Панднома 9:1-18

  • Ҳикмат даъват мекунад (1–12)

    • Бо ман умри дароз мебинӣ (11)

  • Зани аблаҳ даъват мекунад (13–18)

    • «Оби дуздӣ ширин аст» (17)

9  Ҳикмат хонаи худро бино кардааст,Ҳафт сутуни онро тарошидааст.   Ӯ гӯшт тайёр кардааст,Шаробро омехта намудаастВа дастархон оростааст.   Ӯ канизони худро фиристодааст,То аз баландиҳои шаҳр фарёд зананд:+   «Ҳар кӣ сода аст, ин ҷо биёяд». Ӯ ба ҳар кӣ ақли расо надорад, мегӯяд:   «Биёед, нони маро бихӯредВа шароберо, ки омехтаам, бинӯшед.   Аз содагӣ даст кашед ва умри дароз бинед,+Бо роҳи фаҳм қадам занед».+   Касе, ки нописандро* ислоҳ мекунад, беобрӯ мегардад+Ва касе, ки бадкорро танбеҳ медиҳад, бар сари худ нанг меорад.   Нописандро* танбеҳ надеҳ ки, дар назараш шум мешавӣ.+ Хирадмандро танбеҳ деҳ ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт.+   Хирадмандро сабақ омӯз ва ӯ бохирадтар мешавад,+Росткорро таълим деҳ ва ӯ ба донишаш дониш зам мекунад. 10  Тарс аз Яҳува оғози хирад аст+Ва дониши Худованди Пок+ фаҳм мебахшад. 11  Агар маро* ба даст орӣ, рӯзҳои ҳаётат зиёд мешавад+Ва ту умри дароз мебинӣ. 12  Агар хирадманд шавӣ, ба фоидаи худат мешавӣ,Агар нописанд* шавӣ, азобашро худат мекашӣ. 13  Овози зани аблаҳ баланд аст.+ Ӯ сабукмағз аст ва чизеро намедонад. 14  Вай дар даҳани дари хонааш,Дар баландиҳои шаҳр нишаста,+ 15  Сӯйи раҳгузарон, онҳое, ки бо роҳи худ равонаанд,Фарёд мезанад: 16  «Ҳар кӣ сода аст, ин ҷо биёяд». Ӯ ба ҳар кӣ ақли расо надорад, мегӯяд:+ 17  «Оби дуздӣ ширин аст,Нони баҷоӣ* бамаза аст»,+ 18  Аммо онҳо намедонанд, ки хонаи ӯ макони мурдаҳои беҷон астВа меҳмонони вай дар чуқурии гӯр мебошанд.+

Поварақҳо

Ё «масхарагарро».
Ё «Масхарагарро».
Яъне хирадро.
Ё «масхарагар».
Ё «рустӣ».