Нолаҳо 1:1-22

  • Ерусалим мисли бевазан аст

    • Ӯ яккаву танҳо нишастааст (1)

    • Гуноҳҳои Сион (8, 9)

    • Худо аз Сион рӯ мегардонад (12–15)

    • Касе Сионро дилбардорӣ намекунад (17)

א [Алиф]* 1  Чӣ тавр он шаҳре, ки пур аз одам буд,+ яккаву танҳо нишастааст! Шаҳре, ки як замон дар байни халқҳо серодам буд,+ мисли бевазане шудааст! Чӣ тавр шоҳдухтари вилоятҳоро ба меҳнат маҷбур кардаанд!+ ב [Бет]   Тамоми шаб аз чашмонаш ашк меборад,+ рухсораҳояш аз оби дида тап-тар шудаанд. Ҳеҷ яке аз хушдоронаш он ҷо нест, ки ӯро дилбардорӣ кунад.+ Ҳама дӯстонаш ба ӯ хиёнат карда,+ душманаш шудаанд. ג [Гимел]   Яҳудо ба асирӣ рафта,+ азоби зулму ғуломиро мекашад.+ Ӯ маҷбур аст дар миёни халқҳо зиндагӣ кунад,+ барои худ ҷойи тинҷу ором намеёбад. Тамоми бадхоҳонаш ҳангоми ғаму андуҳаш ба ӯ даррасиданд. ד [Далет]   Роҳҳои сӯйи Сион мотам гирифтаанд, зеро касе ба ид намеравад.+ Ҳамаи дарвозаҳояш вайрон шудаанд,+ коҳинонаш* оҳ мекашанд. Бокирагонаш ғамзадаанд ва худаш ғарқи ғусса шудааст. ה [Ҳе]   Бадхоҳонаш хӯҷаини ӯ гаштаанд ва душманонаш ғаме надоранд,+Зеро Яҳува барои гуноҳҳои зиёдаш бар сари ӯ азоб овардааст.+ Фарзандони вай пешопеши душманонаш ба асирӣ рафтаанд.+ ו [Вов]   Духтари Сионро тамоми шукӯҳаш тарк кардааст.+ Миронаш мисли гавазнҳоеанд, ки чарогоҳ наёфтаанд,Онҳо пешопеши дунболагиронашон беҳолу бемадор қадам мегузоранд. ז [Зайин]   Дар рӯзҳои ғамзада ва бехонаву дар буданашЕрусалим тамоми чизҳои пурарзишеро, ки пеш дошт, ба хотир овард.+ Вақте халқаш ба дасти душманон афтод, ӯ халосгаре надошт.+ Душманонаш шикасти ӯро дида, ба ҳолаш хандиданд.+ ח [Хет]   Ерусалим гуноҳи азиме кардааст,+Аз ин рӯ нафратангез гаштааст. Онҳое, ки иззаташ мекарданд, бараҳнагияшро дида аз ӯ нафрат карданд.+ Ӯ оҳ кашида,+ аз шармандагӣ рӯяшро мегардонад. ט [Тет]   Нопокияш бар доманаш аст,Ӯ аз ояндааш наандешид.+ Шикасташ ҳайратангез буд; ғамгусоре надорад. Эй Яҳува, ранҷи маро бубин, душманам ҳавобаландӣ мекунад.+ י [Йод] 10  Душманонаш ба тамоми ганҷҳояш дастдарозӣ карданд.+ Ӯ халқҳоеро дид, ки ба муқаддасгоҳаш даромаданд,+Халқҳоеро, ки ту аз ҳамроҳ шудан ба ҷамоатат манъ карда будӣ. כ [Каф] 11  Тамоми халқаш оҳ мекашанд, онҳо нон меҷӯянд.+ Чизҳои қиматбаҳояшонро ба ивази хӯрок медиҳанд, то зинда монанд. Бингар, эй Яҳува, ва бубин, ки чӣ гуна мисли зани хору зоре* гаштаам. ל [Ламед] 12  Наход шумо, эй ҳамаи роҳгузарон, ба ин бепарво бошед? Нигаред ва бубинед! Оё дарди касе мисли дарди ман аст,Мисли ранҷе, ки Яҳува дар рӯзи ғазаби сӯзонаш ба ман расонда буд?+ מ [Мим] 13  Ӯ аз боло ба устухонҳоям оташ афкандааст,+ то якояки онҳоро бисӯзонад. Пеши поям дом партофтааст; маро ба қафо баргардондааст. Маро мисли зани яккаву танҳое гардондааст. Рӯзи дароз беморам. נ [Нун] 14  Ӯ гуноҳҳоямро мисли юғе* бар гарданам гузоштааст,Онҳо бар гарданам гузошта шудаанд ва ман беҳол гаштаам. Яҳува маро ба дасти касоне супурдааст, ки зӯрам ба онҳо намерасад.+ ס [Самех] 15  Яҳува тамоми мардони пурзӯрамро пароканда кардааст.+ Ӯ лашкареро ба зидди ман ҷамъ овардааст, то ҷавонмардонамро зарба занад.+ Яҳува бокираи Яҳудоро дар чархушт поймол кардааст.+ ע [Айин] 16  Барои ҳамаи ин ман мегирям,+ ашкам шашқатор аст. Ғамгусорону ҷонбахшонам аз ман дуранд. Писаронам хонавайронанд, зеро душман дастболо гаштааст. פ [Пе] 17  Сион дастонашро дароз мекунад,+ вале касе нест, ки ӯро дилбардорӣ кунад. Яҳува ба ҳамсоягони Яъқуб фармудааст, ки бо вай душманӣ кунанд.+ Ерусалим барояшон нафратангез гаштааст.+ צ [Тсаде] 18  Яҳува росткор аст,+ ман бар зидди фармудаҳояш баромадаам.+ Эй ҳамаи халқҳо, бишнавед ва дарди маро бубинед. Ҷавондухтарон ва ҷавонписаронам ба асирӣ рафтаанд.+ ק [Коф] 19  Хушдоронамро хондам, вале онҳо ба ман хиёнат карданд.+ Коҳинону пиронам дар шаҳр нобуд шуданд,Дар ҳоле ки хӯрок меҷустанд, то зинда бимонанд.+ ר [Реш] 20  Бингар, эй Яҳува, зеро дардам бузург аст. Дарунам дар сӯзу гудоз аст,Дилам садпора аст, зеро саркашу исёнкор будам.+ Дар берун шамшер нобуд месозад,+ дар даруни хона марг ҳукмфармост. ש [Шин] 21  Мардум оҳу фиғони маро шуниданд. Касе нест, ки маро дилбардорӣ кунад. Ҳама душманонам аз фалокатам огоҳ гаштандВа шод шуданд, ки ту онро бар сарам овардӣ.+ Аммо рӯзе, ки ту эълон карда будӣ,+ меояд ва ҳолашон мисли ман мешавад.+ ת [Тав] 22  Бигзор тамоми бадиҳояшон пеши назарат ошкор шавад. Онҳоро ҷазо бидеҳ,+Чуноне ки маро барои ҳама ҷиноятҳоям ҷазо додӣ. Оҳу фиғонам бисёр асту дилам дардманд.

Поварақҳо

Бобҳои 1–4 дар забони ибрӣ ба шакли мувашшаҳ омадаанд, яъне ҳар як порча бо ҳарфе сар мешавад, ки ба тартиби алифбои ибрӣ мувофиқ аст.
Коҳин — ниг. ба луғат.
Ин ҷо Ерусалим дар назар дошта шудааст.
Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.