Матто 20:1-34
20 Подшоҳии осмон монанди соҳибхонаест, ки саҳарии барвақт аз хона баромад, то барои токзораш мардикоронро киро кунад.+
2 Ӯ бо мардикорон барои рӯзи корияшон якдинорӣ* гапзанон карда, онҳоро ба токзораш фиристод.
3 Соатҳои нуҳи саҳар* ӯ боз ба бозор рафта, мардикорони дигареро дид, ки бекор меистоданд,
4 ва ба онҳо гуфт: “Шумо низ ба токзори ман биравед, ман музди шуморо аз рӯйи инсоф медиҳам”,
5 ва онҳо ҳам рафтанд. Ӯ ҳамчунин қарибиҳои соати дувоздаҳ* ва сеи* рӯз рафта, мардикоронро киро кард.
6 Ниҳоят ӯ соатҳои панҷи* бегоҳ берун рафт ва мардикорони бекорро дида ба онҳо гуфт: “Чаро шумо рӯзи дароз дар ин ҷо бекор истодаед?”
7 Онҳо ҷавоб доданд: “Охир, моро ҳеҷ кас киро накард”. Вай ба онҳо гуфт: “Шумо ҳам ба токзори ман равед”.
8 Вақте шом шуд, соҳиби токзор ба сардори хизматгорон гуфт: “Коргаронро ҷамъ овар ва ба ҳамаашон, аз охирин сар карда то аввалин, ҳаққи меҳнаташонро бидеҳ”.+
9 Мардикороне, ки соати панҷи бегоҳ корро сар карда буданд, якдинорӣ гирифтанд.
10 Аз ин рӯ онҳое, ки аз ҳама пеш киро шуда буданд, гумон карданд, ки ҳаққи корашонро зиёдтар медиҳанд, вале ба онҳо низ якдинорӣ доданд.
11 Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карда гуфтанд:
12 “Ин коргароне, ки дар охири рӯз омаданд, ҳамагӣ як соат кор карданд, ту бошӣ, онҳоро бо мо, ки дар таги офтоби сӯзон арақи ҷабин рехта тамоми рӯз меҳнат кардем, баробар донистӣ!”
13 Вале ӯ ба яке аз онҳо ҷавоб дод: “Эй ҷӯра, ман нисбати ту ноҳаққӣ накардам. Оё мо якдинорӣ гапзанон накарда будем?+
14 Пас, пулатро бигиру бирав. Ба ин охиринҳо бошад, ман мехоҳам баробари ту музд диҳам.
15 Магар ман ҳақ надорам, ки пуламро, чи хеле хоҳам, сарф кунам? Ё ту дасткушодии маро чашми дидан надорӣ*?”+
16 Ҳамин тавр, онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванду онҳое, ки аввалинанд, охирин».+
17 Ҳангоми сӯйи Ерусалим равона будан Исо 12 шогирдашро як сӯ бурда, гуфт:+
18 «Дар Ерусалим, ки ба он ҷо равонаем, Фарзанди одам ба дасти коҳинони калон ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо ӯро ба марг маҳкум мекунанд+
19 ва ба дасти халқҳои дигар месупоранд, он халқҳо бошанд, ӯро мазоқу масхара мекунанд, қамчин мезананд+ ва дар сутун ба қатл мерасонанд, лекин ӯ дар рӯзи сеюм зинда мешавад».+
20 Дар он вақт зани Забдой+ бо писаронаш ба назди Исо омада, ба ӯ таъзим карду чизе илтимос карданӣ шуд.+
21 Исо аз вай пурсид: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Аз ту хоҳиш мекунам, ки ин ду писарам дар Подшоҳии ту яке аз тарафи ростат ва дигаре аз тарафи чапат шинанд».+
22 Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро хоҳиш мекунед. Оё аз пиёлае, ки ман хоҳам нӯшид, нӯшида метавонед?»+ Онҳо гуфтанд: «Метавонем».
23 Он гоҳ Исо гуфт: «Аз пиёлаи ман, албатта, менӯшед,+ аммо аз тарафи росту чапи ман нишастани касе дар ихтиёри ман нест. Ин ҷойҳо аз они касоне мебошанд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».+
24 Вақте ки даҳ шогирди дигар инро шуниданд, аз он ду бародар дарғазаб шуданд.+
25 Лекин Исо онҳоро назди худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки ҳокимони халқҳо бар одамон ҳукм меронанд ва соҳибқудратон бар дигарон фармонфармоӣ мекунанд.+
26 Вале дар байни шумо набояд чунин бошад.+ Ҳар кӣ дар байнатон бузург будан хоҳад, бояд хизматгори шумо шавад+
27 ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи шумо шавад.+
28 Фарзанди одам низ на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд,+ балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад ва ҷонашро барои бисёр касон фидо намояд*».+
29 Ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисёре аз ақибаш рафтанд.
30 Ду марди кӯре, ки дар лаби раҳ нишаста буданд, аз он ҷо гузаштани Исоро шунида фарёд заданд: «Ҳазрато, Писари Довуд, ба мо раҳм кун!»+
31 Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд, аммо онҳо боз ҳам баландтар фарёд зада мегуфтанд: «Ҳазрато, Писари Довуд, ба мо раҳм кун!»
32 Исо бозистода, онҳоро ба наздаш хонду гуфт: «Шумо аз ман чӣ хоҳиш доред?»
33 Онҳо гуфтанд: «Ҳазрат, мехоҳем бино шавем».
34 Дили Исо ба онҳо сӯхт ва ӯ ба чашмонашон даст расонд,+ ҳамон лаҳза ҳар дуи онҳо бино гаштанд ва ӯро пайравӣ карданд.
Поварақҳо
^ Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Дар матни асл «Тақрибан соати сеюм [пас аз баромадани офтоб]».
^ Дар матни асл «тақрибан соати шашум [пас аз баромадани офтоб]».
^ Дар матни асл «тақрибан соати нуҳум [пас аз баромадани офтоб]».
^ Дар матни асл «тақрибан соати ёздаҳум [пас аз баромадани офтоб]».
^ Ё «ба дасткушодии ман ҳасад мебарӣ».