Омӯс 7:1-17

  • Рӯъёҳо дар бораи ҷазои Исроил (1–9)

  • Ба Омӯс мегӯянд, ки пешгӯйӣ накунад (10–17)

7  Парвардигор Яҳува ба ман чунин рӯъё нишон дод: вақте кишти охирин* ба сабзидан сар кард, ӯ селаи малахҳоро фиристод. Ин киште буд, ки пас аз даравидани алафи подшоҳ карда шуд.  Вақте малахҳо сабзаи заминро хӯрда шуданд, ман гуфтам: «Эй Яҳува, Парвардигор, илтимос, халқатро бубахш!+ Чӣ тавр Яъқуб зинда монад? Охир, ӯ нотавон аст!»+  Он гоҳ Яҳува аз фикраш гашт+ ва Яҳува гуфт: «Чунин нахоҳад шуд».  Пас аз ин Парвардигор Яҳува ба ман чунин рӯъё нишон дод: Парвардигор Яҳува фармуд, ки замин бо оташ ҷазо дода шавад, ва оташ обҳои азим ва қисми заминро ба коми худ кашид.  Он гоҳ ман гуфтам: «Эй Яҳува, Парвардигор, илтимос, инро боздор!+ Чӣ тавр Яъқуб зинда монад? Охир, ӯ нотавон аст!»+  Он гоҳ Яҳува аз фикраш гашт+ ва Парвардигор Яҳува гуфт: «Ин тавр низ нахоҳад шуд».  Пас аз ин ӯ ба ман чунин рӯъё нишон дод: Яҳува бар деворе, ки бо шоқул* сохта шуда буд, меистод ва дар даст шоқул дошт.  Яҳува ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чиро мебинӣ?» Ман ҷавоб додам: «Шоқулро». Он гоҳ Яҳува гуфт: «Ман халқам Исроилро бо шоқул чен мекунам ва дигар онҳоро намебахшам.+  Баландиҳои Исҳоқ+ валангор мешаванд ва муқаддасгоҳҳои Исроил нобуд мегарданд.+ Ман бар хонадони Ёробъом бо шамшер меоям».+ 10  Амасёи коҳини* Байт-Ил+ ба назди Ёробъоми+ шоҳи Исроил хабар фиристода гуфт: «Омӯс дар миёни хонадони Исроил бар зидди ту иғво меандозад.+ Ин замин тобу тоқати шунидани суханони ӯро надорад,+ 11  зеро Омӯс чунин мегӯяд: “Ёробъом аз дами шамшер мемирад ва Исроил ҳатман аз замини худ ба асирӣ меравад”».+ 12  Сипас Амасё ба Омӯс гуфт: «Эй пешбин, бирав ва ба замини Яҳудо бигрез, нони худро дар он ҷо ёб ва дар ҳамон ҷо пешгӯйӣ кун.+ 13  Дар Байт-Ил бошад, дигар пешгӯйӣ накун+ ки, он муқаддасгоҳи подшоҳ+ ва ибодатгоҳи кишвар аст». 14  Омӯс ба Амасё ҷавоб дод: «Ман на пайғамбар будаму на писари пайғамбар, балки рамабон будам+ ва дарахтони тутанҷирро нигоҳубин мекардам*. 15  Вале Яҳува маро аз рамабонӣ гирифт ва Яҳува ба ман гуфт: “Бирав ва ба халқам Исроил пайғоми маро бирасон”.+ 16  Пас, каломи Яҳуваро бишнав: “Ту мегӯӣ: “Бар зидди Исроил пешгӯйӣ накун+ ва бар зидди хонадони Исҳоқ сухан нарон”.+ 17  Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд: “Зани ту дар ин шаҳр фоҳиша мешавад ва писару духтаронат аз дами шамшер мемиранд. Замини туро бо таноби андозагирӣ тақсим мекунанд ва худи ту дар замини бегона мемирӣ, Исроил бошад, ҳатман аз замини худ ба асирӣ меравад”».+

Поварақҳо

Яъне кишт дар моҳҳои январ ва феврал.
Шоқул — асбобе барои санҷидани ростии девор.
Коҳин — ниг. ба луғат.
Ё «тутанҷирро чок мекардам».