Ошкорсозӣ 9:1-21

  • Карнайи панҷум (1–11)

  • Як фалокат гузашт, дутои дигар меояд (12)

  • Карнайи шашум (13–21)

9  Фариштаи панҷум карнай навохт.+ Он гоҳ ман ситораеро дидам, ки аз осмон ба замин афтод, ва ба вай калиди чоҳи бетаг+ дода шуд.  Вай чоҳи бетагро кушод ва аз он дуде ба монанди дуди оташдони калон баромад ва офтобу ҳаво аз дуд торик гашт.+  Аз он дуд бар замин малахҳо баромаданд+ ва ба онҳо қудрати каждумони рӯйи замин дода шуд.  Ба онҳо гуфта шуд, ки ба растаниҳои рӯйи замин ва ба ягон сабзаву дарахт зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне, ки дар пешонияшон муҳри Худоро надоранд.+  Ба малахҳо иҷозат дода шуд, ки онҳоро панҷ моҳ азоб диҳанд, лекин накушанд ва азоби онҳо мисли азоби каждумгазидагон буд.+  Дар он рӯзҳо одамон маргро ҷустуҷӯ мекунанд, вале намеёбанд, мурданро орзу мекунанд, вале марг аз онҳо мегурезад.  Намуди он малахҳо ба аспоне монанд буд, ки ба ҷанг тайёранд.+ Онҳо дар сар чизе ба монанди тоҷи тиллоӣ доштанд, рӯяшон мисли рӯйи мардон буд,  вале мӯяшон мисли мӯйи занон. Дандонҳои онҳо монанди дандонҳои шер+  ва ҷавшани танашон мисли ҷавшани оҳанин буд. Садои болҳояшон бошад, монанди садои аспу аробаҳое буд, ки ба майдони ҷанг медаванд.+ 10  Онҳо мисли каждум думҳои нешдор доранд ва қудрати онҳо дар думҳояшон аст, то ки панҷ моҳ+ ба одамон зарар расонанд. 11  Онҳо бар худ подшоҳе доранд, ки фариштаи чоҳи бетаг аст.+ Номи ӯ ба забони ибронӣ Абаддӯн* ва ба забони юнонӣ Аполлиюн* мебошад. 12  Як фалокат гузашт, вале аз қафои он боз ду фалокати+ дигар меояд. 13  Фариштаи шашум+ карнай навохт+ ва ман шунидам, ки овозе аз шохҳои қурбонгоҳи тиллоии+ пеши Худо 14  ба фариштаи шашум, ки карнай дошт, чунин гуфт: «Чор фариштаеро, ки дар назди дарёи бузурги Фурот+ баста шудаанд, озод кун». 15  Он гоҳ чор фариштае, ки барои он соат, рӯз, моҳ ва сол тайёр шуда буданд, озод карда шуданд, то сеяки одамонро бикушанд. 16  Ман шумораи лашкари савораро шунидам, ки бист ҳазор карат даҳ ҳазор* буд. 17  Аспон ва саворони онҳо, ки ман дар рӯъё дидам, чунин буданд: онҳо дар тан ҷавшанҳои сурх, кабуд ва зард доштанд. Каллаҳои аспон мисли каллаи шер буд+ ва аз даҳонашон оташ, дуд ва кибрит* мебаромад. 18  Бо ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон кушта шуданд. 19  Қудрати он аспон дар даҳон ва думҳои онҳост, зеро думҳояшон монанди мор калла доранд, ва онҳо бо думҳои худ ба одамон зарар мерасонанд. 20  Вале касоне, ки бо ин балоҳо кушта нашуда буданд, аз амали дастҳои худ тавба накарданд. Онҳо парастиши девҳо ва бутҳои тиллоӣ, нуқрагин, мисин, сангин ва чӯбинро, ки дида, шунида ва роҳ гашта наметавонанд, бас накарданд.+ 21  Онҳо ҳамчунин аз одамкушӣ, ҷодугарӣ, зино* ва дуздӣ тавба накарданд.

Поварақҳо

Маънояш «нобудӣ».
Маънояш «нобудгар».
Яъне 200 миллион.
Ё «сулфур».
Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».