Марқус 3:1-35

  • Шифо ёфтани марди дасташ хушкшуда (1–6)

  • Мардуми зиёд дар лаби баҳр (7–12)

  • 12 расул (13–19)

  • Куфр бар зидди рӯҳи муқаддас (20–30)

  • Модар ва бародарони Исо (31–35)

3  Исо боз ба ибодатхона даромад. Дар он ҷо марди дасташ хушкшудае* буд.+  Фарисиён бошанд, азбаски мехостанд дар Исо айбе ёбанд, бодиққат нигоҳ мекарданд, ки ӯ дар рӯзи шанбе ин шахсро шифо мебахшад ё не.  Исо ба марди дасташ хушкшуда* гуфт: «Аз ҷоят хез ва дар миёнаҷо ист».  Сипас ӯ ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Дар рӯзи шанбе кардани кадом кор равост: кори нек ё бад, наҷот додан ё куштан?»+ Лекин онҳо хомӯш менишастанд.  Исо аз дилсахтияшон+ бисёр ғамгин шуд ва ба атрофиёнаш бо хашм нигоҳ кард. Сипас ӯ ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он сиҳат шуд.  Фарисиён бошанд, аз он ҷо баромада, дарҳол бо тарафдорони Ҳиродус+ дар бораи куштани ӯ маслиҳат карданд.  Лекин Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба лаби баҳр рафт ва мардуми зиёде аз Ҷалил ва Яҳудия аз қафои ӯ рафтанд.+  Ҳатто аз Ерусалим, Адӯмия, аз тарафи шарқии дарёи Урдун ва гирду атрофи шаҳрҳои Сӯру Сидӯн мардуми бисёре дар бораи корҳои зиёди ӯ шунида ба наздаш омаданд.  Он гоҳ ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки барояш қаиқи хурде тайёр кунанд, то мардум ӯро фишор надиҳад. 10  Азбаски ӯ одамони зиёдеро шифо дода буд, ҳамаи онҳое, ки касалиҳои вазнин доштанд, барои ба ӯ даст расонидан дар гирдаш ҷамъ мешуданд.+ 11  Ҳатто касоне, ки рӯҳҳои нопок+ доштанд, ӯро дида худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва дод зада мегуфтанд: «Ту Писари Худоӣ*».+ 12  Аммо ӯ якчанд бор қатъиян ба ин рӯҳҳо фармуд, ки дар борааш ба дигарон нақл накунанд.+ 13  Исо ба кӯҳ баромада, баъзе аз шогирдонашро+ назди худ даъват кард ва онҳо омаданд.+ 14  Ӯ гурӯҳеро аз 12 нафар ташкил* кард ва онҳоро расулон номид. Расулон ӯро ҳамроҳӣ мекарданд ва бо гузашти вақт ӯ онҳоро барои паҳн кардани хушхабар фиристоду 15  ба онҳо қудрати аз одамон берун кардани девҳоро дод.+ 16  Он 12 нафари+ интихобшуда* инҳоянд: Шимъӯн (Исо ҳамчунин ба вай Петрус ном дода буд),+ 17  Яъқуби писари Забдой ва бародараш Юҳанно (Исо онҳоро ҳамчунин Бӯнарҷис номида буд, ки маънояш «писарони раъд» аст),+ 18  Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой, Таддо*, Шимъӯни Қанно* 19  ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба ӯ хиёнат кард. Баъди ин ӯ ба хона даромад 20  ва, азбаски мардуми зиёде ҷамъ шуда буд, онҳо ҳатто хӯрок хӯрда натавонистанд. 21  Вақте ки ин воқеа ба гӯши хешовандони Исо расид, онҳо барои бурдани ӯ омаданд, зеро мегуфтанд: «Вай девона шудааст».+ 22  Шариатдонон низ, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Вай Баал-Забул* дорад ва девҳоро бо ёрии ҳокими девҳо берун мекунад».+ 23  Он гоҳ ӯ шариатдононро ба наздаш хонд ва мисол оварда гуфт: «Чӣ тавр Шайтон метавонад Шайтонро берун кунад? 24  Агар дар даруни мамлакат ҷудоӣ пайдо шавад, он устувор намемонад+ 25  ва, агар дар хонадон ҷудоӣ ба миён ояд, он устувор монда наметавонад. 26  Ба ҳамин монанд, агар Шайтон ба муқобили худаш барояду дар байни зердастонаш ҷудоӣ пайдо шавад, вай устувор монда наметавонад ва нобудияш наздик аст. 27  Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи марди пурзӯре даромада, чизу чораашро дуздад, бе он ки аввал дасту пойи ӯро бандад. Танҳо он вақт ӯ метавонад хонаи вайро ғорат кунад. 28  Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки одам чӣ гуноҳе накунад ва чӣ куфре нагӯяд, бахшида мешавад. 29  Вале касе, ки бар зидди рӯҳи муқаддас куфр гӯяд, ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад,+ балки ин гуноҳаш то абад мемонад».+ 30  Ин суханонро ӯ барои он гуфт, ки онҳо дар борааш чунин мегуфтанд: «Вай рӯҳи нопок дорад».+ 31  Инак, модару бародаронаш+ омаданд ва дар берун истода, кас фиристоданд, ки ӯро наздашон даъват кунад.+ 32  Дар ин вақт дар гирдаш одамони зиёде нишаста буданд ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Модару бародаронат дар берун истодаанд ва туро мепурсанд».+ 33  Лекин ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модару бародарони ман кистанд?» 34  Он гоҳ ба одамони гирду атрофаш нигоҳ карда гуфт: «Ана модару бародарони ман!+ 35  Ҳар кӣ хости Худоро иҷро кунад, бародар, хоҳар ва модари ман аст».+

Поварақҳо

Ё «шале».
Ё «марде, ки дасташ шал буд».
Писари Худо — ниг. ба луғат.
Ё «таъйин».
Ё «таъйиншуда».
Ҳамчунин Яҳудои писари Яъқуб номида мешуд.
Маънояш «боғайрат».
Баал-Забул — номи дигари Шайтон. Ниг. ба луғат.