Наҳемё 10:1-39
10 Инҳоянд касоне, ки муҳри худро гузоштанд:+
Наҳемёи волии* писари Ҳакалё,
ҳамчунин Сидқиёҳу,
2 Сароё, Азарё, Ирмиё,
3 Фашҳур, Амарё, Малкиё,
4 Ҳаттуш, Шабанё, Маллук,
5 Ҳорим,+ Маримут, Убадё,
6 Дониёл,+ Ҷинтун, Борух,
7 Машуллом, Абиё, Миёмин,
8 Маазёҳу, Билҷай ва Шамаъёҳу. Инҳо коҳин буданд.
9 Ҳамчунин левизодагон: Ешуаи писари Азанё, Биннуйи яке аз писарони Ҳенодод, Қадмиил+
10 ва бародаронашон — Шабанё, Ҳудиё, Қалито, Фалоё, Ҳонон,
11 Мико, Раҳӯб, Ҳашабё,
12 Заккур, Шарабё,+ Шабанё,
13 Ҳудиё, Бонӣ ва Банину.
14 Сарварони халқ: Фаръуш, Поҳатмӯоб,+ Элом, Затту, Бонӣ,
15 Буннӣ, Азҷод, Бебой,
16 Адӯниё, Биҷвай, Один,
17 Отир, Ҳизқиё, Аззур,
18 Ҳудиё, Ҳошум, Бесой,
19 Ҳориф, Анотӯт, Нибой,
20 Маҷфиош, Машуллом, Ҳизир,
21 Машизабъил, Содӯқ, Яддуа,
22 Фалатё, Ҳонон, Аноё,
23 Ҳушаъ, Ҳананё, Ҳашшуб,
24 Ҳаллуҳиш, Филҳо, Шубак,
25 Раҳум, Ҳашабно, Маасиёҳу,
26 Аҳиё, Ҳонон, Онон,
27 Маллук, Ҳорим ва Баано.
28 Боқимондаи халқ — коҳинон, левизодагон, дарбонон, сарояндагон, хизматгузорони ибодатгоҳ* ва ҳамаи онҳое, ки худро аз халқҳои дигар ҷудо карданд, то Шариати Худоро пайравӣ кунанд,+ занон, писарон ва духтарони онҳо, ҳамаи касоне, ки соҳиби донишу фаҳм буданд* —
29 ба бародарони худ, ба калоншавандагонашон, ҳамроҳ шуданд ва қасам хӯрданд, ки аз рӯйи Шариати Худо, ки ба воситаи Мӯсо, бандаи Худо, дода шудааст, зиндагӣ кунанд ва ҳамаи амрҳои Худовандамон Яҳуваро, ҳукмҳо ва дастурҳои ӯро нуқта ба нуқта ба ҷо оранд, вагарна гирифтори лаънат гарданд.
30 Мо ваъда медиҳем, ки духтаронамонро ба халқҳои дигар ба шавҳар намедиҳем ва духтарони онҳоро барои писаронамон намегирем.+
31 Агар халқҳои дигар дар рӯзи шанбе мол ва ҳар навъ ғалларо барои фурӯш биёранд, дар рӯзи шанбе+ ё рӯзи муқаддаси дигаре+ аз онҳо чизе намехарем. Мо аз баҳри ҳосили соли ҳафтум+ ва ҳар гуна қарз низ мегузарем.+
32 Мо ҳамчунин ба зимма мегирем, ки ҳар якеамон ҳар сол сеяки сиқлро* барои хизмати хонаи Худоямон,+
33 барои нони чида*,+ ҳадияи доимии ғалла,+ қурбонии сӯхтании доимии рӯзҳои шанбе+ ва навмоҳҳо,+ барои ҷашнвораҳои муқарраршуда,+ ҳадияҳои муқаддас, қурбониҳои гуноҳ,+ ки товоне барои гуноҳҳои Исроил мебошанд, ва барои тамоми кори хонаи Худоямон бидиҳем.
34 Ҳамчунин мо қуръа партофтем, ки коҳинон, левизодагон ва халқ, аз рӯйи хонаводаҳоямон, сол аз сол, дар вақти муайян, ба хонаи Худоямон ҳезум биёранд, то, чуноне ки дар Таврот* навишта шудааст, бар қурбонгоҳи Худоямон Яҳува сӯзад.+
35 Мо навбари замини худ ва навбари ҳар навъ дарахти мевадори худро низ сол аз сол ба хонаи Яҳува меорем.+
36 Ҳамчунин мо нахустзодаи писарони худ ва чорпоёни худро,+ мувофиқи он чӣ дар Таврот навишта шудааст, ва нахустзодаи рама ва чорвои дигари худро хоҳем овард. Мо инро ба хонаи Худоямон, ба коҳиноне, ки дар хонаи Худоямон хизмат мекунанд, меорем.+
37 Ғайр аз ин, мо навбари ғаллаи нимкӯфтаи худ,+ хайрияҳои худ, ҳосили ҳар навъ дарахт,+ шароби нав ва равғанро+ ба коҳинон, ба ҳуҷраҳои хонаи Худоямон+ меорем, ҳамчунин даҳяки киштзори худро ба левизодагон медиҳем,+ чунки дар ҳамаи шаҳрҳои кишоварзиямон даҳякро онҳо ҷамъ мекунанд.
38 Ҳамроҳи левизодагон, ҳангоме ки онҳо даҳякро ҷамъ мекунанд, бояд коҳине аз писарони Ҳорун бошад. Левизодагон бояд даҳякеро аз даҳяк ба хонаи Худоямон, ба ҳуҷраҳои анбор, биёранд.+
39 Исроилиён ва писарони Левӣ ҳадияи ғалла, шароби нав ва равғанро+ бояд ба ин ҳуҷраҳо оранд,+ ки дар он ҷо ашёҳои муқаддасгоҳ нигоҳ дошта мешаванд ва коҳинони хизматгузор, дарбонон ва сарояндагон ҷойгир мешаванд. Мо ба хонаи Худои худ бепарвоӣ нахоҳем кард.+
Поварақҳо
^ Ё «тиршото», унвони ҳокими вилоят дар қаламрави Форс.
^ Дар матни асл «додашудагон».
^ Ё, эҳтимол, «синну солашон ба фаҳм кардан имкон медод».
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Яъне нони пешкаш.
^ Ё «Шариат».