Омӯс 9:1-15
9 Ман Яҳуваро дидам,+ ки бар қурбонгоҳ меистод, ва ӯ гуфт: «Сари сутунро зарба зан, то остонаҳо ба ларза оянд. Сари онҳоро бишкан, бақияи мардумро бошад, ман бо дами шамшер мекушам. Гуреза дур намегурезад ва ҷӯяндаи халосӣ раҳо намеёбад.+
2 Агар онҳо заминро кофта, то гӯр* бирасанд,Дасти ман онҳоро дарёб мекунадВа, агар ба осмон бароянд,Онҳоро аз он ҷо поён меорам.
3 Агар дар қуллаи Кармил пинҳон шаванд,Онҳоро кофта, дастгир мекунам+Ва, агар дар таги баҳр аз чашмам баҷо шаванд,Бо амри ман мор онҳоро мегазад.
4 Агар пешопеши душман ба асирӣ раванд,Бо фармони ман шамшер онҳоро мекушад,+Ман на бо нияти нек, балки бо нияти бад ба онҳо назар медӯзам.+
5 Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, Худоест, ки ба замин даст мерасонадуОн об мешавад+ ва тамоми сокинонаш мотам мегиранд.+
Он саросар мисли обҳои Нил баланд мешавад,Мисли Нили Миср фурӯ менишинад.+
6 Ӯ, ки зинаҳояшро дар осмон месозадВа бинояшро* бар замин устувор менамояд,Ҳамоне, ки оби баҳрро ҷамъ меорад,То онро бар замин биборонад,+Яҳува ном дорад.+
7 Магар шумо, эй халқи Исроил, барои ман чун кушиён нестед? — мегӯяд Яҳува.—
Магар ман Исроилро аз замини Миср,+Фалиштиёнро аз Крит+ ва арамиёнро аз Қир+ берун наовардаам?
8 Чашмони Парвардигор Яҳува бар ин мамлакати пургуноҳ астВа ӯ онро аз рӯйи замин нест мекунад.+
Аммо ман хонадони Яъқубро пурра нест намекунам,+— мегӯяд Яҳува.—
9 Инак, ман амр мефармоямВа хонадони Исроил дар миёни халқҳо бехта мешавад,+Чуноне ки ғалларо дар ғалбер мебезанд,Ва сангчае ба замин намеафтад.
10 Ҳамаи гунаҳкорони халқи ман,Касоне, ки “Бало ба мо намерасад ва ба сари мо намеояд” мегӯянд,Аз дами шамшер мемиранд.
11 Дар он рӯз ман хаймаи* Довудро,+ ки ғалтидааст, мебардорам,Рахнаҳои онро соз мекунамВа вайронаҳояшро обод менамоям,Онро чун дар замони қадим аз нав бино мекунам,+
12 То ки онҳо бақияи Адӯм+ ва ҳамаи халқҳоеро, ки ба номи ман хонда шудаанд,Соҳиб шаванд,— мегӯяд Яҳува, ки инро ба амал меорад.—
13 Рӯзҳое меоянд, ки,— мегӯяд Яҳува,—Касе, ки шудгор мекунад, даравгарроВа касе, ки ангурро пахш мекунад, корандаро дарёб мекунад.+
Он вақт аз кӯҳҳо шароби нав мечакад+Ва бар ҳамаи теппаҳо мешорад.+
14 Ман асирони халқам Исроилро бармегардонам+Ва онҳо шаҳрҳои вайронаро обод карда дар онҳо сокин мешаванд,+Токҳо шинонда, шароби онро менӯшанд+Ва боғҳо парварида, меваи онро мехӯранд.+
15 Ман онҳоро дар заминашон мешинонамВа онҳо дигар ҳеҷ гоҳ аз замине, ки ба онҳо додаам,Решакан намешаванд,+— мегӯяд Худоятон Яҳува».