Мико 4:1-13
4 Дар рӯзҳои охирКӯҳи хонаи Яҳува+Бар сари кӯҳҳо устувор мегардадуАз теппаҳо баландтар мешавадВа халқҳо сӯйи он равона мешаванд.+
2 Халқҳои зиёде омада, мегӯянд:
«Биёед ба кӯҳи ЯҳуваВа ба хонаи Худои Яъқуб бароем.+
Ӯ роҳҳои худро ба мо таълим медиҳадВа мо бо роҳҳои ӯ равона мешавем»,Зеро шариат* аз СионВа каломи Яҳува аз Ерусалим мебарояд.
3 Ӯ дар миёни халқҳои зиёд доварӣ мекунад+Ва ҳама чиро дар байни мардумони пурзӯр то дуриҳо ислоҳ менамояд.
Онҳо аз шамшерҳои худ позаҳо*Ва аз найзаҳои худ каҷкордҳо* месозанд.+
Халқе бар халқе шамшер намекашадВа онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд.+
4 Ҳар яки онҳо зери токи худ ва дарахти анҷири худ мешинад+Ва касе онҳоро наметарсонад,+Зеро худи Яҳува, Худои лашкарҳо, инро гуфтааст.
5 Ҳамаи халқҳо, ҳар яке ба номи худои худ, равона мешаванд,Мо бошем, то абад ба номи Худои худ Яҳува равона мешавем.+
6 «Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—
Ман халқеро, ки мелангид, ҷамъ мекунамВа халқи парокандаро бо онҳое, ки ҷазояшон додам, гирд меорам.+
7 Ман аз халқе, ки мелангид, бақияе мегузорам+Ва халқеро, ки ронда шуда буд, пурзӯр мегардонам.+
Яҳува аз ҳозир то абадДар кӯҳи Сион бар онҳо подшоҳӣ мекунад.
8 Эй дидбонгоҳи рама,Эй теппаи духтари Сион,+Қудрати аввала, подшоҳии духтари Ерусалим,+ ба ту бармегардад.+
9 Пас, чаро фарёд мезанӣ?
Магар ту подшоҳ надорӣ,Магар маслиҳатгарат нобуд гаштааст ки,Туро мисли зане, ки мезояд, дард гирифтааст?+
10 Мисли зане, ки мезояд,Печутоб хӯр ва нола кун, эй духтари Сион,Зеро ту аз шаҳр баромада, дар саҳро сокин мешавӣ.
Ту то худи Бобил меравӣ+Ва дар он ҷо халосӣ меёбӣ,+Он ҷо Яҳува туро аз дасти душманонат бозмехарад.+
11 Халқҳои зиёде бар зидди ту ҷамъ омада, хоҳанд гуфт:
“Бигзор Сион нопок шавадВа чашмонамон инро бубинад”.
12 Аммо онҳо фикрҳои Яҳуваро намедонандВа ба нияташ сарфаҳм намераванд.
Ӯ онҳоро мисли дарзаҳои навдаравида дар хирмангоҳ ҷамъ меорад.
13 Бархез ва хирман бикӯб, эй духтари Сион,+Зеро ман шохҳои туро оҳанину сумҳоятро мисин мегардонамВа ту халқҳои бисёреро кӯфта поймол мекунӣ.+
Ту даромади ноҳақи онҳоро ба Яҳува,Сарвати онҳоро ба Худованди тамоми замин мебахшӣ».+
Поварақҳо
^ Ё «дастур».
^ Поза — олате, ки ба нӯги испор (омоч) часпонда, заминро шудгор мекунанд; говоҳан.
^ Каҷкорд — як навъ корд барои буридани шохаҳои дарахт; доскола.