Ошкорсозӣ 13:1-18
13 Аждаҳо бар реги баҳр истод.
Сипас ман ҳайвони ваҳшиеро дидам,+ ки аз баҳр берун меомад.+ Вай даҳ шох ва ҳафт калла дошт ва дар шохҳояш даҳ тоҷ буду бар каллаҳояш номҳои куфромез навишта шуда буд.
2 Он ҳайвони ваҳшие, ки ман дидам, мисли паланг буд, пойҳояш чун пойи хирс ва даҳонаш чун даҳони шер. Аждаҳо+ ба ин ҳайвони ваҳшӣ қуввати худ, тахти худ ва қудрати бузурге дод.+
3 Ман дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё захми марговар гирифт, вале он захм шифо ёфт+ ва тамоми сокинони замин ба ваҷд омада, аз пайи ҳайвони ваҳшӣ равона шуданд.
4 Одамон ба аждаҳо саҷда карданд, зеро вай ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дод. Онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ низ саҷда карда, гуфтанд: «Кӣ ба ҳайвони ваҳшӣ баробар шуда метавонад ва кӣ бо вай ҷангида метавонад?»
5 Ба он ҳайвон даҳоне дода шуд, ки суханони ҳавобаландонаву куфромез гӯяд, ва қудрат дода шуд, то 42 моҳ+ амал кунад.
6 Вай даҳонашро кушод, то дар ҳаққи Худо, номи ӯ ва макони ӯ, яъне сокинони осмон,+ куфр гӯяд.+
7 Ба он ҳайвон иҷозат дода шуд, ки бо покон ҷанг кунаду бар онҳо ғолиб ояд.+ Ҳамчунин ба вай қудрат дода шуд, ки бар ҳар қабила, халқ, забон ва миллат ҳукмронӣ кунад.
8 Ҳамаи сокинони замин он ҳайвонро парастиш хоҳанд кард. Номи ҳеҷ яки онҳо аз бунёди олам* дар дастхати ҳаёт+ навишта нашудааст. Он дастхат аз они Барра аст, ки кушта шуда буд.+
9 Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад.+
10 Ҳар касе, ки бояд ба асирӣ афтад, ба асирӣ меафтад. Ҳар кӣ бо шамшер бикушад*, бояд бо шамшер кушта шавад.+ Дар ин ҷо ба покон+ истодагарӣ+ ва имон+ лозим аст.
11 Сипас ман ҳайвони ваҳшии дигареро дидам, ки аз замин мебаромад. Вай мисли барра ду шох дошт, вале чун аждаҳо+ сухан мегуфт.
12 Ин ҳайвон тамоми қудрати ҳайвони ваҳшии+ якумро дар пеши назари вай кор фармуда, замину сокинони онро маҷбур мекунад, ки ҳайвони якумро, ки захми марговараш шифо ёфта буд,+ парастиш кунанд.
13 Вай дар пеши назари одамон аломатҳои бузурге ба амал меоварад ва ҳатто аз осмон ба замин оташ меборонад.
14 Ин ҳайвон сокинони заминро гумроҳ мекунад, зеро ба ӯ иҷозат дода шуд, ки дар пеши назари ҳайвони ваҳшии якум аломатҳо ба амал орад. Вай ҳамчунин ба сокинони замин мегӯяд, ки ҳайкали+ ҳайвони ваҳшиеро, ки аз шамшер захмдор шуда, зинда мондааст, бисозанд.+
15 Ба ҳайвони ваҳшие, ки ду шох дошт, иҷозат дода шуд, то ба ҳайкали ҳайвони ваҳшии якум ҳаёт* бидамад, ва он сухан гӯяду сабаби кушта шудани ҳамаи онҳое гардад, ки ба вай саҷда намекунанд.
16 Ҳайвони ваҳшии дуюм ҳамаи одамон — хурду бузург, бою камбағал ва озоду ғуломро, маҷбур мекунад, ки ба дасти рост ё пешонияшон аломат гиранд,+
17 то ҳеҷ кас харидаву фурӯхта натавонад, ғайр аз касе, ки аломат, яъне номи+ ҳайвони ваҳшии якум ё рақами номи вайро, дорад.+
18 Дар ин ҷо хирад лозим аст: ҳар кӣ фаҳм дорад, бигзор рақами ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро ин рақами одамист, ва рақами он 666 мебошад.+
Поварақҳо
^ Яъне аз вақти фарзанддор шудани Одаму Ҳавво.
^ Ё, эҳтимол, «Ҳар кӣ бояд бо шамшер кушта шавад».
^ Ё «нафас; рӯҳ».