кунӣ, то касоне, ки ба Худо имон овардаанд, ҳушашон ба корҳои нек банд бошад. Ин чизҳо барои одамон хубу фоиданоканд.  Вале аз баҳсҳои аблаҳона, кофтукови беҳудаи насабномаҳо ва ҷанҷолҳо дурӣ ҷӯю ба кашмакашҳо дар сари Шариат ҳамроҳ нашав, зеро ин чизҳо бефоидаву нодаркоранд.+ 10  Касеро, ки таълимоти дурӯғро* паҳн мекунад,+ пас аз як-ду огоҳӣ*+ рад кун,+ 11  зеро медонӣ, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худашро маҳкум намудааст. 12  Вақте Артемас ё Тихиқусро+ пешат мефиристам, илоҷе карда, назди ман ба Никополис биё, чунки ман зимистонро дар он ҷо гузаронданиям. 13  Апуллус ва Зеноси донандаи Шариатро барои сафар нағз тайёр кун, то онҳо дар роҳ ба чизе муҳтоҷ нашаванд.+ 14  Бигзор одамони мо низ некукориро ёд гирифта, онро пешаи худ созанд, то дар вақти муҳтоҷӣ дасти ёрӣ дароз кунанд+ ва дар хизмат беҳосил набошанд.+ 15  Ҳамаи ҳамроҳонам ба ту салом мерасонанд. Ба ҳамимононамон, ки моро дӯст медоранд, аз номи ман салом расон. Лутфу марҳамати Худо бо ҳамаи шумо бод!

Поварақҳо

Дар матни асл «ба гузашт кардан тайёр».
Ё «фирқаеро; бидъатеро (сектаеро)».
Ё «насиҳат».